Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида, рӯзи 17-уми октябр барои гуфтугӯ бо мақомоти панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба Узбекистон меравад. Ин сафар дар ҳолест, ки маъмурияти Доналд Трамп дар пайи таҳкими робитаҳои тиҷорӣ ва густариши ҳузури стратегии Вашингтон дар минтақа аст.
Рубио дар шаҳри Самарқанд дар нишасти якҷояи вазирони кишварҳои C5+1 (панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Амрико) ширкат хоҳад кард. Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 13-уми октябр гуфт, Марко Рубио, ки ба Осиёи Марказӣ як ҳайати иборат аз сарони беш аз 200 ширкати тиҷориро мебарад, бо мақомоти баландпояи Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон суҳбатҳои ҷудогона ҳам анҷом хоҳад дод.
Ин сафар дар пасманзари таваҷҷуҳи рӯзафзуни Амрико ба маъданҳои камёб, захираҳои энержӣ ва долонҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ сурат мегирад. Дар айни замон, ҳукуматҳои минтақа талош доранд, ки шарикони худро гуногун ва вобастагиро аз "такягоҳ"-ҳои суннатӣ кам кунанд.
Кен Мориясу, муҳаққиқи аршади Пажӯҳишгоҳи Ҳадсон (Hudson Institute), сафари Марко Рубиоро ба Осиёи Марказӣ қадами нахустин ба як давраи бесобиқаи ҳамкориҳои сатҳи баланди Амрико бо минтақа номид. "Ин ҳамкории бепешина миёни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аст ва ин сафар гоми нахустин ба сӯйи он хоҳад буд," -- гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Гурӯҳи C5+1 (панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико) соли 2015 таъсис ёфта, дар доираи он асосан ҳамкориҳои иқтисодиву амниятӣ баррасӣ мешаванд. Моҳи ноябри соли 2025 ва баъди мулоқоти раисҷумҳур Доналд Трамп бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ширкатҳои Амрикову Тоҷикистон бо арзиши 3 миллиард доллар, аз ҷумла барои хариди ҳавопаймоҳои "Боинг" созишнома имзо карданд.
Ҷанги Русия фазоро барои Вашингтон боз кард?
Ҷанги Русия алайҳи Украина, ки аз моҳи феврали соли 2022 идома дорад, таваҷҷуҳ ва захираҳои Маскавро ба самти дигар бурда, барои қудратҳои дигар имкон фароҳам овардааст, ки пайвандҳои худро бо Осиёи Марказӣ бештар кунанд. Аз ҷумла, Чин ҳузури худро дар минтақа бо тиҷорату сармоягузорӣ ба зербунёдҳо ва тарҳи "Як камарбанд – як роҳ" густариш додааст.
Мориясу гуфт, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ талош доранд миёни ин муносибатҳо тавозунро нигоҳ доранд, на ин ки вобастагиро аз Маскав танҳо ба вобастагӣ аз Пекин иваз кунанд. Вай дар шарҳи онки чаро минтақа ба Вашингтон ва шарикони аврупоӣ рӯй овардааст, афзуд, “кишварҳои Осиёи Марказӣ аслан намехоҳанд ба ҷойи вобастагӣ аз Русия зери нуфузи комили Чин бираванд.”
Ба андешаи ӯ, ҳадафи Амрико маҷбур кардани минтақа барои даст кашидан аз Русия ё Чин нест, балки нигоҳ доштани ҳузури пурбори Иёлоти Муттаҳида дар як бахши аз назари стратегӣ муҳими АвруОсиё мебошад.
“Иёлоти Муттаҳида эҳтиёҷ надорад, ки ин кишварҳо Русия ё Чинро танқид ва самту сӯйи худро дигар карда, ба ҳампаймонҳои Ғарб табдил ёбанд. Масалан, ба онҳо зарур нест, ки Қазоқистону Узбекистон узви паймони НАТО шаванд,” – афзуд Кен Мориясу. Ба ҷойи ин, пайвандҳои устувори иқтисодӣ ва дипломатӣ метавонанд ба Вашингтон кумак кунанд, то занҷираи таъминотро ҳифз намояд, имкониятҳои тиҷориро рушд диҳад ва нагузорад, ки кадом як қудрат назорати пурраи минтақаро зери даст гирад.
Тиҷорат, маъдан ва пайвандҳо
Сафари раҳбарони беш аз 200 ширкати тиҷории Амрико таваҷҷуҳи маъмурияти Трампро ба дипломатияи иқтисодӣ нишон медиҳад. Вашингтон умед дорад, ки ин ҳамкориҳо ба ҷалби сармоя ва имзои созишномаҳо дар бахшҳои гуногун замина хоҳанд гузошт.
Маъданҳои камёб бахши муҳими ин раванд ҳастанд, аммо аҳамияти роҳбурдӣ ё стратегии Осиёи Марказӣ аз мавқеи ҷуғрофияш низ вобаста аст. Минтақае дар миёни Чин, Русия, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо.
Ҳамзамон ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар талоши ёфтани роҳҳои алтернативӣ ба масирҳое ҳастанд, ки аз хоки Русия мегузаранд. Кен Мориясу ба Долони Миёна, ки минтақаро аз тариқи Баҳри Хазар ё Каспий ва Қафқози Ҷанубӣ ба Аврупо мепайвандад, ҳамчун бахше аз имконияти васеътари стратегӣ ишора кард. Ҳузури қавитари ширкатҳои амрикоӣ дар тӯли ин масирҳо метавонад ба таҳкими манфиатҳои пойдори иқтисодии Амрико дар минтақа мусоидат кунад.
Комёбии ин сафар аз он вобаста хоҳад буд, ки оё ин азми дипломатӣ ба ҷойи як ҳамоиши мансабдорони сатҳи баланд ба уҳдадориҳои мушаххаси сармоягузорӣ ва ҳамкории пойдори тиҷоратӣ табдил хоҳад ёфт ё на.
Узбекистон ва робитаҳои наздик бо Вашингтон
Мизбонии ин нишаст ба Узбекистон имкон медиҳад, ки робитаашро бо Вашингтон тақвият диҳад ва ҳамзамон ҷойгоҳи худро ҳамчун маркази дипломатии минтақа боло барад.
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, борҳо барои ҳамкории наздиктар бо Иёлоти Муттаҳида талош кардааст. Вашингтон Мирзиёев ва Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистонро барои ширкат дар нишасти Гурӯҳи 20 (G20) дар Майами дар моҳи декабр даъват кардааст.
Ин дидору мулоқоти нақшарезишуда ба гумонзанӣ дар бораи сафари эҳтимолии президенти Амрико Доналд Трамп ба Осиёи Марказӣ низ доман задааст. Агар чунин сафаре анҷом шавад, барои президенти амалкунандаи Иёлоти Муттаҳида бепешина хоҳад буд. Аммо то ҳол чунин сафар расман тасдиқ нашудааст.
Мориясу гуфт, пас аз сафари Марко Рубио мумкин аст раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нишасти Гурӯҳи 20 (G20) ширкат кунанд ва эҳтимол дар аввали соли оянда сафари президент анҷом шавад. Ӯ ҳамчунин ба баҳсҳо дар бораи таъсиси як шабакаи доимии иртибот миёни Ҷей Ди Вэнс, ноиби президенти Иёлоти Муттаҳида ва муовини раисҷумҳури Қазоқистон ишора кард. Чунин таҳаввулот метавонад ба Вашингтон имкони дастрасии мустақиму ҳамешагиро ба раҳбарони минтақа фароҳам кунад, вале ҳамаи онҳо танҳо дурнамо ҳастанд, на натиҷаҳои тасдиқшуда.
Оё Озарбойҷон ҳамроҳ мешавад?
Лаура Линдерман, пажӯҳишгари аршади Шӯрои сиёсати хориҷии Амрико ва мудири барномаҳои Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, иштироки Рубиоро дар нишасти C5+1 (панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико) аллакай як таҳаввули мусбат донист.
Ӯ гуфт, густариши ин қолаб ё формат бо шомил кардани Озарбойҷон ва ташкили чаҳорчӯби C6+1 метавонад онро баландпарвозонатар кунад. "Агар Иёлоти Муттаҳида чаҳорчӯбро то C6+1 густариш диҳад ва Озарбойҷонро ба он дохил кунад, ин муваффақияти боз ҳам бузургтар хоҳад шуд,” -- гуфт Линдерман ба Радиои Озодӣ.
Ин пажӯҳишгар ба афзоиши пайвандҳои иқтисодӣ, ҷуғрофӣ ва мардуми Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ишора кард, бавижа дар шароите ки долонҳои нақлиётӣ аз тариқи Баҳри Хазар аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Аммо шомил кардани Озарбойҷон ҳамчун сиёсати Иёлоти Муттаҳида эълон нашудааст.
Линдерман мегӯяд, ҳукуматҳои минтақа авлавиятҳои сиёсати хориҷии худро дарк мекунанд ва вазъияти ҳозираро ҳамчун имконияте барои амиқтар кардани ҳамкорӣ бо Вашингтон мебинанд.
Марко Рубио пас аз анҷоми сафараш дар Узбекистон, ба Мумбай ва Ҷамнагар меравад. Ин сафари расмии дувуми ӯ дар соли ҷорӣ ба Ҳиндустон аст. Қарор аст, ӯ то 22-юми октябр бо мақомоти давлатӣ ва раҳбарони ширкатҳо мулоқот карда, шарикии стратегии Иёлоти Муттаҳида ва Ҳиндустон, таҳаввулот дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамкории энержӣ ва сармоягузориро баррасӣ кунад.
Гуфтугӯ