Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯз дар "мардикорбозор"-и Душанбе


Дар Тоҷикистон ба камияш 23 "мардикорбозор" амал мекунад, аммо ҳеч ниҳоде то ба ҳол теъдоди мардикоронро ба таври дақиқ ҳисоб накардааст.

Чанд сол боз ҳар субҳ дар атрофи бозори "Шоҳмансур" ва чанд гӯшаи дигари шаҳри Душанбе теъдоди зиёди корҷӯён ҷамъ меоянд, ки аксар онҳоро "мардикор" ва маҳалли таҷаммӯи онҳоро "мардикорбозор" ном мебаранд. Онҳо асосан аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ба пойтахт меоянд ва дар ҳамин нуқтаҳо интизор мешаванд, ки кӣ ба наздашон омада, барои иҷрои кор даъват мекунад. Фармоишгарон аслан ин мардикоронро барои корҳои сохтмонӣ ва кишоварзӣ киро мекунанд.

Хуршед, яке мардикорони назди бозори "Шоҳмансур", 2 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки на ҳама рӯз бозорашон гарм аст: "Як рӯз кор мешавад, 30 ё 40 сомонӣ ба даст меорам, аммо як моҳи дигар бекор мунтазир мемонам. Чунки кор надорам." Яке дигар аз мардикорон мегӯяд, "ҳамин субҳ ба се корхона барои пайдо кардани кор рафтам, вале ҷавоби рад гирифтам, чун мегӯянд кор нест."

Мардикорон дигар аз он шиква кард, ки ӯ посбони коллеҷи компютерӣ ва информатика буд, аммо чун раҳбараш иваз шуд, посбонро иваз кард ва ҳоло ҷияни як муаллима ба ҷойи ӯ посбон шудааст.

Тибқи омори расмӣ, сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия дар муқоиса ба як соли пеш 15 дарсад кам шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки шадид шудани қонунҳои муҳоҷират дар он кишвар, поин рафтани қурби рубли русӣ, сол аз сол зиёд шудани қувваи корӣ ва набуди ҷои кор шумораи мардикоронро дар "мардикорбозор"-ҳо афзудааст. Ба иддаои мақомот, ҷойҳои корӣ вуҷуд доранд, вале мардикорон шуғли ғайрирасмиро нисбат ба кори доимӣ беҳтар мешуморанд.

Як рӯз дар "мардикорбозор"-и Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

Ниёз Қурбонов, муовини раиси Оҷонсии шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки онҳо борҳо барои мардикорон ҷойи корӣ пешниҳод карда, аммо посухи рад гирифтаанд. "Онҳо беҳтар медонанд, ки дар мардикорбозор истанду дар як рӯз 50 ё 100 сомонӣ ёбанд. Вале онҳо ояндаи худро фикр намекунанд, ки собиқаи меҳнатияшон пайдо намешавад ва дар замони пирӣ аз нафақа маҳрум мешаванд," -- афзуд Қурбонов.

Бо вуҷуди он ки теъдоди нуқтаҳои “мардикорбозор” дар тамоми шаҳру навоҳӣ ба 23 адад мерасад, ҳеч ниҳоде шумораи дақиқи мардикоронро намедонад. Чанд сол пеш мақомот барои расмият даровардани фаъолияти мардикорбозорҳо кӯшиш карданд, то заминаи бештар барои дифоъ аз ҳуқуқи онҳо фароҳам гардад.

Ҷамшед Қуддусов, таҳлилгари масоили бозори меҳнат, мегӯяд, ки солҳои пеш мақомоти шуғли аҳолӣ бо ин бозорҳо ҳамкорӣ мекарданд ва ҳатто дар баъзе ноҳияҳо ҷой ҷудо карданд ва хостанд, ки шароити мусоид барои фаъолияти ин бозорҳо фароҳам кунанд: "Вале дар ниҳоят ҳамаи ин ниятҳо бенатиҷа монданд. Чунки сабаб якто аст, дар чунин бозорҳои ғайрирасмӣ, ташкилотчӣ ва ё ин ки идоракунандаҳои ғайрирасмӣ вуҷуд доранд. Ва онҳо инро намехоҳанд."

Дар байни корҷӯён нафароне низ ҳастанд, ки на танҳо маълумоти олӣ доранд, балки солҳои зиёд дар сохторҳои давлатӣ кор кардаанд. Юлдош Тағоев, ки солҳо дар ниҳодҳои қудратӣ кор кардааст, мегӯяд, ба далели боло будани синнаш дар ягон корхона кор пайдо карда наметавонад. Ӯ мегӯяд, ҳоло иҷоранишин ҳаст ва моҳи гузашта 100 сомонӣ пули иҷораашро қарз гирифта додааст. "Дар ин ҳолат дигар намедонам бо фарзандонам куҷо равам ва дар зери кадом истгоҳ хоб кунам?" -- мегӯяд ӯ.

Монанди Юлдош Тағоев дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 90 ҳазор нафар ба мақомоти шуғли аҳолии Тоҷикистон дар бораи бекории худ муроҷиат кардаанд ва дар ин муддат, ба гуфтаи мақомот, наздики 33 ҳазор бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Вале бо ин ҳама нозирони умур бар инанд, ки чунин барномаҳо наметавонанд бекории саросарӣ дар кишварро аз байн бубаранд.

Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 40 ҳазор нафар расман мақоми бекорро доранд. Вале шумораи афроде, ки ба мақомоти шуғли аҳолии кишвар дар мавриди бекории худ муроҷиат накардаанд, ба маротиб бештар буда, қисме аз онҳо дар ҷустуҷӯи ризқ рӯзи худро дар чунин "мардикорбозор"-ҳо бегоҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG