Дар минтақаҳои Тоҷикистон, ки "лимит" ё маҳдудияти барқ ҷорист, даҳҳо соҳибкору мансабдор бемаҳдудият ба нерӯи барқ дастрасӣ доштаанд. Инро Оҷонси назорат дар соҳаи энергетика ошкор карда, вале ҳоло мегӯяд, вазъ зери назорат аст. Дар сардиҳои чанд моҳи пеш сокинон борҳо аз нобаробарӣ дар таъмини барқ ва риоя нашудани реҷаи он шикоят карда буданд. Ҳоло чӣ?
"Чӣ гӯям, бародар?"
"Аз хоб мехезем, ки барқ нест. Дар ҷойи мо ҳамагӣ як ё ду соат барқ ҳаст." Абубакр Ҳалимов дастрасии ӯ ва ҳамсояҳошро ба нерӯи барқ дар як деҳаи шаҳри Ваҳдат, наздикии пойтахти Тоҷикистон, чунин тасвир кард. Ин суҳбати ӯ рӯзи 17-уми феврал сабт шудааст. Шикоятҳои ҳамсон аз гӯшаҳои дигар ҳам мерасанд.
Далер Саидов аз ноҳияи Темурмалик гуфт, "дар деҳаи мо як дарё ҳаст. Дар ин тараф барқ надорем, он тарафаш дорад. Чӣ гӯям, бародар? Аз ҳисоби корхона бошад, аз ҳисоби беморхона бошад, барқ доранд. Дар онҳо барқ ҳаст. Мо аз ҳисоби халқем."
Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд, ба қадри кофӣ дар шабонарӯз нерӯи барқ мегиранд. Мисли Алӣ аз шаҳри Ваҳдат, ки мегӯяд, “дар мо агар ягон сабаб набошад, барқро хомӯш намекунанд."
"Чора дидем"
Мақомот дар пайи шикоятҳо аз маҳдудияти шадиди барқ гуфта буданд, ки аҳолӣ дар шабонарӯз бояд 7 соат бо барқ таъмин бошад ва чунин реҷа риоя шавад. Дар нишасти хабари Оҷонси назорат дар соҳаи энергетика эътироф карданд, ки реҷаи маҳдудияти барқ ба мардум на ҳамеша риоя мешавад.
Сорбон Холмуҳаммадзода, раиси Оҷонсӣ, гуфт, “дар маҳаллаҳо ин ё он соҳибкор, ин ё он мансабдор, ин ё он корхона ё нуқтаи хидматрасонии савдо аз барқи доимӣ бархӯрдоранд. Як муштарии дигар, масалан, дар ҳамин вақт аз норасоии барқ танқисӣ мекашад. Санҷиш гузаронидем. Ҳудуди 498 ҳолатро санҷидем. Ошкор кардем, ки дар ҳақиқат талаботи истифодабарии барқ вайрон карда шудаанд. Нисбат ба онҳо чораи дахлдор андешидем."
Дар Оҷонсӣ аз мансабдор ва ё соҳибкоре ном нагирифта, танҳо зикр намуданд, ки онҳоро аз хати барқи доимӣ маҳрум намуданд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаро нисфи мардум нерӯи барқ дорад, нисфи дигар не?
Ин ҳолат бозгӯйи чист?
Камолиддин Сироҷиддинов, коршиноси соҳаи энергетика, мегӯяд, соҳибкорону мансабдорон ба танҳоӣ наметавонанд хати барқи худро дигар кунанд ва дар ин кор масъулони дигари бахши энергетикӣ ҳам манфиатдоранд.
Вай шарҳ дод, ки чунин амал бозгӯйи чист: “Ин аз он далолат медиҳад, ки дар ҳақиқат системаи тақсимоти барқ куллан тартибу низомаш аз байн рафтааст. Ман шахсан мутаххассис ба ҳамин хулоса омадам, ки дар дохили ин система аломатҳои содатарини муҳандисиву техникӣ ҷорӣ шудагӣ набудааст”.
Раҳбарони Вазорати энергетика ва ширкати "Барқи тоҷик" дар нишастҳои хабарии худ ҳамеша аз рушди низоми энергетикии кишвар, кам кардани талафоти барқ ва бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург ситоиш мекунанд.
Мақомот дар гузашта мегуфтанд, ин мардум аст, ки асосан барқро сарфа намекунанд, хатҳои пинҳонии барқ доранд ва пули барқро намепардозанд. Аммо бо сахттар шудани мушкили норасоии барқ дар соли гузашта ва дастур барои ислоҳи соҳа, эътирофи ин ҳам зиёд шуд, ки мудирияти нодурусту фиребгарӣ яке аз сабабҳои зиёд шудани қарзу напардохтани пули истифодаи нерӯи барқ аст.
Ҳар сол дар тирамоҳу зимистон сокинон дар минтақаҳои Тоҷикистон аз маҳдудияти барқ азият мекашанд. Як рӯз пеш ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, маҳдудияти барқ барои аҳолӣ дар моҳи Рамазон сабуктар шуда, аз 19-уми феврал сокинон аз соати сеи баъд аз зуҳр то 8-и субҳ бо барқ таъмин хоҳанд шуд. Ҳоло маълум нест, ки ин ваъда то куҷо амалӣ мегардад.