Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фикр намекунам, то 50 ё 60-солагӣ мерасам" ВИДЕО


Мардикорбозор дар Душанбе

Талаби мақомоти Тоҷикистон барои расмӣ кардани фаъолияти шахсоне, ки кироякор ҳастанд, мардикоронро нигарон кардааст.

Музаффар Элназаров, сокини шаҳри Ваҳдат замоне ба мардикорбозор омад, ки арзиши патент дар Русия то 5 ҳазор рубл боло рафт ва ӯ ночор тарки муҳоҷират кард. Устои барқ аст, вале барои ӯ ҳам дар ин бозор муштарии зиёд пайдо намешавад.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки дар ҳавои сард интизори корфармое менишаст, аз он нороҳат буд, ки ин рӯзаш низ бидуни даромаде шом мешавад.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Мақомот аз мардикорон чӣ мехоҳанд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:39 0:00

Падари 7 фарзанд мегӯяд, ягона ноновари оила аст ва зиндагӣ ба хотири номунтазам будани даромадаш сахту сангин пушти сар мешавад. Рӯзи 7-уми феврал ҳам бидуни дираме монд ва мебоист бо дасти холӣ ба назди зану фарзандонаш баргардад. Мегӯяд ду писари маъюб дорад ва ҳамсараш бемор аст.

Намедонам куҷо раваму чӣ кор кунам?

Музаффар Элназаров
Музаффар Элназаров

"Агар рӯзе кор шуд, то 50 сомонӣ ба даст меорам. Ин ҳам барои таъмини зиндагӣ ва роҳкиро аст. Агар мақомот барои ҳамин коре, ки ҳатто барои хӯроки нисфирӯзӣ ҳам намерасад, молиёт хоҳанд, дигар намедонам куҷо меравему чӣ кор мекунем" - мегӯяд, ӯ.

Интизори корфармо нишастан дар мардикорбозор ҳам дарди сар дорад. Гоҳе милисаҳо онҳоро ба шӯъбаи милиса мебаранд ва гоҳи дигар талаб мекунанд, онҷоро тарк кунанд.

Музаффар ва ҳамроҳонаш дар мардикорбозори Душанбе талошҳои мақомот барои расмӣ кардани фаъолияташон ва пардохти молиёт нороҳат кардааст. Онҳо мегӯянд, наметавонанд, талаби мақомотро оид ба пардохти андоз иҷро кунанд.

Даҳҳо нафар инҷо мунтазири корфармо меистанд
Даҳҳо нафар инҷо мунтазири корфармо меистанд

Мақомоти вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, талош доранд, мардикорони дохилӣ фаъолияти худро расмӣ кунанд то кафолати иҷтимоии онҳо таъмин шавад ва дар оянда ҳаққи нафақа бигиранд.

Муовини вазир Эмин Сангинзода рӯзи 7-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, шуғли ғайрирасмӣ ё фаъолияти устоҳое, ки бо корфармо шартномаи шифоҳӣ доранд, ҳаққи иҷтимоиву ҳуқуқии онҳоро таъмин намекунад.

Талош барои таъмини имтиёзҳои иҷтимоӣ

Сангинзода гуфт: "Бархе аз ин устоҳо соҳиби касбу кори гуногуне ҳастанд, ки пули хубе ба даст меоранд ва аз ин лиҳоз, ба танзим даровардани муносибатҳои ғайрирасмии корфармо ва корманд дар як муддати кутоҳ ғайриимкон аст. Дар ин самт вазорат кор бурда истодааст."

Талошҳо барои расмӣ кардани фаъолияти кироякорҳо дар ҳолест, ки баҳори соли гузашта ҳам нозирони андоз дар Душанбе маъракаи тафтиши санади устоҳои таъмири хонаро роҳандозӣ карданд. Нозирон асосан ба биноҳои навбунёд мерафтанд, ки аксари устоҳо маъмулан дар онҷо машғули таъмиранд.

Талаби нозирон ҳам аз устоҳо доштани "патент" буд. Дар ғайри сурат, нозирони андоз мегуфтанд ҳақ доранд ҳам усто ва ҳам соҳиби хонаро ҷарима банданд.

Қимати "патент"-и устои таъмири хона 120 сомонӣ, муодили 12 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Агар барои бисёриҳо ин маблағ чандон зиёд набошад, аммо устоҳо мегӯянд, ҳар моҳ пардохти ин маблағ барояшон гарон мебошад.

Саидикром Файзуллоев, ки аз ноҳияи Темурмалик барои пайдо кардани кор ба Душанбе омадааст, мегӯяд, фақат ғами таъмини имрӯзаи фарзандонашро мехӯрад ва ҳатто умед ҳам надорад, ки бо ин шароит ба синни нафақа мерасад.

Саидикром мегӯяд: "Ман ҳам мехоҳам, андоз супорам ва дар оянда нафақа гирам, аммо андозро бояд аз кадом ҳисоб супорем? Корхона бошад кор кунем ва ман донам, ки охири моҳ маош мегирам ягон мушкиле нест. Лекин дар ин шароите, ки худи шумо мебинед, аз саҳар то бегоҳ дар кӯча ва ҳавои хунук ҳеҷ фикр накунам то 50 ё 60 солагӣ расам."

Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди афроди қобили меҳнат ба 2,5 миллион баробар буда, танҳо дар соли 2018 ба 55 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Аммо бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, шумораи бекорон дар Тоҷикистон аз омори расмӣ се маротиба бештар будааст.

"Мегӯянд, ҳамин пул кофист"

Ниёз Қурбонов, муовини раҳбари Оҷонсии шуғли аҳолӣ, ки солҳо боз ин вазъро омухта пурсишҳои иҷтимоӣ анҷом додааст, ягона роҳи ҳалли ин мушкилро дар таъсиси ягона марказҳое медонад, ки метавонанд, теъдоди мардикоронро дар кишвар дақиқ ва бо онҳо кор кунанд.

Қурбонов мегӯяд пурсишҳои онҳо дар бозори мардикорҳо нишон додааст, ки худи кироякорон намехоҳанд, фаъолияташонро расмӣ кунанд ва бо 50 то 100 сомонӣ дар рӯз қаноат мекунанд.

"Дар ин ҳолат мо ҳуқуқи онҳоро маҷбур карда, бо шуғл таъмин карданро надорем. Ҳарчанд ба онҳо мефаҳмонем, ки агар шумо шуғли расмӣ дошта бошед ва дар ягон муассиса ё ташкилот кор кунед, кафолатҳои иҷтимоии шумо таъмин мешавад. Ва бояд барои оянда ҳам фикр кунед, дар бораи таъминот ва нафақа вале онҳо аз ин чиз даст мекашанд ва мегӯянд, ҳамин пул кифоя аст" - афзуд Қурбонов.

Дар Тоҷикистон беш аз 20 "мардикорбозор" амал мекунад, аммо ҳеҷ ниҳоде то ба ҳол теъдоди мардикоронро ба таври дақиқ ҳисоб накардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG