Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Душанбе як "мардикорбозори виртуалӣ" ба фаъолият оғоз кард, ки хадамоти худро тавассути интернет пешниҳод мекунад. Ин тарҳи тиҷоратӣ бо ташаббуси се донишҷӯи тоҷик роҳандозӣ шуда, ҳадафи он пешниҳоди кори усто ё коргари соҳаи сохтмон, таъмиргарӣ ва мутахассисони васоили хона мебошад.

Ба гуфтаи ташкилкунандагонаш, сомонаи mardikor.tj ба сокинони шаҳри Душанбе имконият медиҳад, ки дар сурати пайдо шудани мушкил дар хатти барқ, об ва ё дигари корҳои хона, мутахассисонро тариқи телефон ё паём, даъват намоянд. Чунин таҷриба дар пойтахти Тоҷикистон камназир буда, қаблан сокинони пойтахт дар сурати пайдо шудани мушкил маҷбур буданд ба мардикорбозор рафта усто киро кунанд.

"Мо барои фоида не, барои таҷриба кор мекунем"

Суннатуло Сафаров, ҷавони 19-сола ва донишҷӯи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ҳамроҳ бо ду нафар аз ҳамсабақонаш тарҳи мазкурро роҳандозӣ кардааст ва умед доранд, ки бо ин роҳ сарсонии сокинони пойтахтро кам мекунад.

Ин ҳамсӯҳбати ҷавони мо мегӯяд, "дар дохили шаҳр сокинон дигар устоҳоро кофта намегарданд, яъне мо кори ҳамватанонамонро осон карда истодаем. Мо аз мутахассисон ҷиддан талаб мекунем, ки бо шаҳрвандон муомилаи хуб дошта бошанд. Роҳандозии тарҳи mardikor.tj на ба хотири фоида, балки барои таҷрибаи худамон амалӣ шудааст."

Меҳроҷ Шеров, аз созмондиҳандангони дигари сомонаи mardikor.tj мегӯяд, бисёр мехоҳад сокинони Душанбе низ мисли дигар шаҳрҳои ҷаҳон аз хадамоти муосир баҳраманд бошанд. Меҳроҷ донишҷӯи соли дуюми филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе аст ва мегӯяд, барои ӯ ва ҳамсолонаш, ки ҳамагӣ зери синни 20 қарор доранд амалӣ кардани чунин тарҳ мушкил буд.

Вай мегӯяд, "аввал сайтро ҳаматарафа таҳия кардем. Муддати ду моҳ мо устои таҷрибадор кофтем, чун мо аз ҳар кӯча мардикоронро қабул накардем. Мо асосан ба он мутахассисоне таваҷҷӯҳ кардем, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия таҷрибаи корӣ доштанд ва дигар наметавонистанд ба онҷо бираванд. Яъне мо ба шаҳрвандон имконият медиҳем, ки фиреби устоҳоро нахӯранд."

Таъсисдиҳандагони сомонаи mardikor.tj мегӯянд, тарҳи онҳо гузинаи дигари бозори мардикорон аст, ки теъдодашон дар Душанбе дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи Меҳроҷ Шеров, ба ҷуз аз ирсоли мутахассисон ба манзили шаҳрвандон, метавонанд коргарони кирояро низ ба назди шахсони эҳтиёҷманд фиристанд: "Агар шаҳрвандон дар хона коре доранд вале танҳоянд, занг зананд, мо одамони худро ба онҷо равон мекунем."

"Кафолат медиҳем, то баъдан гурез-гурез нашавад"

Нушозари Хуршед, аз мубтакирони дигари “мардикорбозор”-и электронӣ дар бораи нархгузории ширкаташон мегӯяд, тайи чанд моҳ ҳаққи хизмати устоҳоро омӯхта, бо назардошти он нархи хизматрасонии худро муайян кардаанд.

Ба гуфтаи Нӯшозар, "ягон кас пешакӣ гуфта наметавонад, ки кори дархостшуда, ки осон ё мушкил аст, чанд сомонӣ мешавад. Устоҳои мо корро мебинанд ва бо соҳиби хона маслиҳат мекунанд, ҳамин қадар пул мешавад. Мо ба корамон кафолат медиҳем. Қаблан ҳолатҳое буд, ки устоҳо дар манзили шаҳрвандон даст ба дуздӣ мезаданд. Мо мехоҳем ин мушкилро ҳал кунем."

Мубтакирони сомонаи “мардикор” мегӯяд, ҳоло тарҳи сомона пурра омода шуда, рӯзҳои наздик баъди аз қайди расмӣ гузаштан, ба фаъолият шурӯъ мекунад.

"Аз давидан дар мардикорбозор хаста шудем"

Аз амалӣ шудани мардикорбозори виртуалӣ бештар аз ҳама устоҳо изҳори қаноатмандӣ мекунанд, зеро мегӯянд аз интизорӣ дар мардикорбозор ва даводав барои муштарӣ, хаста шудаанд. Онҳо акнун метавонанд пешниҳоди корро тавассути ин ширкат қабул карда аз пайи кор шаванд.

Бахтиёр Зиёев, устои 27-сола, ки таҷрибаи панҷ соли сантехникӣ дорад, мегӯяд, хадамоти нав аз он ҷиҳат хуб аст, ки “пеши ягон муштарӣ рафта зора намекунӣ”. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, “пештар ҳар ҷо кор мекардем, ягон кори аниқ надоштем, муҳоҷир мешудем. Мисли давлатҳои пешрафта аст, занг мезананд ва ту ба кор меравӣ. Ҳоло мардикорбозор зиёд шудааст, дар онҷо мешинӣ як муштарӣ меояд, ҳамакаса ба тарафи ӯ медаванд."

Вай гуфт, ин ҳолат то андозае таҳқиромез ҳам аст, чунки устоҳои кори худ бояд муштариро тавалло кунанд, ки ба ҳунари хуби ӯ бовар карда, маҳз ӯро интихоб кунад. Дар натиҷа, ҳолати рақобат миёни устоҳо боиси дилозурдагиву моҷаро дар байни онҳо мешавад. Бахтиёр умедвор аст, ки тарҳи mardikor.tj амалӣ мешавад ва онҳо аз сарсонии коркобӣ халос мешаванд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, 90 дарсади ҳаққи корро онҳо ва 10 дарсади дигарашро ширкат мегирад.

Бо ин ҳама Суннатулло Сафаров, Меҳроҷ Шеров ва Нӯшозари Хуршед бесаброна интизори фаъол шудани сомона ва қабули дархости муштариён мебошанд. Онҳо мегӯянд, дар рӯзи аввали эълони ин хабар аллакай шаҳрвандони зиёде ба онҳо тамос гирифта, кор пешниҳод мекунанд, вале мегӯянд то аз қайди расмӣ гузаштан наметавонанд дархост қабул кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG