Шаҳзодаи Самарқандӣ: "Таваҷҷуҳ ба адабиёти тоҷик дар Ғарб афзудааст"

Шаҳзодаи Самарқандӣ тайи бист соли охир узви созмони байнулмилалии нависандагон (Pen) аст

Шаҳзодаи Самарқандӣ (Назарзода), рӯзноманигор ва адиби тоҷики муқими Ҳолланд, дар бахши "Беҳтарин нависандаи зани як насл" номзад ба ҷоизаи Ҳертфурдшер Пресс, як нашриёти маъруфи Бритониё, шудааст.

Ӯ рӯзи 2-юми октябр дар паёми видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз афзоиши таваҷҷӯҳ ба адабиёти тоҷик дар Ғарб хушҳол аст:

“Хабари номзадӣ ба ҷоизаи беҳтарин зани як наслро тариқи имейл дарёфт кардам, ҳанӯз ҷузъиёте маълум нест. Натиҷаи ниҳоӣ 5-уми декабр эълон хоҳад шуд. Ба ҳар ҳол, ман то ин ҷо хушҳолам, ки таваҷҷӯҳ ба адабиёти тоҷик дар Ғарб афзоиш пайдо кардааст ва талошҳои мо дида мешаванд. Ман бисёр хушҳолам, ки чунин фурсате фароҳам шудааст ва умедворам, ки аз ин бештар ҳам ба адабиёти мо таваҷҷуҳ шавад ва адабиёти мо дар ғарб бо тарҷумаҳои фохир ва хубу нафис дастраси хонандагони ғарбӣ ва кулли ҷаҳон қарор бигиранд. Ин ҷоизаҳо чунин фурсатҳоро фароҳам мекунанд ва ин як падидаи ҷадидест, ки мо ҳама бояд аз он истиқбол кунем.”

Шаҳзодаи Самарқандӣ дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки чаро ширкати адибони тоҷик дар ингуна озмунҳо муҳим аст, чунин посух дод:

“Соли 2026 таваҷҷӯҳ ба адабиёти Осиёи Миёна ва Ховари Миёна дар Ғарб афзоиш пайдо кардааст. Инро мо аз хабарҳои дигар ҳам мебинем, шоҳид мешавем. Номзад шудани Маҳмуди Давлатободӣ ва ҳамин тавр Ҳамид Исмоилов, нависандаи узбекзабони Қирғизистон барои ҷоизаи Нобел худ як падидаи хурсандибахш аст. Умедворам, ин ҷоизаҳо боис шаванд, ки адабиёти мо дар ҷаҳони бузургтар ва барои мухотабони бештар дар дастрас қарор бигиранд. Ин хурсандиҳоро мо бояд истиқбол кунем ва умедвор бошем, ки талошҳои мо барҳадар нарафтааст.”

“Синдроми Стокҳолм”, “Замини модарон”, “Регистон”, “Бозгашт ба Бухоро” ва “Зане, ки бо муҷассамаҳо роҳ мерафт” аз китобҳои Шаҳзодаи Самарқандӣ аст, ки бо забонҳои тоҷикию форсию англисӣ ва ҳолландию русӣ нашр шудаанд.

Дар ҳамаи ин китобҳо мавзӯи ҳуқуқи зан ва фарҳанг ва ҷабрҳои кашидаи мардуми Осиёи Марказӣ дар аҳди шӯравии собиқ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дорад.

Ин нависандаи тоҷик борҳо барои ошкорбаёнӣ, бепарда ва урён сухан гуфтан дар шабакаҳои иҷтимоӣ зарбаҳои лафзӣ дидааст, вале пайваста эҷод мекунад ва навиштаҳояшро на танҳо барои тоҷикон, балки хонандагон дар Эрону Аврупову Амрико дастрас менамояд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шаҳзода Назарзода ба ҷоизаи муътабаре пешбарӣ шудааст