Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ярмаркаи ҷойҳои кориро пеши мардикорбозор оварданд, вале талабгор наёфт. ВИДЕО


Ярмаркаи ҷойи кор
Ярмаркаи ҷойи кор

Дар назди як мардикорбозори Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил карданд. Дар он садҳо ҷойи кор пешниҳод шуд. Вале шумори корҷӯён дар ин ярмарка хеле кам буданд. Мардикорон ва бекорон аз чунин маъракаҳо умеди зиёд надоранд.

Ярмарка, бо даҳҳо ҷойи кор дар неругоҳи Роғун, ширкатҳои хусусӣ ва мақомоти давлатӣ субҳи 31-уми март шурӯъ шуда, то нимарӯзӣ идома кард.

Маърака ин бор cад метр дуртар аз як мардикорбозор Душанбе доир шуд. Ба Шамсиддин Холов, марде, ки барои пайдо кардани кори беҳтар ба ярмарка омада буд, ронандагӣ дар неругоҳи Роғунро пешниҳод карданд. "Намедонам шароити кориаш чихел аст. Фақат гуфтанд, ки 20 рӯзи корӣ аст, ҷойи хоб ва таъминот аз ҳисоби корфармо мебошад. Якбор дидан даркор," - афзуд ин сокини Душанбе.

"Маош чанд аст?" авалин саволи корҷӯён дар якрмарка

Шамсиддин ва аксари дигар корҷӯён дар ярмарка аввал ба таблои маош таваҷҷӯҳ мекаранд ва ё аз масъулин дар ин бора мепурсиданд. Бархе баъди дидани маош ярмаркаро тарк мекарданд.

Маош барои корҳое, ки дар ярмарка пешниҳод шудаанд аз 500 сомонӣ оғоз мешуданд

Мақсуда Манонова, намояндаи Шабакаҳои тақсимоти барқи Душанбе, ки барои пайдо кардани барқчӣ ба инҷо омадааст. Корхонаи онҳо ба 17 барқчӣ ниёз доштааст. Мақсуда Манонова эътироф мекунад, ки маоше, ки барои ин кор пешниҳод мешавад, кам аст. "барои 8 соати корӣ ҳазору 170 сомонӣ кам аст. Барои ҳамин ҳам,муроҷиат мекунанду кам меоянд. Барои мо 17 нафар барқчӣ лозим аст. То ҳозир 3-4 нафар муроҷиат карданд.”-- гуфт, вай.

Мардикорон ба ҷойҳои корӣ таваҷҷуҳ надоранд. Чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

На танҳо корхонаҳои давлатӣ, бархе аз ширкату коргоҳҳои хусусӣ ҳам ба камбуди коргар мувоҷеҳанд. Аммо бо он, ки шумори бекорон дар кишвар зиёд аст, наметавонанд коргар пайдо кунанд.

Алишер Қурбонов, масъули ширкати таксиронии “Максим” мегӯяд, ба 50 корманди бахши тамос бо муштариён ниёз доранд, аммо ҳамагӣ 15 нафар дархости кор намуданд.

Даромад дар мардикорбозор бештар аз корхонаҳои давлатӣ аст?

Масъулин гуфтанд, ин маъракаро махсус ба назди мардикорбозор оварданд, то ин нафарон ҷойи кор ёбанд. Аммо мардикорон ба ярмарка чандон таваҷҷуҳе накардаанд.

Мардикор
Мардикор

Диловар Аскаров, сокини ноҳияи Восеъ пештар ба ярмаркаҳо муроҷиат кардааст. Ӯ бо ишора ба варақи дасташ гуфт, дафъаи гузашта вақте ба ярмарка рафт барояш рақами телефон доданд то тамос гирад. Вале вақте занг зад ба ӯ гуфтанд, ҷойи корӣ нест.

Ҳамсӯҳбати мо сабаби дигар нарафтанаш ба ярмаркаро чунин шарҳ дод: “Моҳона 1,5-2 ҳазор сомонӣ медиҳанд, барои зиндагӣ намерасад. Хона дар шаҳр бошад, шояд расад. Инҷо агар кор шавад, дар 10 рӯз 2-3 ҳазор сомонӣ пайдо мекунӣ. Боз хӯрок ва ҷойи хоб медиҳанд. Шароит дар корхонаҳои давлатӣ сустар аст.”

Мардикорбозори Душанбе
Мардикорбозори Душанбе

Бекорӣ яке аз дардҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ҳазорон нафарро маҷбур ба ҳиҷрат мекунад. Мақомот барои таъмини мардум бо шуғл ҳар чанд вақт чунин ярмаркаҳо ташкил мекунанд. Аммо дида мешавад, ки корҷӯён ба онҳо таваҷҷуҳи зиёде надоранд ва мегӯянд, маоши бештар метавонад онҳоро ба ин корҳо ҷалб кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG