"Аз саҳар то бегоҳ меҷунбем, хароҷот бисёр." Тоҷикон аз кадом ҳисоб рӯз мегузаронанд?

Ин сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даромади аъзои оилааш нисбат ба харҷашон бештар аст

Як ниҳоди расмӣ кори сокинон, нафақа ва кумакпулиҳоро сарчашмаи даромади мардум дар Тоҷикистон номида, вале дар бораи пули фиристодаи муҳоҷирон аз Русия ва кишварҳои дигар ҳарфе нагуфтааст. Дар асл, тоҷикистониҳо чӣ қадар даромад доранд ва чӣ гуна рӯз мегузаронанд?

"Қисми зиёди пулро ба хӯрок сарф мекунем"

"Нархро поин меоварданд, нағз мешуд. Бознишаста ҳастам, пули нафақа намерасад." Як сокини шаҳри Душанбе бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, даромади аъзои оилааш нисбат ба харҷашон бештар аст ва барои пасандоз ягон сомонӣ намемонад.

“Қисми зиёди пулро ба харидани хӯрок сарф мекунем. Чизу чораи фарзандон. Худатон медонед, борону барф меборад. Фарзандон ба мактаб мераванд, талаботи мактабҳо ҳам бисёр,” – афзуд ӯ.

Оҷонси омори Тоҷикистон бо анҷоми як пурсиш миёни аҳолӣ буҷаи хонаводаҳоро дар кишвар маълум кардааст.

Бар асоси ин пурсиш, ки соли 2024 миёни се ҳазор нафар гузаронда шуда, натиҷааш моҳи феврали имсол нашр гардид, даромади як узви оила ба ҳисоби миёна каме бештар аз 1100 сомонӣ будааст. Ба ҳисоби ҳозира 114 доллар. Бештар аз нисфи он ба харидани маҳсулоти озуқа ва боқимонда ба пардохти хадамоти коммуналӣ сарф мешудааст.

Ин ниҳод дар гузориши худ гуфтааст, даромади хонаводаҳо ҳар сол бештар мешавад ва барои муқоиса соли 2017-ро мисол овардааст. Он замон даромади як узви оила тақрибан 330 сомонӣ буд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Даромад бештар шуд, вале хароҷотро намебарорад"

"Ҳама чиз гарон аст, арзон нест"

Дар як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ чанде аз сокинон дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, бештар шудани даромадро эҳсос намекунанд, чун нархи маҳсулоту хидматрасонӣ ҳам сол ба сол меафзояд.

  • "Ҳеч рост намегирад. Ҳама чиз гарон аст, ягон чизи арзон нест. Мо ҳатто барои кӯдак ягон чиз гирифта наметавонем. Дар як моҳ чӣ қадар даромад ба даст меоред? Ин хел гуфта наметавонам, лекин ҳаррӯзаашро харҷ мекунем, ҷамъ карда наметавонем."
  • "47 сол кор кардам, 410 сомонӣ мегирам. Ягона даромад ҳамин нафақа аст, тамом."
  • "Хароҷот рӯз ба рӯз зиёдтар мешавад, талаботи одам бештар. Каму беш пасандоз ҳам мешавад барои рӯзҳои мабодо."
  • "Панҷ ҳазор сомонӣ даромад бошад, барои панҷ кас камаш ҳафт ҳазор сомонӣ харҷ мешавад. Рост намегирад. Нархҳо баланд, харҷ зиёд."
  • "Аз саҳар то бегоҳ меҷунбем, рӯзаш мешавад кор намеёбем. Хароҷоти мо бисёр аст. Ду фарзанди маъюб дорам."

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз беҳбуди зиндагии сокинон суҳбат карда, мегӯянд, тайи даҳ соли охир даромади аҳолӣ бештар шуда, дар соли 2025 дар маҷмуъ ба 165 миллиард сомонӣ баробар гаштааст. Ҳамзамон, дар ин давра, ба иттилои расмӣ, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 32 то ба 19 дарсад поин омад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Қишри рӯ ба раҳми Худо дар Тоҷикистон пур шудааст"

"Даромад афзудааст, вале…"

Оҷонси омори Тоҷикистон кори сокинон дар бахшҳои гуногун, нафақа ва кумакпулиҳоро сарчашмаи даромади мардум зикр карда, вале дар бораи пули фиристодаи муҳоҷирон аз Русия ва кишварҳои дигар ҳарфе нагуфтааст.

Фозилҷон Фатҳуллоев

Фозилҷон Фатҳуллоев, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, “асосан даромади мардум аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Дар ҳақиқат, даромади мардум зиёд шудааст, лекин нархҳо ҳам боло рафтаанд."

Ба иттилои расмӣ, музди миёнаи кормандон дар Тоҷикистон 2 ҳазору 727 сомонӣ, камтар аз 300 доллари амрикоӣ аст, вале на ҳама ҷои кору чунин маош доранд. Мушкили таъмини сокинон бо маошу даромади беҳтар тайи се даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ҳалношуда мондааст.