Раҳбарони Амрико ва Эрон ёддошти тафоҳуми сулҳро ба таври маҷозӣ ё онлайнӣ имзо карда, барои поён додан ба ҷанг ва пойдории сулҳи дарозмуддат дар Ховари Миёна замина гузоштанд.
Доналд Трамп, расиҷумҳури Амрико, ин санадро 17-уми июн дар Қасри Версали Фаронса ва пас аз нишасти раҳбарони гурӯҳи ҳафт кишвари саноатии олам имзо кард.
Доналд Трамп, президенти Амрико ва Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ба шакли маҷозӣ ё онлайнӣ ёддошти тафоҳуми сулҳро имзо карданд. Ӯ гуфт: "Он чизе, ки ман намехостам бубинам, ин фоҷеаи иқтисодӣ аст. Агар вазъ ба ҳамин тарз давом мекард, фоҷеа рух медод. Медонам, ки ҳар вақте мо дар бораи сулҳ ҳарф мезадем, бозори авроқи гаронбаҳо мисли мушак а кайҳон мерасид."
Масъуд Пизишкиён
Хабаргузориҳои расмии Эрон маросими имзогузории президенти ин кишвар Масъуд Пизишкиён бар эъломияи тафоҳум бо Амрикоро нашр карданд. Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ гуфт, имзои маҷозӣ ҳамчун интихоби беҳтар пазируфта шуд.
Ба қавли Бақоӣ, дар марҳилаи кунунӣ ҷонибҳо ба поёни ҷанг авлавият дода, дар иқдомҳои баъдӣ барномаи ҳастаии Эрон, рафъи таҳрими ин кишвар ва дигар масъалаҳоро баррасӣ мекунанд.
Як мансабдори баландпояи амрикоӣ мегӯяд, эъломия ё ёддошти тафоҳум хатми ҷангро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон, дар бар гирифта, равуои киштиҳо дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ва хатми муҳосираи ин минтақа аз тарафи нерӯҳои мусаллаҳи Амрикоро мадди назар дорад.
Ин мансабдор ба хабаргузории "Рейтерс" иброз доштааст, ки пас аз имзои эъломия ду ҷониб мувофиқат кардаанд, ки дар давоми 60 рӯзи оянда созиши ниҳоии сулҳ, аз ҷумла ҳудуди барномаи ҳастаии Эрон ва рафъи таҳрими Ҷумҳурии Исломиро арзёбӣ мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон тасдиқ кардааст, ки ҳайатҳои намояндагии ду кишвар ба асоси барномаи қаблӣ барои оғози марҳилаи дувуми музокирот дар Женева ҳозир хоҳанд шуд.