Вокунишҳои байнулмилалӣ ба оташбас миёни Амрико ва Эрон

Эрониён дар Майдони Инқилоб дар Теҳрон пас аз эълони оташбас. 8-уми апрели 2026

Эълони оташбаси дуҳафтаӣ дар ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, ки 8-уми апрел эълон шуд, истиқболи раҳбарони аврупоиро дар пай дошт.

"Ҳадаф гуфтушунид барои поёни доимии ҷанг аст"

Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё, гуфт, ба Халиҷи Форс меравад, то бо раҳбарони минтақа дидор ва талош кунад, ки пас аз оташбас миёни Эрон ва Амрико, бозкушоии доимии тангаи Ҳурмуз замонат дода шавад.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, дар оғози нишасти ҳукумати ин кишвар ба иҷрои бандҳои созиш ибрози умедворӣ кард ва дар айни ҳол гуфт, он бояд Лубнонро ҳам дар бигирад. Нахуствазири Покистон, ки нақши миёнаравро байни Эрон ва Амрико иҷро кард, эълон намуда буд, ки оташбас дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон ҳам амалӣ хоҳад шуд. Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, эълон кард, ки ин оташбас шомили Лубнон намешавад ва чанд соат баъд ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ҷануби Лубнон идома ёфт.

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, зимни сипосгузорӣ аз Покистон дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, "ҳадаф акнун гуфтушунид барои поёни пойдори ҷанг аст. Мо дар ин замина бо шарикони худ дар ҳамоҳангии наздик ҳастем".

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ин оташбасро "қадаме ба қафо аз лаби партгоҳ" хонд. Вай дар шабакаи “Х” навишт, "ин созиш фурсате бисёр зарурӣ барои коҳиши таҳдидҳо, поёни мушакпарониҳо, ҳаракати дигарбораи киштиҳо ва эҷоди фазое барои дипломатия, ба сӯи як созиши пойдор аст. Гулӯгоҳи Ҳурмуз бояд дубора барои убуру мурур боз шавад".

Урсула фон дер Лайен, раиси Кумисюни Аврупо, дар шабакаи иҷтимоии “Х” зимни истиқбол аз созиши оташбас навишт, "акнун бисёр муҳим аст, ки музокира барои ёфтани роҳҳали пойдор барои ин даргирӣ идома ёбад. Мо ба ҳамоҳангӣ бо шарикони худ барои ин ҳадаф идома хоҳем дод".

Педро Санчес, сарвазири Испания, ки аз мухолифони ҷиддии ҷанг буд, гуфт, "ончи акнун ба он ниёз дорем, дипломатия, машруияти байналмилалӣ ва сулҳ аст". Вазири корҳои хориҷии Испания ҳам гуфт, идомаи ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби Лубнон "ғайри қобили қабул" аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эрон ва Амрико ба оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат карданд

Аз Украина то Тоҷикистон

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, тимҳое, ки аз Киев барои омӯзиш ва кумак барои муқобила бо ҳамлаҳои паҳподӣ ба кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс рафтаанд, ба фаъолияташон идома хоҳанд дод.

Чин аз муттаҳидони стратегии Эрон, ки ба гуфтаи Доналд Трамп дар даст ёфтан ба созиши оташбас нақш дошт, аз ин тавофуқ истиқбол кард. Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, мо ба анҷоми нақши созандаи худ дар бозгардонидани сулҳ ва субот дар Халиҷи Форс ва Ховари Миёна идома хоҳем дод.

Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия, рӯзи 8-уми апрел гуфт, оташбас байни Эрон ва Амрико нишон дод, ки “ақли солим пирӯз шудааст”, аммо ба гуфтаи ӯ, "дигар нафти арзоне вуҷуд нахоҳад дошт". Русия ва Чин, ки аз ҳампаймонҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба шумор мераванд, чанд соат пеш аз эълони созиши оташбас, қатъномаи пешниҳодии Баҳрайнро дар Шӯрои Амнияти СММ дар бораи зарурати боз кардани тангаи Ҳурмуз вето карда буданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳам аз созиши оташбаси дуҳафтаина байни Амрико ва Эрон истиқбол карда, гуфтааст, ки умедвор аст, музокироти эҳтимолӣ байни ду тараф ба сулҳи пойдор бирасонад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ҳукумати кишвар боварӣ дорад, ки "ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар мегардонад ва ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад расонд".

Оташбаси дуҳафтаӣ

Амрико ва Эрон пас аз чиҳил рӯзи даргирӣ эълон карданд, ки бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ва бозкушоии гулӯгоҳи Ҳурмуз ба созиш расиданд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, ду соат пеш аз анҷоми зарбулаҷал Эрон мувофиқат кард, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро боз кунад.

Як рӯз пеш аз он раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида таҳдид карда буд, ки агар Ҷумҳурии исломӣ монеагузориро ба равуои киштиҳо дар ин гузаргоҳ хотима набахшад, ба истилоҳ "тамоми як тамаддун" маҳв хоҳад шуд. Ин созиш намунаи дигари таҳдид ва сипас тағйири тасмимгириҳои Трамп дар чанд ҳафтаи гузашта аст.

Телевизиони Эрон иддао кардааст, ки президенти Амрико ба қабули шартҳои Эрон барои хатми низоъ ризоят дод. Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навиштааст, ки Эрон ба талаби ӯ дар бораи "комилан, фавран ва бо амният боз намудани гулӯгоҳи Ҳурмуз" мувофиқат кард.

Ба қавли раҳбари Амрико, Эрон як барномаи иборат аз даҳ шартро матраҳ кардааст, ки "ҳамчун замина барои музокирот истифода хоҳад шуд".

Дар пайи эълони оташбас ва ифтитоҳи Ҳурмуз нархи нафти хом даҳ дарсад поин шуд. Тахминан панҷяки маводи сӯхти олам тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир мешавад. Баъд аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил, Эрон равуои киштиҳоро дар ин гузаргоҳи муҳим баста, сабабгори афзоиши нархи сӯзишворӣ ва хавфи сар задани буҳрони ҷаҳонии итқтисодӣ шуда буд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ иброз дошт, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз дар ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ боз мешавад. Қарор аст, гуфтушуниди Амрикову Эрон рӯзи ҷумъа бо миёнаравии Покистон дар Исломобод оғоз ёбад.