"Маҳсулот сари вақт намерасад." Таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон

Яке аз фурӯшгоҳҳои Душанбе

Баъзе аз тоҷирон дар Тоҷикистон мегӯянд, пас аз ҳамлаҳои Исроилу Амрико ба Ҷумҳурии Исломӣ наметавонанд, ки маҳсулоти сохти Эронро мисли як моҳи пеш саривақт дастрас кунанд. Биноан, ба гуфтаи онҳо, номгӯйи маҳсулот камтар ва арзишашон андаке бештар шудааст.

Аз Эрон ба Тоҷикистон бештар хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот, пиставу чормағз, шакар ва масолеҳи сохтмониву маводи шустушӯ меоранд. Аз Тоҷикистон ба Эрон нахи пахта ва алюминийи коркарднашуда мебаранд.

“50 сомонӣ буд, 65 сомонӣ шуд”

Аъзам Юнусов, молики як фурӯшгоҳ дар Душанбе, гуфт, ҳоло маҳсулоти эрониро аз захира ба фурӯш мебарорад ва бинобар ин дар дӯкони ӯ “нарх тағйир наёфтааст, мисли пештара аст.”

Чанд соҳибкори дигар дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо таъхир расидани молу маҳсулот аз Эрон ба Тоҷикистон боис ба гаронии нархи маҳсулот шуд. Харидорон низ афзоиши нархи маҳсулоти сохти Эронро эҳсос кардаанд.

Зулфия Султонова, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, “пештар мавод барои шустани либосро ба 50 сомонӣ мегирифтам. Ҳозир 65 сомонӣ шудааст. Қариб як ҳафта шуд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон ҳам таъсир кардааст

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе ба истгоҳи мошинҳое рафтанд, ки аз Эрон молу маҳсулот меоранд. Дар тақрибан се соате, ки онҳо дар истгоҳ буданд, ҳеч мошин наомад. Чанде аз ронандагони эронӣ гуфтанд, содироти молу маҳсулот пурра қатъ нашудааст, вале мошинҳо нисбат ба рӯзҳои пеш дер-дер меоянд.

Ин ронандагон гуфтанд, ки аз Эрон ба Тоҷикистон ва баръакс бор мекашонанд

Муносибати Тоҷикистону Эрон, ки ба далели ҳимояти Ҷумҳурии Исломӣ аз гурӯҳе аз мухолифони тоҷик чандин сол ҳамвор набуд, соли 2019, пас аз имзо шудани санаде тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард. Дар ин муддат ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар бештар шуда, ба сафари сокинони ду тараф сабукӣ дода шудааст.

Гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон соли 2025 бештар аз 480 миллион долларро ташкил додааст, ки аз ин зиёда аз 370 миллион доллараш ба Эрон рост меояд. Дар баробари молу маҳсулоти гуногуни Эрон дар бозорҳо, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва нақби "Истиқлол" аз тарҳҳои бузурги ин кишвар дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳамзабонӣ, ҳамтаборӣ ё ҳамдинӣ. Тоҷикистон пушти Эрон барои кадоме гирифт?

"Агар вазъ тағйир наёбад…"

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, бар ин аст, ки нооромиҳо дар Эрон ба рушди иқтисоди Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад монд ва дар сурати идомаи ҷанг гардиши мол ба маротиб кам хоҳад шуд.

Вай афзуд: "Мо ба воситаи Эрон бо давлатҳои араб, бо Қатар, бо Арабистони Саудӣ, бо Кувайту Баҳрайн пайвандҳои иқтисодӣ доштем. Ин як села буд, селаи калони молҳо, ки онро бо Қазоқистону Русия муқоиса кардан мумкин буд. Агар вазъият дар вақтҳои наздик тағйир наёбад, агар ҷанг давом кардан гирад, боиси боло рафтани нархҳо дар Тоҷикистон мегардад."

Ҳамлаҳои Исроилу Амрико ба Эрон аз 28-уми феврали имсол идома дорад. То ҳол мақомоти тоҷик дар бораи пайомад ё таъсири нооромиҳо дар Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон расман чизе нагуфтаанд.

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ин бора ба пурсишҳои Радиои Озодӣ посух надода, номаи расмӣ талаб карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, 30-юми март дар як суҳбаташ дар ноҳияи Мастчоҳ бо ёдоварӣ аз "ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир дар дунё ҷараён доранд" аз эҳтимоли ба таври бесобиқа боло рафтани нархи маводи ғизоӣ дар соли ҷорӣ ҳушдор дод.