Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон бадгӯӣ дар ҳаққи келинҳои коргар аз байн меравад. ВИДЕО


Нигина Шарифова, аз майдафурӯшӣ корро сар кард ва ҳоло таъмини хонавода бар дӯши ӯст.

Нигина як тоҷири муваффақ аст, вале вақте аз баландии имрӯз ба қадамҳои нахустини худ дар тиҷорат менигарад, хуб ёд дорад, ки як зани ҷавону бетаҷриба, мутеъ ва дастнигар буд. Дар хонаи волидони шавҳар зиндагӣ мекард ва мисли дигар келинҳо дар Тоҷикистон хидматгори хона буд.

Дар 20-солагӣ дарк кард, ки бояд коре бикунад, ё барои таъмини муносиби оилаву фарзандон мустақилона кор мекарду пул ёбад, ё ҳамчун келин дар хизмати хусуру хушдоман бимонад. Маъмулан келин дар хонаводаҳои тоҷик, иҷрои тамоми кори хонаро бар дӯш дорад ва дар ҷое кор кардану соатҳои зиёд аз хона берун будани ӯро аъзои хонаводаи шавҳар хуш қабул намекунанд.

Нигина Шарифова мегӯяд, вақте дарк кард, ки дастнигарӣ ва пойбандӣ ба пули шавҳару наздиконаш ӯро афсурдаву асабонӣ мекунад, даст ба кор шуд. Ин ҳамон ҳолате буд, ки пул барои оилаи иборат аз ду фарзанд ва хусуру хушдоман намерасид ва Нигина нахуст ба майдафурӯшӣ шурӯъ кард.

Мегӯяд, дар оғоз оилаи шавҳараш аслан қабул кардан намехост, ки арӯси хона кор кунад, вале вақте диданд, ки бо пули овардаи ӯ оши сергӯшт пухтанд, либоси зимистонаи фарзандонро хариданд ва телевизори кӯҳнаро бо телевизони ранга иваз карданд, тан доданд. Майдафурӯшии келини ҷавон бо гузашти вақт дар ин ду даҳсола Нигинаро ба як соҳибкори касбӣ табдил дод.

Дигар дар ҳаққи келинҳои коргар бадгӯӣ намекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Мегуфтанд, ки келинаш бероҳа буд

Ҳоло дар маркази шаҳри Ваҳдат соҳиби дукон ва тиҷорати муваффақ аст. Аз Чину Қирғизистон мол меорад ва бо ин роҳ зиндагии худу фарзандонро таъмин мекунад. Нигина замоне келини коргару тоҷир шуд, ки шавҳараш бо ҷурме ба зиндон афтод ва фарзанди дуюмашро табибон бемори дил гуфтанд.

«Фикр кардам, маблағро аз куҷо ёбам, назди бародарам омадам, аз ӯ каме пул гирифта ба Душанбе рафтам. Чанд чуфт либосҳои мардонаву занонаро аз бозор харида ба Ваҳдат омадам ва дар бозор нишаста онро гаронтар фурӯхтам. Аллакай метавонистам, барои фарзанди беморам дору харам. Дигар аз касе пул намепурсидам, метавонистам, барои бартараф кардани камбудиҳои хонавода кумак кунам” – мегӯяд, ӯ.

Нигина бархе лаҳзаҳои замони арӯсияшро ба дард ёд меорад, ки сахту сангин буд. Мегӯяд, намегузоштанд, кор кунад, дар ҳаққаш бад мегуфтанд., вале ҳамаро нодида гирифт.

Мегуфтанд, агар ту саҳар кор гуфта аз хона баромада равӣ, ҳамсояҳо мегӯянд, келини бероҳа буд.

“Дигар барои ман гапи дигарон муҳим набуд, ки келини коргарро чӣ ҳарфҳое мегуфтанд. Мегуфтанд, агар ту саҳар кор гуфта аз хона баромада равӣ, ҳамсояҳо мегӯянд, келини бероҳа буд, ки саҳар меравад, бегоҳ меояд” – гуфт, Нигина.

Нигина гуфт, ҳарчанд қабул кардани ин ҳарфҳо дарднок буд, вале бо гузашти вақт ҳамон нафароне, ки ӯро таҳқир мекарданд, эҳтиромаш мекунанд. Медонад, ки хешовандони шавҳараш дар ғайби ӯ аз муваффақияташ таъриф мекунанд ва комёбиҳои ӯро бахше аз муввафақиятҳои худашон медонанд.

Мисли Нигина келинҳо зиёд шудаанд

Хулосаи як пажӯҳиш ҳам дар чанд деҳаи Тоҷикистон муайян кардааст, ки мавқеи келинҳо дар хона дар муқоиса ба чанд соли пеш тағйир ёфтааст. Акнун келинҳои коргар ва пулёб дар хонаводаҳои тоҷик соҳиби эҳтироми бештар ҳастанд ва дар қабули қарорҳои хонавода садояшон шунида мешавад.

Бино ба хулосаи ин пажӯҳиш , ки дар доираи тарҳи “Зиндагии шоиста” аз ҷониби созмони “International Alert” анҷом шудааст, аксари хонаводаи шавҳар зидди ба кор баромадани келин нестанд ва худи шавҳарон ҳам бо таваҷҷӯҳ ба вазъи мушкили иқтисодӣ дар оила, розӣ ҳастанд, ки ҳамсаронашон дар иқтисоди хонавода саҳм дошта бошанд. Ин пажуҳиш дар чаҳор деҳаи Хатлону Суғд миёни 320 зану марди аз 19 то 49-сола анҷом шудааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим

Шаҳрибону Шонасимова, раҳбари дафтари созмони ҷаҳонии “International Alert” 19-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пажӯҳиш муайян кард, 80 дарсади пурсидашудаҳо гуфтанд, нуфузи келинҳои коргар, ки ба хона даромад, меоранд бештар аст ва аз суи хешовандони шавҳар эҳтиром мешаванд.

Аз хушдоманам мепурсам, ки дар хона чӣ лозим аст, мехарам

Насибаи 30-сола аз рӯзи аввали арӯсӣ кор мекунад ва аз ин роҳ ба буҷаи оила саҳм мегузорад. Ӯ ба ҳайси мутахассис дар озмоишгоҳи бемористони марказӣ кор мекунад ва баробар бо дигар аъзои хонаводаи шавҳар субҳ аз хона берун меравад ва шом бармегардад. Ӯ мегӯяд, бо он ки дар хонаводаи шавҳар ҳеҷ камбуде надорад, аммо барои истиқлоли молӣ дар хонавода кор мекунад.

“Пеш аз ҳама кор кардан ба манфиати худи ман аст, ҳар чизе дилам хоҳад мехарам. Баъдан зиндагӣ ҳеҷ гоҳ аз мушкили холӣ нест, ҳар вақте ки дар дасти ман пул бошад, аз хушдоманам мепурсам, ки дар хона чӣ лозим аст, даркор бошад мехарам. Фикр мекунам, вақте дар зиндагӣ зан кор мекунад ва ба шавҳараш кумак мерасонад вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин оила беҳтар мешавад”.-афзуд ӯ.

Қадри Нисиба пеши хонаводаи шавҳар ҳам боло аст. Хушдомани Насиба аз доштани келини коргаре мисли ӯ ифтихор мекунад. Фароғат Атозода модаршӯи Насиба гуфт, бо он ки ба пул ё даромади келинашон чандон ниёз надоранд, аммо ӯ метавонад як модари коргару босавод барои тарбияи фарзандонаш саҳм бигирад ва дастнигар набошад.

Фароғат Атозода
Фароғат Атозода

Фароғат Атозода гуфт: “Албатта саҳми келини коргар дар иқтисоди хонавода бориз аст. Вай метавонад камбудиҳое ки дар худаш дорад ё дар зиндагӣ ҳаст, бигзор мушкили сангине надошта бошад, аммо онро бартараф мекунад. Барои мисол метавонад ба фарзандонаш либоси дилхоҳашро харад ё дар харидани лавозимоти дарсӣ дастнигар набошад”.

Бо он ки мавқеи келин дар хонаводаҳои тоҷик тағйир меёбад ва талоши ба даст овардани мустақилияти иқтисодиро мекунанд, аммо пажуҳишгарон мегуянд, ҳануз ҳам маҳдудиятҳо барои кор кардани келинҳо вуҷуд дорад.

Мардҳои тоҷик кори занон дар хонаро кор намеҳисобанд

Бархе хонаводаҳо барои занҳо танҳо ихтисосҳои омузгорӣ, парастор, дӯзанда ва ошпазро мувофиқ медонанд ва намехоҳанд, ҷои дигар кор кунанд. Муаллифони пажӯҳиш, ки дар чаҳор деҳаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Панҷакент анҷом шудааст, мегӯянд, бо вуҷуди он ки келинҳо дар хона кор мекунанд, аммо саҳми онҳо ба буҷаи оила нодида гирифта мешавад.

Зӯҳро Шарипова, масъули созмони “Занони Шарқ” ки дар лоиҳаи “Зиндагии шоиста” ба ҳайси роҳнамо ширкат кардааст, гуфт мушкилтарин бахши кори онҳо маҳз кор бо мардон буд.

Онҳо дар дарсҳои худ ба мардон исбот карданд, ки занон дар хона бекор намехобанд ва баръакс соати кории онҳо аз мардон бештар буда, даромадашон ба буҷаи хонавода ҳам кам нест.

Шарипова афзуд: “Зан аз пагоҳ хеста, наҳорӣ омода мекунад. Боз хӯроки нисфирӯзӣ омода карда, барои мардон ба саҳро мебарад ва боз дар онҷо ба мардон ёрӣ мекунанд. Бо ин роҳ, мо чашми мардонро кушодем. Бархе мегуфтанд, фикр мекардем, онҳо дар буҷаи оила саҳм надоранд. Агар кори як занро дар хона ҳисобу китоб кунед, ба 500 - 600 сомонӣ баробар мешавад”.

Тағйири тамоюл ва ба самти мусбат

Маъмул шудани келинҳои коргар ва пулёб дар хонаводаҳои тоҷик дар ҳолест, ки дар гузашта интихоби духтарони таҳсилкарда ва коргар чандон роиҷ набуд. Масъулияти келинҳо дар хонаводаи шавҳар хизмат ба оилаи шавҳар ва таваллуду тарбияи фарзанд буд.

Аммо пажуҳиши созмони ҷаҳонии “International Alert” нишон додааст, ки бо назардошти вазъи иқтисодии сангин дар Тоҷикистон ва Русия мардони хонавода розӣ ҳастанд, занон дар иқтисоди оила саҳми бештар гузоранд.

Аксар мардон ҳам дар деҳаҳое ки дар он пажуҳиш анҷом шудааст, гуфтаанд, ҳамсарони онҳо ниёз ба ҷои корӣ доранд ва пешниҳод кардаанд, ки дар деҳот кӯдакистон бунёд шавад, то занон ғайр аз нигоҳубини кӯдак фурсат дошта бошанд кор кунанд ва ба буҷаи оила саҳм гузоранд.

Бархе дигар аз мардони пурсидашуда гуфтанд, тавассути кор кардани занон ба онҳо нишон диҳанд, ки ба даст овардани пул заҳмат талаб мекунад ва онҳо пулро қадр кунанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG