Нуриддин Қаршибоев: "Худсензура дар Тоҷикистон зиёд шудааст"

Нуриддин Қаршибоев. Акс аз 27-уми июли 2026

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ вазъи расонаҳоро дар шароити имрӯза "муташанниҷ" номида, гуфт, солҳои охир дар кишвар "худсензура зиёд шудааст". Нуриддин Қаршибоев афзуд, "бештари рӯзноманигорони ҷавон ва блогерон пас аз суҳбатҳои ба истилоҳ "дӯстона" аз ҷониби мақомот кӯшиш мекунанд ҳамон мушкилеро, ки пешорӯйи онҳо аст, баррасӣ накунанд."

Мусоҳиба рӯзи 27-уми июл, дар остонаи иҷрои тарҳе анҷом шуд, ки рӯзноманигорону блогеронро дар Тоҷикистон ба омӯзишҳои гуногун ҷалб намуда, ҳамзамон ба онҳо барои ҳимоят аз худашон ёрии ҳуқуқӣ мерасонад. Хабарнигорони мо нахуст аз Нуриддин Қаршибоев пурсиданд, ки ҳадафи тарҳи "Эҷоди муҳити амн барои кори рӯзноманигорон ва блогерҳо" чист ва чӣ аҳамият дорад?

Сабаби асосӣ оғози парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба баъзе аз ҳамкасбони мо аст, ки онҳо бо ҳар гуна иттиҳом солҳои тӯлонӣ ба зиндон андохта шуданд. Ин худаш ҳушдоре буд, ки эҳтиёт бошед, ки Шумо низ ба ҳамин рӯз гирифтор шуда метавонед.

Нуриддин Қаршибоев: "Самти аз ҳама муҳими он расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба журналистон ва блогерон аст. Онҳо дар ҳолати дучор омадан ба ин ё он душворӣ, метавонанд ҳам аз тариқи чат-бот ва ҳам ба воситаи паёмрасону почтаи электронӣ ба мо муроҷиат кунанд ва ба суолҳои худ посух гиранд. Бахши дигари фаъолияти мо ин баланд бардоштани саводи расонаии ҳам рӯзноманигорон ва ҳам мухотабони онҳост. Ҳоло дар фазои маҷозӣ иттилои дурӯғ бисёр шудааст. Бояд онҳо малакаи фарқ кардани хабари бардурӯғро аз иттилооти воқеӣ дошта бошанд. Идея дар бораи ин тарҳ ду сол пеш матраҳ шуда буд. Мо дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбон аз Фаронса барои роҳандозии як барномаи фарогир дар Осиёи Марказӣ тасмим гирифтем ва ин барнома имсол шуруъ шуд. Барномаи дусола аст."

Радиои Озодӣ: Блогерон ё рӯзноманигорон дар бораи кадом душвориҳо бо Шумо дар тамос буданд?

Нуриддин Қаршибоев: "Мутаассифона, мушкили аслӣ дастрасӣ ба иттилоъ аст. На дар ҳама вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ муҳим будани дастрасӣ ба иттилоъро дарк мекунанд. Бештари рӯзноманигорон ба ҳамин душворӣ дучор меоянд. Дар баробари ин, мушкилиҳои дигар ҳам аст. Яъне, баъзе таъқибҳо, даъватҳои ғайриқонунӣ ба мақомот. Мо ин гуна масоилро бидуни ошкор кардани ҷонибҳо ҳаллу фасл мекунем."

Радиои Озодӣ: Мавридҳое шудааст, ки блогерон ё рӯзноманигорон аз гуфтани мушкилиҳои худ тарсида бошанд?

Нуриддин Қаршибоев: "Худсензура дар Тоҷикистон дар солҳои охир бисёр зиёд ба назар мерасад. Бештари журналистони ҷавон ва блогерон баъди дучор омадан ба мушкилот, баъди суҳбатҳои "дӯстона" аз ҷониби мақомот, кӯшиш мекунанд ҳамон мушкиле, ки пешорӯи онҳо аст, баррасӣ накунанд. Яъне, сатҳи худсензурӣ боло рафтааст. Мо дар нишастҳо ва суҳбатҳо ба ҳамкорони худамон, ба ҷавонон, ба блогерон мефаҳмонем, ки пинҳон доштани мушкилот ин роҳи ҳалли масъала нест."

Радиои Озодӣ: Шумо аз худсонсурӣ гуфтед. Ин ҷо худи журналистон айбдоранд ё омилҳои дигар аст, ки онҳоро ба чунин аҳвол расондааст?

Нуриддин Қаршибоев: "Сабаби асосӣ оғози парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба баъзе аз ҳамкасбони мо аст, ки онҳо бо ҳар гуна иттиҳом солҳои тӯлонӣ ба зиндон андохта шуданд. Ин худаш як сигнале буд, як ҳушдоре буд, ки эҳтиёт бошед, ки Шумо низ ба ҳамин рӯз гирифтор шуда метавонед. Омили дигар аз ҳуқуқи худ бархудор набудани ҳамкасбони мо аст."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Замонаи "ҳай бале!" ва "оқибатандешӣ"-и матбуоти Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Чанд рӯз пеш ду рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ бар асоси қонуни афв озод шуданд. Оё бо онҳо тамос доштед ва ё аз ҷониби худи онҳо ягон муроҷиат буд барои кори минбаъдаашон?

Нуриддин Қаршибоев: "Мо аз озод шудани ин ду ҳамкасбамон бисёр қаноатманд ҳастем. Дар сурати муроҷиат кардани онҳо, сарфи назар аз он ки узви Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳастанд ё не, ёрии худро дареғ нахоҳем дошт."

Радиои Озодӣ: Бо таваҷҷуҳ ба номи тарҳе, ки Шумо сари он кор мекунед, то куҷо як муҳити амн барои кори рӯзноманигорону блогерон вуҷуд дорад?

Нуриддин Қаршибоев: "Нақзи рӯйирости ҳуқуқи журналистон ва блогерон ба назар намерасад. Баъзе амалҳои ғайриқонунӣ ба таври пинҳонӣ аз ҷониби бархе масъулини мақомоти давлатӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Барои тарс додани журналистон, ки ба мавзуъҳои ҳассос даст назананд. Шамол аз кадом тараф вазиданашро мо хеле хуб дарк мекунем. Лекин чизи дигар ин аст, ки мо нақзи ҳуқуқи хабарнигоронро таҳаммул карда наметавонем. Касоне, ки дар доираи қонун ба дастрасӣ ба иттилоот ва фаъолияти касбӣ ҳуқуқ доранд. То ҳадди имкон кӯшиш мекунем, ки ҳамин гуна ҳодисаҳо камтар рух диҳанд, то ин ки журналист бояд аз кори худаш ҷабр набинад. Барои ин, пеш аз ҳама савияи дониш ё маърифатии ҳуқуқии журналистон бояд баланд бошад. Ҳамзамон масъулин низ барои боло бурдани маърифати ҳуқуқии худ ба омӯзиш ниёз доранд. Онҳо бояд дарк кунанд, ки давлати Тоҷикистон дар Конститутсия ҳуқуқбунёду дунявӣ эълон шудааст ва бояд дар ин ҷомеа ҳар кас ба кори худ бе хавотирӣ аз амнияти худаш машғул бошад."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Худсензура дар Тоҷикистон зиёд шудааст”

Дар чаҳор соли охир, аз 2022 то 2026, дастикам даҳ рӯзноманигору блогер дар Тоҷикистон, ки баъзеи онҳо танҳо мушкилоти иҷтимоиро бозтоб медоданд, дастгир ва бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Худашон иттиҳомҳоро напазируфтанд. Се нафари онҳо бар асоси қонуни афв моҳи июли имсол аз зиндон озод шуданд.