Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Амрико дар Вашингтон

Сироҷиддин Муҳриддин (чап) ва Марко Рубио (рост), вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Амрико. Вашингтон, 30-юми июни 2026
Сироҷиддин Муҳриддин (чап) ва Марко Рубио (рост), вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Амрико. Вашингтон, 30-юми июни 2026

Дар даври даҳуми машваратҳои дуҷониба байни Амрико ва Тоҷикистон ҳамкориҳои ду кишвар, масоили амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромарзӣ баҳс шудааст. Ин машварат рӯзи 30-юми июн дар шаҳри Вашингтон баргузор шуд.

Ҳайати Тоҷикистонро вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва ҷониби Амрикоро ёвари вазири корҳои хориҷии он кишвар дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур раҳбарӣ карданд. Сироҷиддин Муҳриддин дар ин сафар бо ҳамтои амрикоияш Марко Рубио ҳам мулоқот кард.

Дар гузорише, ки вебсайти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр кард, ба ҳайати Душанбе дар машваратҳои сиёсӣ бо Амрико намояндагони шуморе аз вазорату идораҳои кишвар шомиланд.

Тафсилоти баҳсҳои тарафайн ҳанӯз маълум нест, вале бино ба гузориши сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, "зимни машваратҳо ҷонибҳо раванди рушди муносибатҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикӣ дар заминаи эҳтиром ва ҳамкории дарозмуддати мутақобилан судманд таъкид намуданд".

Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳам бо нашри баёнияе ин даври машваратҳоро бо Тоҷикистон "бомуваффақият" хонд, ки пас аз таваққуфи чаҳорсола барои аввалин бор дар маъмурияти Доналд Трамп баргузор мешавад.

Тибқи ин хабарнома, Пол Капур, ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ аз нақши калидии Тоҷикистон "дар пешгирӣ аз густариши терроризм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ аз Афғонистон" гуфтааст.

Пол Капур бо ишора ба густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ миёни Душанбе ва Вашингтон гуфтааст, имзои созишномаи тиҷорӣ байни ширкатҳои амрикоӣ ва тоҷикистонӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард доллард дар моҳи ноябри соли 2025, далели он аст, ки ду кишвар метавонанд барои пешбурди манфиатҳои милли худ корҳои зиёд анҷом диҳанд.

Мавзӯи сармоягузории Иёлоти Муттаҳида барои истихроҷи конҳои маъдани табиӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта дар Вашингтон баррасӣ шуда буд.

Машваратҳои дуҷонибаи солона байни Амрико ва Тоҷикистон ҳамчун василаи муколамаи дипломатӣ миёни ду кишвар дар соли 2010 таъсис ёфта, имсол барои бори даҳум доир мешавад.

Дар давоми беш аз сӣ соли истиқлолият, Амрико тавассути барномаҳои гуноугн ба Тоҷикистон бо арзиши 2 миллиард доллар ёрӣ кардааст.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG