Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Задам, вале намехостам бикушам." Вокунишҳо ба ҳукми вазири собиқ


Акси Қувандиқ Бишимбоев ва ҳамсараш Салтанат Нукенова
Акси Қувандиқ Бишимбоев ва ҳамсараш Салтанат Нукенова

Қувандиқ Бишимбоев, вазири пешини иқтисоди Қазоқистон, ба 24 сол зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро рӯзи 14-уми май ба шиканҷа ва куштани ҳамсараш Салтанат Нукеноваи 31-сола гунаҳкор кард.

Бишимбоев дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт: "Эътироф мекунам, ки ба рӯяш ва ҷойҳои дигар задам, аммо намехостам бикушам. Намедонистам, як торсакӣ метавонад боис ба марг шавад.”

Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, вазири собиқ моҳи ноябри соли 2023 дар дохили тарабхонае ҳамсараш Салтанат Нукеноваро задаву аз мӯйи сараш кашида ба дохили утоқе бурд ва ӯ пас аз чанд соат ҷон дод.

Айтбек Амонгелдӣ, бародари Салтанат Нукенова, мегӯяд, "мо чунин ҳукмро мунтазир будем. Мо дар ҳамин ҷо ба ин қазия нуқта мегузорем. Ин муҳлати кофӣ аст. Дар 24 сол ӯ 68-сола мешавад ва ин ба ҳукми абад баробар аст.”

Муҳокима ва ҳабси тӯлонии Бишимбоевро бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқ паёми ҳукумати Қазоқистон барои хатми беҷазоии элитаи ин кишвар дар баробари хушунат нисбат ба занон меноманд.

Вика Ким аз созмони Human Rights Watch гуфт, "бисёр вақт дар Қазоқистон хушунати хонаводагӣ беҷазо мемонад, бахусус барои шахсони сарватманд. Аз ин рӯ, таваҷҷӯҳ ба ин қазия бисёр зиёд буд."

Ин парвандаи додгоҳӣ боис ба он шуд, ки хушунати хонаводагӣ дар қонунҳои Қазоқистон ҳамчун ҷиноят сабт шавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Вазири собиқ барои қатли ҳамсараш зиндонӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00
XS
SM
MD
LG