Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентии Русия. 6 нуқтаи раъйдиҳӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Бинои сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Русия дар Тоҷикистон 6 нуқтаи раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии ин кишварро таъсис додааст, ки 18-уми март, яъне рӯзи овоздиҳӣ дар саросари Русия, фаъол хоҳанд шуд. Шаҳрвандони Русия, ки муқими Тоҷикистон ҳастанд, метавонанд дар он рӯз ба яке аз нуқтаҳои овоздиҳӣ рафта, ба яке аз 8 номзади президентӣ раъйи худро бидиҳанд.

Дилафрӯз Баротова яке аз онҳоест, ки мехоҳад дар интихоботи имсола овоз диҳад. Дилафрӯз 22-сола мебошад ва соли 2017 баъд аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон якҷо бо волидайнаш шаҳрвандии Русияро дарёфт карда, ҳамзамон тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, шаҳрвандии Тоҷикистонро низ ҳифз кардааст. Ӯ мегӯяд, аъзои хонаводааш тасмим гирифтанд, ки дар оянда “ба хотири зиндагии беҳтар”, ба Русия кӯч банданд.

Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар давоми 20 соли охир соҳиби шиноснома ва мақоми шаҳрванди Русия шудаанд, аз рӯи омори расмӣ то 500 ҳазор нафар мерасад ва бахше аз онҳо мақоми душаҳрвандӣ доранд.

Хонум Баротова рӯзи 5-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тирамоҳи соли гузашта шиносномаи шаҳрвандии Русияро гирифт ва хеле мехоҳад бори аввал дар интихоботи президенти Русия ширкат кунад.

Аммо мегӯяд, мутмаин нест, ки метавонад ба интихобот биравад, зеро, кӯдаки навзод дорад ва метарсад, ки 18-уми март ба сабаби гирифторӣ натавонад ба интихобот биравад. "Аз сӯи дигар, то ҳол аз сафорати Русия ҳеҷ даъватномае барои ширкат дар интихоботро дарёфт накардаам",-афзуд вай.

Замира Ниёзова, як сокини дигари Душанбе, ки инак 20 сол аст соҳиби мақоми душаҳрвандӣ аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмулан сафорат раъйдиҳандагонро ба интихобот ном ба ном даъват намекунад. Танҳо рӯзи интихобот ӯ ҳар дафъа шиносномаашро гирифта, ба сафорат меравад ва номашро дар феҳристи овоздиҳандаҳо ворид карда, раъй медиҳад.

Мария Жукова, сухангӯи сафорати Русия дар Тоҷикистон 5-уми март дар сӯҳбати бидуни сабт ба Радиои Озодӣ шарҳ дод, ки 18-уми март қарор аст дар саросари Тоҷикистон 6 нуқтаи раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия ташкил шавад. Дар шаҳри Душанбе имсол шаҳрвандони дорои шиносномаи Русия метавонанд дар Маркази мавсум ба “Россотрудничество” ё Маркази илму фарҳанги Русия ва дар шаҳри Хуҷанд дар бинои консулгарии Русия раъй диҳанд. Чаҳор маркази дигари овоздиҳии шаҳрвандони Русия дар қисмҳои низомии пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон таъсис шудаанд.

Лидия Исамова, хабарнигори оҷонсии РИА Новости дар Тоҷикистон гуфт, ки теъдоди шаҳрвандони Русия дар ин кишвари Осиёи Марказӣ андак нест ва ба ин далел, мақомоти Русия талош дорад, ки шароити озоди раъйдиҳии шаҳрвандонашро таъмин созад.

Хонум Исамова афзуд, соли гузашта бахши консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванди Русия расман сабтином шудаанд ва дар тамоми кишвар теъдоди нафарони дорои шиносномаи Русия бамаротиб бештар аст.

Лидия Исамова.
Лидия Исамова.

Ба гуфтаи Лидия Исамова, чун миёни Тоҷикистон ва Русия муқаррароти душаҳрвандӣ роҳандозӣ шудааст, садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷике, ки шаҳрвандии Русияро доранд, бевосита дар қаламрави Русия дар интихобот ширкат хоҳанд кард. "Дар Тоҷикистон бахши калони овоздиҳандаҳо - ҳудуди 6 ҳазор низомии пойгоҳи 201-и Русия дар овоздиҳӣ иштирок мекунанд. Ба ин шумора аъзои хонаводаи онҳо ҳам илова мешавад",-афзуд Исамова.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ки омори дақиқи шумораи шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон дар даст нест. Аз ҷумла, Мария Жукова гуфт, ки бархе аз шаҳрвандон дар Тоҷикистон ҳастанду бархе дигар дар Русия ё кишварҳои дигар ва теъдоди дақиқи раъйдодагон шоми 18-уми март баъди ҳисобу китоби овоздодаҳо, маълум мешавад. Вале ҳоло мақомоти сафорат шаҳрвандони Русияро барои додани овози худ рӯзи 18-уми март тавассути вебсайти сафорат даъват кардааст.

Айни замон, бархе коршиносон дар дохили Тоҷикистон мегӯянд, бо ин ки дар ин кишвар таваҷҷӯҳ ба ҳаёти сиёсии Русия ба хотири зиёд будани шабакаҳои телевизионӣ ва расонаҳои интернетӣ эҳсос мешавад, эҳтимол аст, ки мардум фаъолона дар интихоботи ин кишвар иштирок кунанд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик.

Парвиз Муллоҷонов, як сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, масъала дар донишҳои заъифи сиёсӣ аст ва бахши асосии қишри соҳиби душаҳрвандӣ мардуми оддӣ ҳастанд, ки ба хотири шароити беҳтари кору зиндагӣ, на фаъолиятҳои сиёсӣ соҳиби шиносномаи Русия шудаанд.

Парвиз Муллоҷонов дар ин бора гуфт: “Он идда аз шаҳрвандони тоҷиктабори Русия, ки маълумоти олӣ доранд, метавонанд ба номзади арзанда раъй диҳанд. Аммо бештаре аз шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон, аз ҷумлаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд ва фикр накунам, ки онҳо аз лиҳози сиёсӣ барои интихоби номзади сазовор омода бошанд”.

Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар давоми 20 соли охир соҳиби шиноснома ва мақоми шаҳрванди Русия шудаанд, аз рӯи омори расмӣ то 500 ҳазор нафар мерасад ва бахше аз онҳо мақоми душаҳрвандӣ доранд. Аз рӯи қонун ҳақ доранд дар ҳудуди Тоҷикистон ё Русия зиндагӣ кунанд. Танҳо аз рӯи барномаи давлатии “Переселение” ё кӯч бастан ба манотиқи Русия, аз соли 2013 то 2017 ҳудудан 5 ҳазор нафар соҳиби ҳаққи расмии ширкат дар ин барнома шудаанд. Ин барнома ҳам дарёфти шаҳрвандиро осон мекунад.

Тоҷикистону Русия ҳамдигарро шарики стратегӣ меноманд ва Душанбе то соли 2042 ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русияро дар қаламраваш иҷозат додааст. Ин азимтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷи кишвараш арзёбӣ мешавад. Айни замон, ҳамасола ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷойи кору маоши муносиб дар Русия ба сар мебаранд. Бархе аз онҳо гирифтани шаҳрвандии Русияро шонси даромади пулии беҳтар барои худ ва оилаашон медонанд.

Зимнан, мақомоти Комссияи интихоботии Тоҷикистон мегӯянд, ки барои назорат аз интихоботи Русия, ки интизор меравад бо пирӯзии президент Владимир Путин анҷомад, чор намояндаи ин ниҳод сафарбар мешаванд.

Насли Путин дар интихоботи Русия аз кӣ пуштибонӣ мекунад?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:01 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG