Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қишри рӯ ба раҳми Худо дар Тоҷикистон пур шудааст"

Ин афрод дар Душанбе дар ҷустуҷӯйи кор ҳастанд
Ин афрод дар Душанбе дар ҷустуҷӯйи кор ҳастанд

Дар Тоҷикистон қишри камбизоат зиёд аст, миёнаҳол ва ё сарватманд? Дар ҳоле ки мақомот аз коҳиши фақр ва Бонки Ҷаҳонӣ аз афзоиши синфи миёна гузориш медиҳанд, баъзе аз сокинон мегӯянд, ҳанӯз бо сахтӣ рӯз мегузаронанд. Бе ҷойи кори собит, бе хона ва муҳтоҷи нафақа ё пули муҳоҷирон.

"Зӯрамон намерасад"

Алишер Маҳмадалиев, сокини шаҳри Душанбе, худро камбизоат медонад, чун ягона сарчашмаи даромаду рӯзгузаронияш пули нафақа аст ва он ҳам барои рӯзгузаронӣ намерасад.

"Ҳамроҳи ҳамсарам 27 сол боз дар як хобгоҳ иҷоранишин ҳастем. 600 сомонӣ нафақа мегирем. Ҳамонро кам-кам истифода мекунем. Масалан, ба 50 сомонӣ гӯшт мегирем. Нон мехарем. Мева намегирем, зӯрамон намерасад," – нақл кард ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Алишер Маҳмадалиев
Алишер Маҳмадалиев

Онҳо фарзандонашонро барвақт аз даст додаанд. Мегӯянд, худашон ҳам беморанд. "Оилаам маъюби гурӯҳи якум, ман маъюби гурӯҳи сеюм. Худам табобат нагирифтам, шароит нест. Ҳамсарамро табобат мекунам. Саломатии ӯ хуб бошад, аз ман ҳам хуб мешавад," – гуфт Алишер Маҳмадалиев.

Мисли ин хонавода дар Тоҷикистон садҳо ҳазор оила аз камбуди пулу хӯроку нарасидани хонаву дар азият мекашанд. Дар ҳамин ҳол, Бонки Ҷаҳонӣ дар поёни соли 2025 гуфт, аз соли 2021 то 2024 шумори мардуми нодор дар Тоҷикистон кам шуда, қишри миёнаи аҳолӣ бештар гардид. Ба иттилои бонк, дар соли 2024-ум 33 дарсади аҳолӣ миёнҳол буд.

Сокинон дар пурсиши Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, қишри миёнаи аҳолӣ онҳое мебошанд, ки соҳиби хона, мошин ва ҷиҳоз ҳастанд. Маълумоти олӣ, кори босубот, ҳисоби бонкӣ ва пул доранд.

Пешрафти нисбӣ аз ҳисоби муҳоҷирон

Рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ Абдулло Ашӯров мегӯяд, ин пешрафти нисбӣ аст ва бештар аз муҳоҷират ва пули муҳоҷирон вобаста аст.

Ӯ гуфт: "Аз як оила ҳатто ду нафар дар хориҷи кишвар, дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Онҳо пул мефиристанд ва ин некӯаҳволии хонаводаро таъмин мекунад. Дар дарозмуддат ин даромади собит ҳисоб намешавад. Онҳо метавонанд кори худро аз даст диҳанд, даромади худро аз даст диҳанд ва некӯаҳволии оила метавонад бадтар шавад ва боз ба ҳолати аввал баргардад."

Ашӯров мегӯяд, дар Тоҷикистон фарқи даромади сарватмандон нисбат ба қишри миёна ва камбизоат рӯз ба рӯз меафзояд ва чунин раванд хуб нест: "Киҳо дар Тоҷикистон сарватманданд? Онҳое, ки албатта ба доираҳои сиёсии тасмимгиранда дар ҳукумат наздиканд, робитаи хешовандӣ доранд. Ҳоло онҳо метавонанд, хеле сарватманд шаванд. Манбаи даромадҳои ҳангуфтро соҳибӣ кунанд ё бизнесҳоеро пеш баранд, ки масалан барои одамони одӣ дастрас нест."

Қишри миёнаи собиқ

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз фароҳам овардани имконоти беҳтар барои беҳбуди зиндагии мардум суҳбат карда, мегӯянд, тайи даҳ соли охир даромади аҳолӣ бештар шуда, дар соли 2025 ба 165 миллиард сомонӣ баробар гаштааст. Ҳамзамон, дар ин давра, ба иттилои расмӣ, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 32 то ба 19 дарсад коҳиш ёфтааст.

Меҳмоншоҳ Шарифзода
Меҳмоншоҳ Шарифзода

Ҷомеашинос Меҳмоншоҳ Шарифзода баръакси чунин омор мегӯяд, сатҳи камбизоатон ҳанӯз дар Тоҷикистон бештар аст: "Қишри сеюм ва аз ҳама зиёдтари ҷомеа ин қишри воқеан камбағал аст, ки аз ҳисоби қишри миёнаи собиқ ва коргару деҳқони собиқ пур шудааст. Қишре, ки воқеан рӯ ба раҳми Худост ва бояд гуфт, ки аз ҳисоби муҳоҷирати иҷборӣ рӯз мегузаронанд."

Шарифзода фасоду омили хешутабориро аз роҳҳои соҳиби сармоя шудан барои гурӯҳе аз сарватмандон донист ва таъкид кард, ки сарчашмаи даромади онҳо барои ҷомеа ошкор нест.

Дақиқ нест, солҳои наздик мақомоти Тоҷикистон дар бораи табақабандии иҷтимоӣ пажуҳише анҷом додаанд ё на. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шарҳи мавзуъро ба таъхир гузоштанд.

Дар Тоҷикистон, ки бештар аз 10 миллион аҳолӣ дорад, дарёфти кору маоши муносиб осон нест ва мақомот тайи бештар аз се даҳсола натавонистаанд ин мушкилро ҳал кунанд, ба ҷуз аз фиристодани садҳо ҳазор муҳоҷир барои кор дар Русия ва кишварҳои дигар.

XS
SM
MD
LG