Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллим ҳам мардикор, афсар ҳам...


 city,12Feb2011
city,12Feb2011

Дар миёни корҷӯёни «мардикорбозор»-и Қӯрғонтеппа омӯзгорон, хатмкардаҳои донишгоҳҳо ва ҳатто афсарони вазорати мудофиаро ҳам вохӯрдан мумкин аст.

Ҳар субҳи содиқ аз 50 то 60 нафар афроди ҷавону миёнасол аз ҳар гӯшаву канори Хатлон дар назди бозори марказии Қӯрғонтеппа гирди ҳам омада, интизори кордеҳон менишинанд. Онҳо ба иҷрои ҳама кори барояшон пешниҳодшуда розиянд, хоҳ боркашонӣ бошаду хоҳ киштукори замин ва ё таъмиру тармими хонаҳо.

Тоҳир Улчибоев, лейтенанти калони вазорати мудофиаи Тоҷикистон, мегӯяд, ба сабаби камии маош ва беманзилӣ, вай тарки воҳиди низомии воқеъ дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон, яъне ҷойи кори қаблии худ карда, ба бозори мардикорон корҷӯӣ омадааст.

Ва аммо афсари собиқи вазорати дифоъ ва мардикори феълӣ мегӯяд, дар Қӯрғонтеппа ҳам рӯзи хуш надидааст. Борҳо шуда, ки кордеҳон ҳақмузди ваъдагиро надода, вай ноилоҷ дар кӯчаву хиёбонҳо шабашро рӯз кардааст:
«Баъзан вақт квартирант меистем, бо мардикорони дигар. 10-12 нафар ҳам меистем ва маблағ ҷамъ карда, иҷорапулӣ медиҳем. Ягон шароит нест дар квартира, танҳо хоб мекунем. Оилаамро, ки хӯронда натавонистам, ҷангу ҷанҷол зиёд шуд, ҳоло ҷудо шудаем. 7 моҳ шуд, ки ҳамин ҷо омадаам барои мардикорӣ. Ҳоло кор қариб ки нест. Тобистонӣ аз саҳар то бегоҳ кор мекардам, 20 сомонӣ меёфтам. Чӣ мешавад? 1-то нон 1 сомонӣ, гӯшт 20 сомонӣ. Пули меёфтаам ҳамааш барои шикам сарф мешавад, барои хариди либосу дигар чизҳо аслан намерасад…»

Тоҳир Улчиев афзуд, ба мушкилоти рӯзгор ва бехонагӣ тоб наоварда, ҳамсараш низ аз вай ҷудо шудааст.

Бисёре аз ҷавононро бекорӣ ва бечорагӣ ба мардикорбозори Қӯрғонтеппа овардааст. Онҳо тӯда шуда, то 10-15 нафар дар як хона иҷорашинӣ мекунанд. Бархеҳо тамоман бехонаву дар буда, рӯзашонро дар анборҳо пушти сар мекунанд.

Меҳроҷ Икромов, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, низ ба сабаби камии маош тарки касби худ карда, аз ноҳияи дурдасти Мӯъминобод барои мардикорӣ Қӯрғонтеппа омадааст. Вай мегӯяд, оиладор ва соҳиби се фарзанд буда, бо
ҳақмузди ночизи омӯзгориаш наметавонад хонаводаашро таъмин намояд:
«Шукронаи Худо, 4-5 нонхӯр дорам, он 100-130 сомонӣ маошамро ба даҳони кадомаш сарф мекунам? Омадам ба шаҳр, грузчики ҳам мекунам, побели замин ҳам. Дар ноҳияи мо кори дигар нест, ҳама бекор, бепул. Аммо ҳама чиз ҳоло гарон шудааст, ҳатто як пойафзоли оддӣ ҳам то 100 сомонӣ арзиш дорад. Фарзандонро калон кардан даркор аст. Русия, ки рафта наметавонам, ҳамин ҷо, ба мардикорбозор омадам…»

Дастмузди якрӯзаи худро мардикорон гуногун арзёбӣ мекунанд. Маҳмадалӣ, ҷавони 26-сола, ки аз ноҳияи Ховалинг ба мардикорбозор омадааст, мегӯяд, гоҳе аз 15 то 30 сомонӣ ва агар рӯзи бобарор бошад, то 50-60 сомонӣ дастмузд пайдо мекунад. Аммо вай ҳамзамон иқрор мекунад, ки гоҳе ҳафтаҳо ҳам бекор мемонаду бепул ва гурусна:

«Гурусна мемонам ё сер, мақсадам пул кор кардан аст. Мисли дигар ҳамсолонам ба Русия рафта наметавонам, чунки маблағи бисёр барои чипта даркор. Дар оила мо 10-12 нафар ҳастем, падарам, ки камбағал аст, маро зан дода наметавонад. Барои ҳамин, ҳоло мардикорӣ карда, барои зангириам пул ҷамъ мекунам… »

Агар ҳам яке бо ҳадафи бунёди оила мардикорӣ кунад, дигаре баъд аз вайроншавии оилааш рӯ ба мардикорӣ овардааст. Саидумар Қурбонови 33-сола, сокини ноҳияи Восеъ, ки дар ду соли ахир дар мардикорбозори Қӯрғонтеппа кор мекунад, аз ҷумлаи чунин афрод аст.

Сабаби аслии ба мардикорӣ рӯ овардани Саидумар ин будааст, ки бояд тибқи қарори додгоҳ, ҳар моҳе барои таъмини фарзандонаш, ки бо ҳамсараш аз вай ҷудо зиндагӣ мекунанд, маблағ бидиҳад:

«Асосан ба таъмири хонаҳо машғул мешавам. Мо аз устоҳои дигар арзонтар хизматрасонӣ мекунем. ҳамин сабаби бепулӣ, мушкилоти ҳаёт зиндагиам вайрон шуд. Ҳоло аз пули мардикорӣ алимент месупорам, волидонамро таъмин мекунам. Пештар ҳаҷми маблағи алимент камтар буд, ҳоло қонунҳо шадидтар шудаанд. Барои 2 фарзандам, ки бо завҷаи собиқам зиндагӣ мекунанд, ҷамъан 160 сомонӣ алимент месупорам…»

Саидумар шароити кору будубош дар Қӯрғонтеппа ва бархӯрди кордеҳон ба мардикоронро начандон хуб арзёбӣ карда, онро ба ҳавлу ҳоли муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия монанд мекунад.

Вай мегӯяд, агар давлат ҷойи кори мувофиқ бо ҳақмузди шоиста муҳайё мекард, даҳҳо ҷавонони соҳибкасбу донишманд, омӯзгорону афсарон, ба бозори мардикорӣ рӯ намеоварданд.

Ҳарчанд бар асоси омори расмӣ, шумораи бекорон дар Хатлон 20 ҳазор нафар унвон шуда, беш аз 3000 ҳазор ҷойи кори холӣ таъсис дода шудааст, коршиносони мустақил дурустии ин арқомро зери шубҳа мебаранд. Таҳлилгарони маҳаллӣ мизони бекории сокинон дар қаламрави вилояти Хатлонро қобили мулоҳиза арзёбӣ карда, мегӯянд, наздик ба 20 дарсади аҳолӣ, ҷойи кор ва манобеъи даромад надоштаанд.
XS
SM
MD
LG