Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабақҳои интихоботи президентӣ дар Русия


Дар интихоботи президентии Русия рӯзи 18-уми март ҳашт номзад иштирок мекунанд. Ҳафт нафари чолишбарангез ва президенти феълӣ – Владимир Путин.

Агар дар шаҳр танҳо як ресторан мондаасту дигарон сӯхтаанд, албатта, он маъруф хоҳад шуд.
Гарри Каспаров

Путин дар ягон маъракаи пешазинтихоботӣ иштирок накард ва ба ягон ҳизб ҳам ҳамроҳ нашуд. Расман барои интихобот аз ҷое маблағ нагирифтааст, вале дар асл аз ҳисоби фондҳои наздик ба ҳукумат ва ҳизби “Русияи воҳид” сармоягузорӣ шуд. Вай дар баҳсҳои телевизионӣ ҳам иштирок накард ва ягон платформаи интихоботӣ ҳам ба вуҷуд наовард.

"Ҳама корро мекунем..."

Танҳо рӯзи 1-уми марти имсол ба порлумон паём дод. Ва рӯзи севуми март дар майдон гуфт, “ҳамаи корро мекунем, то фарзандону набераҳоямон хушбахт бошанд.”

Бархе аз муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русия низ гуфтаанд, ки аз Путин тарафдорӣ мекунанд
Бархе аз муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русия низ гуфтаанд, ки аз Путин тарафдорӣ мекунанд

Раиси ҷумҳури 65-сола, ки 17 сол боз ҷилави Русияро дар даст дорад ва бори чаҳорум номзад ба мақоми президентист, бештар ба намоди ин кишвар табдил шудааст, монанди “матрёшка” ваё уқоби дусар. Тарафдорони Путин метавонанд сиёсатмадорони гуногунро танқид кунанд ё аз мушкили зиндагиашон бигӯянд. Аммо ҳаргиз ин мушкилотро ба Путин ва сиёсати ӯ рабт намедиҳанд.

Даҳсолаҳо назорати шадиди Кремл болои расонаҳо ва равандҳои сиёсӣ ба ин оварда расондааст, ки мумкин аст дар ин кишвар аз ҳаққи ками бознишастагӣ ё фасод гуфт, вале ҳамагуна интиқод аз шахси аввал баробари хиёнат баррасӣ мешавад. Баъзан ин шарҳҳо ҳам шунида мешавад, ки ҳатто иддае баргузории интихоботро ба шаъни Путин таҳқир мешуморанд.

"Вақте дар шаҳр як ресторан мондааст"

Бисёре аз русиягиҳо дар пурсишҳо гуфтаанд, ки алтернативаи Владимир Путинро намебинанд ва ин баёнгари вазъи сиёсӣ дар он кишвар аст. Гарри Каспаров, мунтақиди Путин ва шоҳмотбози маъруфи ҷаҳон дар робита ба маҳбубияти Путин гуфтааст, "дӯст дорам бигӯям... агар дар шаҳр танҳо як ресторан мондаасту дигарон сӯхтаанд, албатта, он маъруф хоҳад шуд.”

Гарри Каспаров
Гарри Каспаров

Аммо барномарезони сиёсии Кремл якуним сол пеш барои ин интихобот омодагӣ гирифтанд. Моҳи марти соли 2016 ба ҷои Владимир Чуров, Эмма Памфилова, собиқ масъули ҳуқуқи башар дар назди раёсати ҷумҳури Русия, раиси Кумисюни марказии интихобот шуд.

Раисони минтақаҳое, ки мушкилоташон ҷамъ шуда буд, иваз шуданд. Рӯзи баргузории интихобот ба солгарди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз тарафи Русия таъйин гардид. Созмонҳои ғайридавлатӣ, ки ҷараёни интихоботро назорат ё пеш аз интихобот назарсанҷӣ мегузаронданд, “агентҳои хориҷӣ” эълон шуданд. Раҳбари мухолифин Алексей Навалний бо қарори додгоҳ айбдор ва аз ҳаққи номзадӣ дар интихобот маҳрум шуд.

"Субот муҳимтар аз ҳама чиз"

Аксари русҳо, аз ҷумла ҷавонон, субот дар кишварашонро аз ҳар чизи дигар муҳим медонанд. Онҳо бовар доранд, ки интихобот одилона нест, аммо коре намекунанд. Барои онки фикр мекунанд, ин расмиёт чизеро иваз нахоҳад кард.

Алексей Навалний
Алексей Навалний

Новобаста аз онки майдони сиёсии Русия ба шиддат назорат ва идора мешавад, ҳузури нирӯҳо дар ҳар куҷо ба чашм мерасад. Мардум хуб медонанд, ки пулис ва додрасҳо абзори ҳукумат ҳастанд. Ҳеч интизорӣ вуҷуд надорад, ки як шохаи давлат барои ҳифозат аз ҳуқуқи фарде бо шохаи дигар мухолифат кунад.

Владимир Путин соли 2016 Горди миллиро таъсис дод, ки аз 400 ҳазор нирӯ иборат аст. Ин нирӯҳо дар гузашта барои аз байн бурдан ё пахши тазоҳуроти мухолифин нақши муҳиме ифо кардаанд.

Хулосаи Явлинский

Сиёсатмадор Григорий Явлинский соли 2011 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ фазои сиёсӣ дар Русияро чунин тасвир карда буд, ки аз он вақт дида, ба вазъи имрӯз бештар дуруст мегирад.

"Ҷомеа қудрати тавсиа надорад. Хастагӣ, норозиятӣ ва бегонагӣ рӯ ба афзоиш аст. На танҳо ба ин далел, ки фасод афзоиш ёфтааст, балки инчунин ба далели адами ҳуқуқи инсонӣ ва ҳуқуқ ба моликият. Ин натиҷаи бегонагӣ аст. Тағйир дар ҷое мешавад, ки алтернатива вуҷуд дорад", - гуфта буд Явлинский.

XS
SM
MD
LG