«Дар интихобот ширкат кунед ва ё дар бистаратон марди ҳамҷинсгароеро меёбед». Ҳамин аст, паёми як видеои тарғиботии сербинанда дар Русия, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад. Дар умум дар кишвар аз ҳар роҳ ба мардум фишор меоранд, то дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи март ширкат кунанд.
"Ман ҳамҷинсгароям, инҷо зиндагӣ мекунам"
Ҳама раъй медиҳанд ва ба ман занг мезананд, ки раъй доданд. Набояд дурӯғ гуфт.
Миллионҳо нафар ин тарғиботи барангезандаи нафрат ба ақаллиятҳои ҷинсиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо кардаанд. Ҳадафи он ташвиқи ширкат дар интихоботи Русия аст. Як мард раъй намедиҳад ва худро дар ҷаҳони дигаре меёбад.
- "МАРД: Ин чӣ бало аст?
- ҲАМҶИНСГАРО: Ман ҳамҷинсгароям. Инҷо зиндагӣ мекунам.
- МАРД: Чӣ?
- ЗАН: Ба ту чӣ шуд? Ҳоло бар асоси қонун, ҳар оила ба як ҳамҷинсгарое, ки шарикаш ӯро танҳо гузоштааст, ҷо бидиҳад. Фақат як ҳафтаи дигар монд. Агар то як ҳафтаи дигар шарик пайдо накунед, ту бояд бо ӯ бошӣ.
- ҲАМҶИНСГАРО: Қонун қонун аст."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Видеоро кӣ фармоиш додааст?
Яке аз ҳунарпешаҳо Светлана Галка дар Фейсбук навишт, ки рекламаи тарғиботиро афроди ҳирфаӣ сабт карданд ва онро хандаовар номид. Ба гуфтаи ӯ, Александр Бойков, коргардон аст, ҳарчанд худаш рад кардааст. Ба дархости сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳам ҷавоб надод. Барои ҳамин, возеҳ нест, кӣ видео ташаббуси кист. Аммо Олег Кашин, таҳлилгари мухолифи давлат дар он дасти ҳукуматро мебинад.
«Ман шубҳа надорам, ки ҳукумат ин видеоро фармоиш додааст. Фикр намекунам, ки ягон нафари мустақил ташаббускори тарғиби интихобот ба ин шакл бошад. Дар ин видео, як шаҳрвандро ошкоро ба ахлот монанд кардаанд, ки бояд ӯро лагадкӯб карда ба интихобот баред», - гуфт ӯ.
"Ҳама ба ман занг мезананд, ки раъй доданд ё не"
Раиси ҷумҳур Владимир Путин бовар дорад, ки дар интихоботи рӯзи 18-уми март пирӯз мешавад. Аммо ширкати мардум дар раъйдиҳиро барои машруияти ӯ ҳаётӣ медонанд, чунки соли гузашта дар интихоботи Думаи давлатӣ мардум кам ширкат карданд. Аз саросари Русия гузориш мерасад, ки ҳоло ҳамаро ба раъйдиҳӣ маҷбур мекунанд.
Дар Екатеринбург як профессори донишгоҳ зимни дарс ба шогирдонаш гуфтааст, ки бояд аз устодон ибрат гирифта ва барвақт раъй бидиҳанд. Ӯ гуфтааст, «ҳама раъй медиҳанд ва ба ман занг мезананд, ки раъй доданд. Набояд дурӯғ гуфт, зеро ҳама чиз ошкор мешавад ва онҳо тамоми варақаҳоро сабт мекунанд.»
Талошҳо барои даъвати мардум ба интихобот
Коргузорони бонкҳо аз мудиронашон нома гирифтаанд, ки бояд ширкати тамоми кормандони бонкҳо дар интихоботро таъмин кунанд, ҳатто агар бемор ва ё дар истироҳат бошанд. Дар санад ҷой ва вақти раъйдиҳӣ ҳаст ва ҳам сабаби онки чаро касе раъй надод.
Аммо даъватҳо барои даст кашидан аз ширкат дар интихобот ҳам буд, аз ҷумла рӯзи 28-уми январи имсол. Тазоҳуротро Алексей Навалний, пешвои мухолифон баргузор кард. Худашро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум карданд, ҳарчанд Навалний ин қарори мақомоти интихоботиро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад.
Айни замон талошҳо барои даъвати мардум ба интихобот идома дорад, аз ҷумла бо таронае дар бораи молиёти кам ва таъмири роҳҳо. Ин таронаро телевизиони Новоуралск нишон медиҳад. Дар Русия суоли муҳим он нест, кӣ пирӯз мешавад, балки он аст, чӣ қадар мардум раъй медиҳад ва фарди пирӯзро дастгирӣ мекунад.