Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба занони "мардикор" дар Хатлон касб меомӯзанд. Занон мегӯянд, ба сармоя ниёз доранд. ВИДЕО


Маҳалли ҷамъшавии занони корҷӯ дар Бохтар
Маҳалли ҷамъшавии занони корҷӯ дар Бохтар

Як созмони иҷтимоӣ дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, занонеро, ки ба истилоҳ "мардикорӣ" мекунанд, бо давраҳои касбомӯзӣ фаро гирифтааст.

Ташббускорон умед доранд, пас аз касбомӯзӣ занон барои худ ҷойи кори собит ва маоши муносиб меёбанд ва аз иҷрои корҳои сахту сангин раҳо мешаванд. Занони корҷӯ мегӯянд, ки танҳо давраҳои омӯзишӣ барои мустақил шуданашон кофӣ нест ва онҳо барои ба роҳ мондани тиҷорат ё дӯкони косибӣ ба сармоя ниёз доранд.

Гулбибӣ Ҳамидова, раиси созмони "Зан ва ҷомеаи асри 21" дар шаҳри Бохтар, мегӯяд, дар барои занони корҷӯ омӯзиши чанд касбу кор, аз ҷумла дӯзандагӣ, пазандагӣ, ороишгари рӯю мӯйро ба роҳ монданд.

"Ҳукумати шаҳр ташкилоти моро дастгирӣ кард. Ба мо 10 сотих замин ҷудо карданд. Ният дорем, ки дар ин ҷо як бинои сеошёна созем. Ин биноро созем, занон дигар дар мардикорбозор намешинанд ва дар бо назардошти он ки кӣ чӣ ҳунар дорад фаъолият хоҳад кард", -- иброз дошт ӯ рӯзи 21-уми январ.

Занони корҷӯ дар шаҳри Бохтар дар як гӯшаи мардикорбозор ҷамъ мешаванд ва мунтазири кордиҳанда мемонанд. Гоҳе дар инҷо то 100 зан ҷамъ меоянд. Баъзе аз занон гуфтан, дарс хуб аст, вале беҳтар мебуд агар дар раҳандозии тиҷорати хусусӣ ба онҳо кумаки молӣ ҳам кунанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Ба занони “мардикор” дар Хатлон бизнес меомӯзанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Малика Зиёева, яке аз занони корҷӯ, мегӯяд, ҳарсанд сахт аст, чаҳор сол боз дар мардикорбозор ризқи худу фарзандонашро меёбад. "Ман дар мардикорбозор ҳастам. Дар ҳар куҷое, ки кор пайдо шавад, меравам. Хоҳиш дорам, ки барои мунтазирон кумак кунанд. Агар пул бошад, ман дӯкон гирифта, мехоҳам тиҷорати худро ба роҳ монам", -- афзуд ӯ.

Чанде пеш Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон, дар ин бозор бо занон вохӯрд ва дидори ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаёҳу барангехт. Баъд аз он намояндагони дигари мақомоти давлатӣ низ ба мардикорбозор сар заданд, аммо баъзе аз кобарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, "зоҳиран ин худнамоист" ва баъди чанд муддат мушкили занон боз фаромӯш мешавад.

Хатлон сераҳолитарин вилояти Тоҷикистон аст ва теъдоди бекорон бахусус дар миёни занон онҷо зиёд аст. Мақомот мегӯянд, саъй доранд, занони бекорро бо шуғл таъмин кунанд.

Баҳодур Азиззода, як масъули Оҷонси шуғли аҳоли дар Хатлон, мегӯяд талош доранд, бо ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ занони корҷӯро бо кор таъмин кунанд. Ӯ гуфт: "Дар соли 2020 панҷ бор ва инак дар моҳи январ як бор ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир шуд. Ҳудуди 160 зан дар он иштирок карданд."

Азбаски музде, ки дар ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ пешниҳод мешавад, кам аст, на ҳама моил ба қабули чунин ҷойҳои корӣ ҳастанд. Ба сабаби бекории зиёд солона садҳо ҳазор нафар барои кор ба Русия мераванд. Сафи занон ҳам дар байни онҳо зиёдтар мешавад.

XS
SM
MD
LG