Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании як мансабдори дигар дар маркази дилхушӣ дар Суғд

Фаррух Саидзода, сардори шуъбаи назорату танзими нақлиёт дар шаҳрҳои Конибодому Исфара
Фаррух Саидзода, сардори шуъбаи назорату танзими нақлиёт дар шаҳрҳои Конибодому Исфара

Масъулони як ниҳоди вобаста аз Вазорати нақлиёт дар вилояти Суғд занозаниро дар марказии дилхушии шаҳри Хуҷанд бо иштироки як кормандашон баррасӣ доранд.

Бино бар навори паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Фаррух Саидзода, сардори шуъбаи назорату танзими нақлиёт дар шаҳрҳои Конибодому Исфара, бо нафаре занозанӣ кардааст. Худи ӯ дар ин бора тафсилот надод ва намояндагони Раёсати корҳои дохилии Суғд то нашри матлаб омода нашуданд, ки масъаларо шарҳ диҳанд. Тарафи дигари моҷаро феълан ба мо маълум нест.

"Кор мекунад ё не, дертар ҷавоб медиҳем"

Дар саҳифаи корбаре бо номи рамзии "Сергей Миронов" дар Ютуб чанде пеш наворе нашр шуд, ки лаҳзаи муноқишаву занозании ду нафарро нишон медиҳад. Ба нақли ин пойгоҳ, ҳодиса шаби 16-уми январи имсол дар тарабхонаи GATSBY дар Хуҷанд рух додааст. Дар он дида мешавад, ки гурӯҳе мехоҳанд, ду нафарро аз ҳам ҷудо кунанд.

Лаҳзае аз занозанӣ
Лаҳзае аз занозанӣ

Дар шарҳи навор навишта шудааст, ки яке аз ҷонибҳои даргир Фаррух Саидзода, сардори шуъбаи назорату танзими нақлиёт дар шаҳрҳои Конибодому Исфара ё ба қавли маъмул “Бахши литсензия” аст. Чанде пеш масъулони Идораи нақлиёт дар вилояти Суғд нишасти хабарӣ доир карда, ин ҳодисаро тасдиқ намуданд.

Бахтовар Мирзоализода, муовини сардори Раёсати назорату танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Суғд, гуфт: "Масъаларо роҳбарият ҳамроҳи мақомоти дахлдор дида истодаанд. Ин ҳолат баъд аз соати корӣ шудааст. Дар вақти кор ӯ дар ҷояш буд, барои ҳамин, мо ҳодисаро дер фаҳмидем. Кор мекунад ё не, мо дертар ҷавоб медиҳем."

Мирзоализода афзуд, роҳбараш ба сабаби беморӣ натавонист дар нишасти матбуотӣ ширкат кунад ва аз ин рӯ аз додани иттилои бештар дар ин бора худдорӣ варзид.

Бахтовар Мирзоализода
Бахтовар Мирзоализода

Дар наворе, ки дар Ютуб паҳн шуд, дида мешавад, баҳси лафзӣ дар дохили тарабхона сар шуда, чанд нафар аз занозанӣ пешгирӣ мекунанд. Занозании шадид дертар дар берун аз тарабхона рух додааст. Шиддати он имкон намедиҳад, ки одамони атроф занозаниро боздоранд.

Фаррух Саидзода ваъдаи суҳбат дод, аммо ба мулоқот наомад.

Муроҷиати мо инчунин барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи ҳодиса аз маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилии Суғд натиҷа надод. Бо омода шудани назари ҷонибҳои дигар он нашру паҳн хоҳад шуд.

Ҷанҷоли мансабдорону наздикони онҳо дар марказҳои дилхушӣ ҳодисаи нав нест. Чанде пеш ҳодисае, ки дар тарабхонаи "Парламент" рух дод, сарусадои зиёд ба миён овард. Баъди расонаӣ шудани ҳодиса аз сӯи сомонаи Радиои Озодӣ, додситони шаҳри Бӯстон аз соҳа ронда шуд ва чанд нафари дигар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Мақомоти умури дохилӣ на ҳамеша дар бораи чунин ҳодисаҳо маълумот медиҳанд, ҳарчанд дар бораи ҳодисаҳои дигар зуд ва ботафсил гузориш нашр мекунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Таҳқиқи занозанӣ ва рафтори як мансабдор дар Суғд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00
XS
SM
MD
LG