Сенатор Ҷон Куртис: "Субот дар Осиёи Марказӣ барои манфиатҳои ИМА муҳим аст"

Ҷон Куртис, сенатори Ҷумҳурихоҳ аз аёлати Юта

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, бо барномаи густурдаи дипломатӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла бо ҳайате аз раҳбарони ширкатҳои тиҷорӣ, ба Осиёи Марказӣ меравад. Минтақаи иборат аз панҷ кишвар, ки солҳо боз зери нуфузи афзояндаи Русия ва Чин қарор дорад. Ҳоло суол ин аст, ки Вашингтон чӣ гуна мехоҳад пайвандашро бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон тақвият бахшад?

Ҷон Куртис, сенатори Ҷумҳурихоҳ аз аёлати Юта ва аз тарафдорони робитаҳои наздиктари Амрико бо Осиёи Марказӣ, мегӯяд, дар замоне ки номуайянӣ дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон бештар шудааст, субот дар минтақа барои Амрико бисёр зарурист.

Ӯ дар моҳи июли имсол яке аз муаллифони Қатъномаи 816-и Сенат буд, ки 35-солагии истиқлоли Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистонро пос дошта, аҳамияти густариши равобитро бо ин панҷ кишвар тасдиқ мекунад. Дар қатънома ба зарурати ҳамкориҳои бештар ва аҳамияти рӯзафзуни стратегии Осиёи Марказӣ барои Иёлоти Муттаҳида таъкид шудааст.

Инро щам бинед:

Рубио дар роҳ ба Осиёи Марказӣ. Амрико чӣ нақша дорад? Минтақа чӣ мехоҳад?

Радиои Озодӣ дар остонаи сафари Марко Рубио бо Ҷон Куртис дар бораи нақши Осиёи Марказӣ дар амнияти миллии Амрико; душвориҳои нигоҳ доштани тавозун дар муносибат бо Вашингтон, Маскав ва Пекин; маъданҳои камёб ва талошҳо барои бекор кардани маҳдудиятҳои тиҷоратӣ бар асоси ислоҳи “Ҷексон-Вэник” суҳбат кард.

"Осиёи Марказии босубот муҳим аст"

Радиои Озодӣ: Чаро Осиёи Марказӣ маҳз дар шароити ҳозира барои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида муҳим аст?

Ҷон Куртис: "Иҷоза диҳед, суолро андаке дигар кунам: Чаро субот барои Иёлоти Муттаҳида муҳим аст? Ба назари ман, посух рӯшан аст. Дар ҳоле ки дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон ин қадар номуайянӣ вуҷуд дорад, Осиёи Марказии босубот барои мо бисёр муҳим аст."

Радиои Озодӣ: Оё Осиёи Марказӣ метавонад ба шарики қавитари амниятии Амрико дар минтақа ва берун аз он табдил шавад?

Ҷон Куртис: "Оре. Фикр мекунам, ин ҳам барои онҳо ва ҳам барои мо хуб хоҳад буд. Боз ҳам мегӯям, бесуботӣ дар қисматҳои дигари ҷаҳон, бахусус дар Осиё, аҳамияти чунин ҳамкориро боз ҳам бештар мекунад."

Радиои Озодӣ: Сафари мақомоти баландпоя, бавижа вазири корҳои хориҷии Амрико, ба Осиёи Марказӣ зиёд сурат намегирад. Чаро сафари Марко Рубио дар ин марҳила муҳим аст?

Ҷон Куртис: "Шумо комилан дуруст мегӯед. Ба назарам, аксар амрикоиҳо ба ин гӯшаи ҷаҳон таваҷҷуҳ надоранд. Ва яке аз сабабҳои калидии қатъномаи мо ҳам нишон додани он аст, ки минтақа муҳим аст ва мо ба муносибатҳоямон бо онҳо арҷ мегузорем."

Радиои Озодӣ: Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷараёни ин сафар ё пас аз он бояд чӣ уҳдадориҳои мушаххасеро аз Вашингтон интизор бошанд?

Ҷон Куртис: "Фикр мекунам, ба онҳо зарур аст, ки ба вазъи дохилии худ назар кунанд ва бубинанд, барои таъмини субот дар минтақа чӣ кор карда метавонанд. Ҳамчунин муайян кунанд, ки чӣ гуна мо метавонем дар ин кор ба онҳо ёрӣ расонем ва чӣ тавр метавонем ҳамчун шарик кор кунем."

Русия, Чин ва имкони ҳамкорӣ бо Амрико

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле ки Русия ва Чин талошҳои худро барои густариши нуфуз дар Осиёи Марказӣ афзоиш медиҳанд, Иёлоти Муттаҳида чӣ гуна метавонад ба панҷ кишвари минтақа ёрӣ кунад, то аз вобастагии аз ҳад зиёд ба яке аз ин ду қудрат пешгирӣ кунанд?

Ҷон Куртис: "Фикр мекунам, ин чизест, ки худи кишварҳо бояд дар бораи он тасмим бигиранд, дуруст? Яъне, агар хоҳанд, имкониятҳое ҳастанд, ки вобастагии бештаре ба онҳо пайдо кунанд. Аммо агар тарҷеҳ диҳанд ва, албатта, мо умедворем, ки ин роҳро интихоб мекунанд, имкониятҳои хеле беҳтаре барои шарик ва ҳампаймони Иёлоти Муттаҳида шудан вуҷуд доранд."

Радиои Озодӣ: Бахши маъданҳои нодири Осиёи Марказӣ барои амнияти иқтисодии Амрико то чӣ ҳад аҳамият дорад? Вазири корҳои хориҷӣ Марко Рубио бо барномаи густурдае, ки ҳамкориҳои иқтисодиро низ дар бар мегирад, ба минтақа меравад ва интизор меравад тақрибан 200 раҳбари ширкатҳои тиҷорӣ ӯро ҳамроҳӣ кунанд…

Ҷон Куртис: "Албатта, фикр мекунам, боз ҳам ин аз худи онҳо вобаста аст, аммо шарикӣ бо мо метавонад бахши бениҳоят муҳими муносибат бошад. Тавре ҳама медонанд, маъданҳои камёб на танҳо барои Иёлоти Муттаҳида, балки барои тамоми ҷаҳон аҳамияти зиёд доранд. Ва фикр мекунам, ин дороии бузургест, ки онҳо соҳиб ҳастанд ва метавонад бисёр муҳим бошад."

Бо маҳдудиятҳои “Ҷексон-Вэник” чӣ хоҳад шуд?

Радиои Озодӣ: Як суоли охирин дар бораи “Ҷексон-Вэник”. Ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз Конгресси Амрико хостаанд, маҳдудиятҳоеро, ки бар асоси ин ислоҳ ҷорӣ шудаанд ва метавонанд монеи ҳамкориҳои иқтисодии онҳо бо Иёлоти Муттаҳида шаванд, аз байн барад. Дар Амрико ташаббусҳое, аз ҷумла тарҳи қонун дар Сенат пешниҳод шудаанд. Конгресс барои пеш бурдани ин масъала ва бекор кардани ин маҳдудиятҳо чӣ кор карда метавонад?

Ҷон Куртис: "Тавре худатон ишора кардед, Сенат дар ин маврид фаъолтар рафтор кардааст. Мо бояд дӯстони худро дар Маҷлиси Намояндагон ташвиқ кунем, то онҳо низ корро ба ин сатҳ расонанд."

Тарҳи “Ҷексон-Вэник” аз даврони шӯравӣ монда, тиҷорати Амрикоро бо кишварҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи инсон поймол мешавад, маҳдуд мекунад. Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта масъалаи лағви “Ҷексон-Вэник”-ро бо намояндагони Амрико дар миён гузошта, то ин дам посухи мусбат нагирифтаанд.