Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Шералӣ Гул, вазири собиқро барои 7 рӯз паси панҷара андохтанд


Ҷанҷолу занозанӣ дар ин тарабхонаи маъруфи Душанбе сурат гирифтааст.
Ҷанҷолу занозанӣ дар ин тарабхонаи маъруфи Душанбе сурат гирифтааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон эълон карданд, ки писари Шералӣ Гул, яке аз вазирони собиқи ҳукумат ва чанд ҳамроҳи ӯро бо гуноҳи авбошӣ ба 7 рӯзи маҳбас маҳкум кардаанд.

Эълони мақомот дар бораи дастгир шудану ҷазо гирифтани Алишер Гулов, яке аз писарони вазири собиқи саноат ва энергетика, як рӯз баъд аз он нашр шуд, ки Радиои Озодӣ хабари ҷанҷолу занозании Алишер Гулов бо Шердил Сироҷов, писари соҳибкор ва молики бозори азими “Ҷал-Ҷам” дар Душанберо ифшо кард.

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 2-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, муноқиша дар тарабхонаи “Бухоро Палас” дар пойтахт рӯзи 30-уми ноябр сурат гирифтааст ва “як гурӯҳ ҷавонон дар тарабхона бо ҳамдигар муноқиша намуда, бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.”

Дар баёнияи раёсат омадааст, ки баъди кормандони милитсия Алишер Гулови 25-сола, Раҳмон Маҳмадбеков, Ҷасур Хоҷаев, Суҳроб Шариповро боздошт карданд. Ба қавли раёсат, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон дар ҳолати сархушӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо ҳамдигар муноқиша кардаанд.”

Дар идомаи баёния гуфта мешавад, ки "Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи И.Сомонӣ ирсол карда шуд. Аз ҷониби суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ татбиқ гардид."

Аз ин пештар ду манбаъ дар идораҳои интизомии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар натиҷаи муноқиша 4 нафар аз ҷумла ду ҳамроҳи Алишер Гулов ва худи Шердил Сироҷов бо дӯсташ захм бардоштанд ва барои муолиҷа ба бемористон интиқол ёфтанд.

Шердил Сироҷов, ки дар бемористони Қарияи Боло муолиҷа мегирифт, рӯзи 1-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кард, вале гуфт, ки ӯ инҷо гуноҳе надорад. Вай афзуд: "Рафта камераҳоро бинед, айби онҳо шудааст, агар камераҳоро бинед, худатон ҳамаашро мефаҳмед. Мо ду кас будем, онҳо 12-13 нафар.” Шердил Сироҷов дар бораи сабабҳои эҳтимолии занозанӣ гуфт, Алишер Гулов “нисбати ман хусумат дошт, барои ҳамин бисёрӣ шуда, моро заданд."

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари Алишер Гулов ва ё хешовандони онҳо натиҷа надод. Номи фарзандони Шералӣ Гул, вазири собиқи саноат ва энергетика ва яке аз қудоҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори аввал нест, ки ба сабаби рафтори фарзандонаш сари забони матбуот шудааст.

Диловар Гулов, писари дигари ӯ дар панҷ соли ахир дастикам се бор бо иттиҳоми “авбошӣ” боздошт шуда буд, вале бо ҷарима ё ҷазои сабук раҳо гаштааст. Ӯро як бор барои латукӯби корманди милиса ба 1 соли зиндон маҳкум карданд.

Мақомоти интизомии Душанберо ба он муттаҳам мекунанд, ки доир ба оддитарин қонуншикании пурсарусадо зуд хабар медиҳад, вале ҷанҷолу занозаниҳои писарони мансабдорон ва афроди бонуфузро аҳёнан шарҳ медиҳад ва ё пинҳон медорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG