Мақомоти интизомии Душанбе, зоҳиран дастур гирифтаанд, ки дигар иҷоза надиҳанд, ки мардикорон дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр ҷамъ шуда, ба истилоҳи мардумӣ “мардикорбозор” ташкил кунанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба яке аз ин мардикорбозорҳо дар қаламрави ноҳияи Фирдавсии пойтахт рафтанд ва манзараи комилан баръакси солҳои пешро мушоҳида карданд.
Саҳнаи ин бозори корҷӯён аз гузашта бо он фарқ мекунад, ки дигар мардикорон дастгоҳу асбобҳои кориашонро пеши худ намегузоранд. Даст дар ҷайб, чашм ба роҳ ва мунтазири корфармое худашон танҳо ҳастанд, ҳеч аррае, ё дастгоҳи барқии дигаре пешашон нест.
Сабабаш ин будааст, ки кормандони милиса метавонанд, ҳар лаҳза биёянд ва онҳоро аз ин ҷо ронанду абзору асбобҳояшонро ҳам мусодира кунанд.
Шералӣ Тоиров, яке аз ин мардикорон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бачаҳо ҳастанд, ки асбоб доранд, асбоб мебароранд, мисол крот, албонӣ, ҳозир ягон асбоб намебинӣ, ҳатто сумкаҳои кориашон нест. Вагарна ин ҷо асбобҳо қатор буданд, чунки ба ягон одам даркор мешавад. Мисол замин кандан даркор, ё дарахт буридан даркор. Ҳозир бечора бачаҳо аппаратҳояшонро намебароранд.”
Чунин саҳна тақрибан дар ҳама мардикорбозорҳои Душанбе ба мушоҳида мерасад. Корҷӯён шикоят доранд, ки ду моҳи ахир маъмурони милиса онҳоро аз ин ҷойи корашон пеш мекунанд ва ҳушдор медиҳанд, ки дигар ҷамъ нашаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Шарт нест, ки бачаи вазир ҳатман вазир шавад" ВИДЕОСафаралӣ, яке аз ин мардикорон мегӯяд: “Ҳамин ғам надиҳанд, ин ҷо наистед гуфта. Мо ин ҷо меистем, ягон кор омад, мегирем меравем, кор, ки иҷро шуд меравем хона.”
Ҳасан Алиев, мардикор: Се ё чаҳор кӯдак доранд. Маҷбуранд, биёянд ин ҷо. Ака чӣ кор кунем, ака чӣ кор кунам гуфта, ба як одам хизмат мекунанд, аз ночорӣ. Кор мераванд, кори ҳалол намедиҳанд. Ду се моҳ кор мекунанд, пулҳояшонро намедиҳанд.”
Аксари корҷӯёни мардикорбозорҳои Душанбе муҳоҷирони кории собиқ ҳастанд, ки аз Русия ихроҷ шудаанд. Ягона макони пайдо кардани кор барояшон ҳаминҷост.
Зафар Хоҷаев, ки мардикор аст, мегӯяд, онҳо инҷо кори ҳалол мекунанд, то нони ҳалол ба даст биёранд, на ҷиноят. Ба қавли ӯ, фарди бекор ва ночор ба ҳарчӣ қодир аст: “Чӣ кор мекунад? Роҳзанӣ мекунад, ягон кори бад мекунад. Ба кори бад меравад, агар ҳамин хел бекор монад. Мегӯянд, одами гушна ба шер мезанад”.
Дар идораи милисаи ноҳияи Фирдавсӣ мавзӯъи пароканда кардани мардикорону монеъ шудан ба ҷамъ шудани онҳоро шарҳ надоданд. Коршинос Шӯҳрат Латифов мегӯяд, пеш кардани мардикорон аз маконҳои корҷӯӣ роҳи ҳали масъала нест: “Агар мо корофаринии мустақилро расмӣ гардонем, он чи ки дар ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя ҳаст, дар ин ҳолат мо метавонем ҳам шароит муҳайё кунем, ҳам кори онҳоро расмӣ гардонем. Дар ин навъи фаъолият як миқдори муайяни маблағ аст, фарз кардем 100 000 сомонӣ, ки аз он танҳо як фоиз андоз мегиранд.”
Дар Душанбе камаш чаҳор “мардикорбозор” аст. Дар гузашта раҳбарони Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар бораи танзими фаъолият дар чунин маконҳо, фароҳам овардани шароити мусоид дар ин бозорҳои ғайрирасмӣ суҳбат карда буданд. Вале чаро баръакс ҳузури корҷӯён дар инҷо сахтар шудааст, маълум нест. Дар Маркази матбуоти Вазорати меҳнат гуфтанд, ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, баъдан тамос хоҳанд гирифт. То лаҳзаи таҳияи гузориш посухе нашуд.
Видеои ин гузориш ба зудӣ дар ҳаминҷо ва саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Ютуб, Фейсбук нашр мешавад.