"Даҳ ошёнаро дар се ё чаҳор соат мебароям" ВИДЕО

Меҳриниссо Рустамова

Меҳриниссо Рустамоваи 60-сола, сокини Душанбе, ки аз бемории дил ва фишори баланд азият мекашад, мегӯяд, ба ҳар табибе, ки барои табобат муроҷиат мекунад, аз идомаи табобати ӯ даст мекашанд.

Ин зан, ки бо асобағал ҳаракат мекунад, дар ошёнаи 10-уми бинои сохтмонаш нотамоми ширкати “Мовароуннаҳр” дар кӯчаи “Маяковский” зиндагӣ дорад.

Ин бино лифт ва дигар шароити лозим барои зиндагиро надорад. Меҳриниссо Рустамова ба Радиои Озодӣ гуфт, ба далели он ки зӯри табибон борои баромадан ба ошёнаи 10-ум намерасад, баъди як ё ду маротибаи муолиҷа, дигар ба сурғаш намеоянд.

Рустамова рӯзи 23-уми май дар бораи зиндагиаш дар бино чунин нақл кард: “Як набера дорам, курсиямро мегирад, ман баъди ҳар як ошёнаро баромадан, ё фаромадан дар курсиям нишаста, дам мегирам, чун беморам намешавад, 10 ошёнаро дар се, чаҳор соат мебароям. Солҳои дароз пул ҷамъ карда, хона харидем, ғайр аз ин ҷой дигар ҷойи зистан надорем.”

Сокинони ин бинои баландошёна мегӯянд, тай чаҳор соли ахире, ки дар ин макон зиндагӣ доранд, дар баробари набуди лифт, барои камбуди обу барқ ва дигар намуди хидматрасониҳо борҳо ба раҳбарияти ширкати “Мовароуннаҳр” муроҷиат кардаанд, вале танҳо ваъда медиҳанду халос.

Як сокини дигар ин бино, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ба умеди дар хонаи худ зистан ба ин макон омаданд, аммо ҳоло дар дурроҳа мондаанд: “Ҳол на пуламонро гирифта метавонем ва на ин хонаамонро бо чунин шароит фурӯхта метавонем. Бубинед лифт нест, дар ҷойи дари лифтҳо чӯбу тахта насб кардем, ки кӯдакон наафтанд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Даҳ ошёнаро дар се ё чаҳор соат мебароям"

Бархе аз сокинон гуфтанд, азбаски бино аз комиссияи давлатӣ нагузаштааст, рақам надорад ва ҳуҷҷатҳои манзилҳои худро пурра дастрас накардаанд.

Шикояти сокинон дар ҳолест, ки Турабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр” рӯзи 23 май дар як сӯҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе сокинони биноҳои нотамоми ширкат пули манзилҳояшонро пурра напардохтаанд, бинобар ин наметавонанд, камбудиву норасоиҳоеро, ки шикояти сокинонро ба миён овардааст, ҳал кунанд.

Як ҷойро дуруст мекунем, мебинем, вайрон кардаанд

Абдуғаффори Хушдил, як масъули ширкати “Мовароуннаҳр” гуфт, дар гузашта ба муштариён иҷозаи зиндагӣ дар биноҳои нотамомро доданд, аммо феълан ин ба як дарди сар мубаддал шудааст: “Ширкат як муддат маҳкам буд, кор намекард, бисёри муштариён иҷоранишин буданд ва барои ҳамин иҷозаи зистан додем, лекин ҳоло мушкилиҳои зиёд пеш омадааст. Дар дохили бино зиндагӣ мекунанд ва мо наметавонем корҳои ороишию насби баъзе таҷҳизотҳоро ба дурустӣ анҷом диҳем. Як ҷойро соз мекунем, пагоҳ мебинем , вайрон кардаанд, қариб 60 фоизи муштариён қарздоранд, худамон қарз карда, корро пеш бурда истодаем”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шаҳноза чанд соли дигар кор кунад, то соҳиби хона шавад? ВИДЕО

Оқои Хушдил афзуд, ширкати “Мовароуннаҳр” ҳоло нияти сохтмони биноҳои навро надорад ва танҳо мехоҳанд биноҳои нотамамро сохта, ба пуррагӣ ба муштариён супоранд: “Дар маҷмӯъ ҳудуди 800 муштарӣ аст, ширкат ҳоло дар назди муштариёнаш қарздор нест”.

Чунин моҷароҳо зиёданд

“Мовароуннаҳр” ягона ширкате нест, ки сокинон аз набуди шароит дар манзилҳои нотамомаш шикоят мебаранд, нигарониҳои сокинон аз вуҷуди чунин камбуду норасоиҳо дар дигар гӯшаҳои Душанбе низ борҳо садо додаанд.

Шикояти мизоҷони ин ширкат дар ҳоле садо медиҳад, ки аз раҳоии Ҷурабек Охунов, собиқ раиси “Мовароуннаҳр”, як сол пур мешавад. Ӯ пас аз ҳашт соли зиндон, моҳи май соли 2018 озод шуд.

Ширкати “Мовароуннаҳр” аз соли 2005 дар шаҳри Душанбе ба сохтмони хонаҳо машғул буд. Додгоҳ Ҷӯрабек Охуновро ба он гунаҳкор кард, ки аз сокинон пули манзили зистро гирифта, вале бо вуҷуди анҷоми муҳлат муштариёнро ба манзил таъмин накардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷӯрабек Охунов аз зиндон озод шуд

Парвандаи ширкати "Мовароуннаҳр" яке аз пурсарусадотарин моҷароҳои додгоҳӣ бо ширкати азими сохтмонӣ дар Тоҷикистон буд. Додгоҳи олии Тоҷикистон 13-уми сентябри соли 2011 амволи ширкати “Мовароуннаҳр”-ро, ки дар ҳоли ҳабс қарор дошт, озод карда иҷозат дода буд, сохтмони биноҳои нотамом ба анҷом расонда шавад.

Мушкили муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» дар соли 2010 ва замоне шурӯъ шуд, ки ширкати мазкур ба мушкилоти молӣ печида, Ҷӯрабек Охунов, раҳбари қаблии он боздошт шуд.