Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз инҷо моро халос кунед". Гузориш аз мардикорбозори Бохтар. ВИДЕО


"Аз инҷо моро халос кунанд". Гузориш аз мардикорбозори Бохтар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Гузориш аз мардикорбозори Бохтар

Дар бозори мардикорон дар шаҳри Бохтар корфармоён кам буда, ташвиши ин мардуми бекор бештар шудааст.

Дар ин бозор натанҳо мардҳо, балки занон низ ҳастанд, ки мехоҳанд кори хуберо берун аз ин бозори сард пайдо кунанд. Мақомот борҳо ваъдаи пайдо кардани кор барои занҳо дар ин бозорро додаанд.

Садбарг Туркова, сокини шаҳри Бохтар, ки барои пайдо кардани кор ба мардикорбозор меравад, гуфт, агар кори хубе пайдо кунад, ҳатман инҷоро тарк мекунад. “Барои ман як коре пайдо кунанд, ки аз ҳаминҷо ба як ҷойи гарму нарм, озода рафта кор кунаму зиндагиямро пеш барам. Ман маҷбур ба ҳаминҷо меоям, чор рӯз шуд, ки ягон коре пайдо накардаам.”,--гуфт ӯ.

Пешниҳоди кор дар мардикорбозор аксари корҷӯёнро хушҳол кардааст. Онҳо аз мақомот миннатдорӣ мекунанд ва тақозо доранд, ин ташаббус идома ва натиҷа дошта бошад.

Орзугул Исматова, зани дигари бекор гуфт, дар орзуи ҷойи кори беҳтар ҳастанд, то аз интизори корфармоёни муваққатӣ халос шаванд. Ӯ гуфт, ҷои кори беҳтар барояшон ёбанд ва онҳоро "аз мардикорбозор халос кунанд".

Комилҷон Маҳсуддинов, масъули Идораи шуғли аҳолии шаҳри Бохтар, ки ба назди ин занҳо рафта буд, гуфт, ба онҳо ҷойи кор пешниҳод кард. Ӯ гуфт, 50 нафар занро барои кор дар як корхонаи чиноии Данғара роҳхати кор доданд.

Хатлон бо зиёда аз се миллион аҳолӣ 12 ҳазору 115 нафарро ҳамчун бекор сабт кардааст. Мақомот аз баргузории садҳо ярмаркаи ҷойи кор хабар медиҳанд, вале сокинон мегӯяд, ки моҳонаи нокофӣ ва надоштани ихтисосу омӯзиш онҳоро ба мардикорбозор ва муҳоҷират мебарад.

XS
SM
MD
LG