Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Идгардак"-ро дар Тоҷикистон расман манъ карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маҷлиси Намояндагон бо қабули як санад идгардаки кӯдаконро дар Тоҷикистон манъ кардааст.

Баҳси таҳриру такмил ва тағйирот ба қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" рӯзи 8-уми май дар порлумон сурат гирифта, ҷузъиёти онро нашрияи расмии "Садои мардум" чоп кард.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, дар ҳузури вакилон сабаби тасмимро "тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон" номидааст.

Баҳси идгардак кардан ё накардани кӯдакон чанд сол боз дар Тоҷикистон идома дорад. Ин мавзуъ дар аввали моҳи апрели имсол баъди расонаӣ шудани як номаи Вазорати маориф ба мактабҳои кишвар бештар доғ шуд. Ин ниҳод омӯзгорони мактабҳоро вазифадор карда буд, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани идгардак чора ҷӯянд.

Дар ин дастур, ки аз номи Вазорати маориф рӯзи 5-уми апрели имсол расонаӣ шуда буд , навиштаанд, ки "...маросим ё анъанаи идгардак, ки дар идҳои Қурбон ва Рамазон аз ҷониби калонсолону кӯдакони хонавода ва ҳамсояҳо доир мегардад, хоси мо нест..."

Он замон баъзе фарҳангшиносон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, идгардаки кӯдакон хилофи урфу одат ё фарҳанги миллии тоҷикон набуда, баръакс, чунин амал меҳру муҳаббатро миёни одамон бештар мекунад.

Иди Фитр ва Қурбон, ду иди мусулмонист, ки дар Тоҷикистон расман рӯзи истироҳат эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо ва сипас зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

XS
SM
MD
LG