Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Биноҳои боҳашамат: Зебоӣ, намоишкорӣ ё тиҷорат?


Бунёди биноҳои боҳашамат, аз ҷумлаи китобхонаву меҳмонхона дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мусобиқае табдил шудааст.

Китобхонаи миллии Туркманистон бештар шабеҳи меҳмонсарои бузургу муҷаллали муосир аст. Дар дохили бинои зебову боҳашамат ба ҷуз толорҳои барҳаво интернет-кафе, хадамоти нусхабардорӣ, номгӯи электронии китобҳо ҷойгир шудаанд.

Берун олӣ, дарун ...холӣ!

Барои бунёди Китобхонаи миллӣ дар шаҳри Ашқобод 75 миллион доллар сарф шуда ва дар бойгонии он 5 миллион нусха китоб маҳфуз аст. Аммо, ба гуфтаи масъулини китобхона, бештари ин китобҳо солҳои шӯравӣ ва асосан бо забони русӣ нашр шудаанд.

Теъдоди китобҳо бо дигар забонҳо, аз ҷумла, бо забонҳои инглисиву арабӣ ва фаронсаву олмонӣ камтар аз 100 ҳазор нусха аст. Ва онҳо асосан китобҳоеанд, ки аз сӯи дипломатҳои хориҷӣ тақдим шудаанд ваё ноширон баъд аз намоишгоҳҳои китоб, бо исрори мақомоти Ашқобод, онҳоро дар ихтиёри китобхонаи миллии Туркманистон гузоштаанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ашқобод, баъд аз истиқлол нашри китоб дар Туркманистон сол то сол коҳиш меёбад – солҳои 90-уми қарни гузашта соле дар нашриётҳои Туркманистон 750 номгӯи китоб чоп мешуд, соли 2009 бошад ҳамагӣ 221 номгӯй китоб интишор ёфт, ки бахши аъзами он китобҳои дарсӣ буданд. Дар феҳристи китобҳои Китобхонаи миллӣ асарҳои адибони бурунмарзии туркманро ҳам наметавон пайдо кард – ба Туркманистон ворид кардани онҳо қатъӣ манъ аст.

Аммо ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ, мушкили китобхонаи боҳашамату муосири Ашқобод дигар аст – ба биное, ки барои 1500 нафар пешбинӣ шудааст, рӯзе ҳамагӣ 15-20 нафар меоянд ва онҳо ҳам бештар барои истифода аз интернет-кафе. Китобхонаи миллӣ дар як гӯшаи Ашқобод ва дур аз донишгоҳҳову марказҳои илмӣ бунёд шудааст ва аз ин рӯ донишҷёну пажуҳишгарон истифода аз китобхонаи назарногиру ниматорик ва аммо воқеъ дар маркази шаҳрро авлотар мехонанд.

Гуфта мешавад, ки Китобхонаи миллӣ ягона бинои бузургу муҷаллал ва аммо нозарури Ашқобод нест. Бузургтарин дар Осиёи Марказӣ кинотеатр барои тамошои филмҳои 3D, ки ҳукумат барои бунёдаш даҳҳо миллион доллар сарф кард, беодам аст, зеро моҳҳо боз ба кишвар ягон филми нав ворид нашудааст.

Чойхонаи Қистақӯзро барои кӣ сохтанд?

Шаҳрсозӣ дар кишварҳои тоза истиқлолдарёфтаи Осиёи Марказӣ солҳои 90-ум рушд кард. Аз ҳамон солҳо миёни пойтахтҳову шаҳрҳои бузурги минтақа сабқати эълоннашудаи “кӣ бино ё иншооти бузургтар месозад” ҳам роҳ уфтод, ки то ҳанӯз идома дорад ва дар он Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон, се кишвари аз захоири энерҷӣ бой, пешсафанд.

Гуфта мешавад, тайи ин солҳо симои бархе аз шаҳрҳо, аз ҷумла, Алмаатову Ашқобод он қадар тағйир кард, ки одамони понздаҳ-бист сол пеш ин шаҳрро таркнамуда акнун миёни биноҳои бузурги онҳо раҳгум мезананд.

Ба гуфтаи Неъмати Мирсаид, таҳлилгар ва хабарнигори тоҷик, солҳои ахир аксар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ обод шуданд ва аммо биноҳои зиёде низ қомат афрохтаанд, ки зарурате барои бунёдашон набуд. Аз нигоҳи ӯ, бунёди ин бинову иншооти боҳашамат “як намоишкорӣ аст ва раҳбарони кишварҳо мехоҳанд, ки ба ин васила эътибори ҷумҳуриҳояшонро боло баранд ё афкори умумро дар бораи кишварашон дигар кунанд”.

Ӯ меафзояд, биноҳои нозарур дар вилояти Суғд ҳам бунёд шудаанд ва дар ҳоле, ки “Қасри варзишии бузурги дар Хуҷанд бунёдшуда барои мардум хизмат мекунад, ба чойхонаи боҳашамате, ки дар деҳаи Қистақуз бунёд шудаст, ҳеҷ кас намеравад ва он ҷо касе як пиёла чой ҳам наменӯшад”.

Меҳмонсароҳои шаҳри ...бемеҳмон

Иқтисоддони тоҷик Масъуд Собиров низ бунёди биноҳои боҳашамат вале нозарурро бо худхоҳии раҳбарон марбут мекунад. Ба гуфтаи ӯ, барои бунёди Муҷассамаи Рамзи Тоҷикистон, баландтарин дар ҷаҳон парчам ва Китобхонаи миллии бузург дар шаҳри Душанбе даҳҳо миллион доллари буҷа сарф шуд, маблағе барои бунёди чандин корхонаи саноатӣ ва таъмини ҳазорон нафар бо ҷойи кор кофӣ буд.

Масъуд Собиров
Масъуд Собиров
Масъуд Собиров аз бунёди меҳмонхонаҳои зиёд дар пойтахт ҳам интиқод кард, аз нигоҳи ӯ, “барои шаҳре, ки меҳмон надорад, сохтани меҳмонсароҳои зиёд аслан зарур нест”.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, “дар баъзе ҷаласаҳо ҳукуматдорон мегӯянд, ки бубинед, шаҳр обод шуд, биноҳои хушрӯ сохта шуданд. Вале зиндагӣ хушрӯ нашуд. Биноҳои боҳашаматро тоҷирон ҳам метавонанд бунёд кунанд. Ба шарте, ки болои тоҷир фишор наоваранд, ӯро пойбанди андозҳо накунанд. Бунёди биноҳо – кори ҳукумат нест, дар кишварҳои ғарбӣ масъулияти бунёди биноҳои иқомативу дигар иншоот бар дӯши бахши воқеъии иқтисод, яъне, ширкатҳои хусусиву тоҷирон аст.”
XS
SM
MD
LG