Маъракаи бе "сюрприз" – Пешсафии Путин дар интихобот. ВИДЕО

Владимир Путин

Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия анҷом шуд. Мақомот шоми 18-уми март гуфтанд, ки ҳудуди шаст дарсади афроди қобили раъй дар ин маърака иштирок карданд. Аммо мухолифин мегӯянд, омори аслӣ камтар аз 55 дарсадро ташкил медиҳад.

Кумисюни марказии интихоботи Русия пас аз шумориши ниме аз варақаҳои раъй эълон кард, ки раиси ҷумҳури кунунӣ Владимир Путин 75 дарсад овоз гирифтааст. Дар мақоми дувум номзади ҳизби коммунист Павел Грудинин (13,3​ дарсад), дар ҷои севум раҳбари ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский (6,3 дарсад) ва дар ҷои чаҳорум номзади “Ташаббуси шаҳрвандӣ” Ксения Собчак (1,4 дарсад) истодаанд.

Ксения Собчак

Бино ба ҳисобҳои аввалияи Кумисюни марказии интихоботи Русия, Григорий Явлинский, Борис Титов, Максим Сурайкин ва Сергей Бабурин, номзадщои дигари интихобот, камтар аз якдарсадӣ раъй гирифтаанд.

"Натиҷаҳо чандон тағйир нахоҳанд кард"

Шумориши раъйи сокинон дар Русия ҳамоно идома дорад. Аммо ба назар мерасад, рақамҳои баъдӣ натиҷаҳои аввалияи интихоботро чандон тағйир нахоҳанд дод. Бино ба натиҷаҳои аввалия, Владимир Путин бори чаҳорум дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Ӯ дар интихоботҳои соли 2000, 2004 ва 2012 низ дар даври аввал пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Владимир Путин дар консерт бахшида ба ҳамроҳшавии Қрим ширкат кард

Дар сурати эълони пирӯзии Путин, ӯ даври чаҳоруми раёсаташро моҳи майи имсол оғоз хоҳад кард. Ин раёсати ӯ то баҳори соли 2024 идома мекунад. Владимир Путин шаби 18-уми март дар майдони "Манеж"-и шаҳри Маскав суханронӣ ва аз мардум барои ҳимояту натиҷаи хуб сипосгузорӣ кард.

Натиҷаи назарсанҷиҳо

Бино ба назарсанҷии ВЦИОМ, як созмони наздик ба ҳукумати Русия, Владимир Путин беш аз 73 дарсади раъйи сокинонро соҳиб шудааст. Ин созмон мегӯяд, Павел Грудинин бо беш аз 11 дарсади раъй дар ҷои дувум меистад. Владимир Жириновский бо 6,7 дарсад дар ҷои севум ва Ксения Собчак бо 2,5 дарсади раъй дар ҷои чаҳорум будааст.

Бунёди "Афкори иҷтимоӣ" тарафдории интихобкунандаҳо аз Путинро 77 дарсад шумурдааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Павел Грудинин: Мо шоҳиди чиркинтарин маъракаи сиёсӣ шудем

Аввалин вокунишҳо - "чиркинтарин маъракаи сиёсӣ"

Дар ситоди интихоботии Путин натиҷаи аввалияро "пирӯзии соф" ва "посухи сокинони Русия ба фишорҳои берунӣ алайҳи Кремл" номиданд. Дафтари матбуоти ҳизби "Русияи воҳид" аз қавли раҳбари шӯрои ин ҳизб Борис Гризлов гуфтааст, "имрӯз даҳҳо миллион шаҳрванд ояндаи кишварро барои солҳо, мумкин аст, барои даҳсолашои дигар муайян карданд."

Аммо Павел Грудинин, номзади ҳизби коммунист, ҷараёни интихоботро ношаффоф номид. Ба уавли ӯ, далелҳои гуфтаи Алексей Навалний тасдиқи худро ёфт, ки як нафар метавонад дар чанд қитъаи раъйдиҳӣ овоз диҳад. Павел Грудинин, ки ба эҳтимоли зиёд дар интихоботи президентии Русия ҷойи дуюмро ишғол хоҳад кард, мегӯяд, ин чиркинтарин маъракаи сиёсӣ лар қаламрави собиқ Шӯравӣ буд.

Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерал-демократ, низ аз ҷараёни интихобот норозигӣ кард ва аз мақомоти кишвараш хост, рукнҳои демократияро риоя кунанд. Аз ҷумла ӯ гуфт, "шароит баробар набуд, мунозира набуд, тамоми моҷароҳо сунъӣ буданд, то махсус таваҷҷуҳро ҷалб кунанд. Демократия нест, рақобат нест."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ксения Собчак аз дастовардҳояш дар интихоботи президентии Русия қонеъ будааст

Гузориш аз садҳо мавриди тақаллуб дар интихоботи Русия

Дар ҷараёни райъдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия аз садҳо мавриди тақаллуб дар қитъаҳои овоздиҳӣ гузориш шуд. "Голос", як созмони мустақили назорат бар интихобот, тақрибан 1800 лаҳзаи беназмӣ, бо шумули гузоштани сандуқҳои раъйдиҳӣ дуртар аз камераҳои назоратӣ ва монеаҳо ба кори нозиронро баршумурдааст. Қаблан дар бораи ворид кардани номи афроди фавтида ба рӯйхати раъйдиҳандагон низ гузориш шуда буд.

Дар баъзе аз минтақаҳо, аз ҷумла Хабаровск, мақомот ба хотири ташвиқи мардум барои саҳмгирӣ дар интихобот фурӯши маводи ғизоиро бо тахфиф ё нархи арзон пешниҳод кардаанд.

Масъулони Кумисюни марказии интихоботи Русия гуфтанд, ки дар мавриди баъзе қонуншиканиҳо иттилоъ гирифтаанд, аммо онҳо таъсиргузор нестанд. Дар ситоди интихоботии Путин ҳам гуфтанд, ки ин шикоятҳо ангуштшумор буданд.

Интихоботи Русия – Путин дар масири чаҳорумин даври президентӣ

Субҳи якшанбе дар Русия ва намояндагиҳои расмиаш дар хориҷ раъйдиҳӣ ба интихоботи президентӣ шуруъ шуд. Пешопеш гуфта мешуд, ки Владимир Путин – раиси ҷумҳури кунунӣ – барои як давраи дигар баранда хоҳад шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия овоз дод.

Дар Тоҷикистон барои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия 6 нуқтаи раъйдиҳӣ таъсис ёфта буд.

Дар баробари Путин ҳафт номзади дигар, аз ҷумла Владимир Жириновский, раиси ҳизби либерал-демократ ва Ксения Собчак, ровии телевизион, довталаби курсии президентӣ буданд.

Танҳо рақиби қобили мулоҳизаи ӯ – Алексей Навалний, мухолифи барҷастаи Кремлин – ба иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ аз иштирок дар интихобот манъ шудааст. Навалний бо радди иттиҳомҳо, интихоботи президентиро таҳрим кард ва гуфт, ки интихобот ба маънои интихоби дигарбораи Путин ба ҳайси президенти Русия аст.

Алексей Навалний

Пулиси Маскав эълон кард, ки 17 ҳазор афсар, нирӯи Горди миллӣ ва кормандони дигари амниятиро дар минтақаҳои гуногун дар рӯзи интихобот муваззаф кардааст. Инчунин, сагҳои бӯйгир ваё бомбаёб нуқтаҳои раъйгириро "тафтиш" намуданд.

​Владимир Путин соли 1999 ҷилави қудратро дар Русия ба даст гирифт. Вай ҳоло 65 сол дорад ва 17 соли онро дар курсии раёсати ҷумҳурӣ ва нахуствазири Русия сипарӣ кардааст. Агар дар даври чаҳорум низ ба ин курсӣ такя занад, то анҷоми он ба синни 71 хоҳад расид.

Дар ин бора бештар бихонед:

Бар асоси Қонуни асосии Русия, Путин барои иштирок дар интихоботи президентии оянда ҳаққи иштирок надорад, аммо метавонад аз тактикаи соли 2008 истифода кунад. Дар он сол Путин иҷоза дода буд, ки Дмитрий Медведев барои як давра раиси ҷумҳур шавад ва худаш ба унвони нахуствазир қудратро ҳифз кард.

Дмитрий Медведев

Интихоботи президентии Русия дар ҳоле баргузор шуд, ки равобити миёни Маскаву Лондон бар сари заҳролудшавии ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал дар Бритониё ба шиддат хатчадор шудааст.

Аз тарафи дигар, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 15-уми март алайҳи 19 шаҳрванд ва 5 гурӯҳи русӣ таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Гузориш шудаст, ки ин таҳримҳо умдатан ба далели дахолати ин афрод ва гуруҳҳо дар интихоботи соли 2016 дар Амрико аз тариқи таблиғоти интернетӣ ва ҳамлаҳои кибернетикӣ ҷорӣ шудаанд.