Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи озодии баён дар Узбекистон "буҳронист", аммо беҳтар аз Тоҷикистон


Узбекистон дар радабандии созмони ҳомии ҳуқуқи “Article-19”, ки қароргоҳаш дар Бритониёст, дар миёни 161 кишвари дунё мақоми 132-умро касб кард.

Созмон бо вуҷуди як зина боло рафтани мавқеи Узбекистон дар радабандии нави озодии баён нисбат ба соли гузашта онро дар миёни кишварҳое ҷой додааст, ки “озодии баён дар онҳо дар вазъи буҳронӣ қарор дорад”.

Тибқи радабандӣ, сатҳи озодии баён дар Узбекистон назар ба Қирғизистон (зинаи 113)-у Қазоқистон (120) бадтар ва нисбат ба Тоҷикистон (зинаи 151)-у Туркманистон (157) беҳтар аст.

Сатҳи озодии баён дар Дания, Швейтсария, Шветсия, Белгия ва Эстония беҳтарин ва дар Кореяи Шимолӣ бадтарин гуфта шудааст.

Таҳиягарони радабандӣ сатҳи озодии баёнро дар кишварҳо бар асоси 25 нишондҳанда, аз ҷумла сензура дар Интернету расонаҳо, озодии динӣ, озодӣ дар доираҳои илмию фарҳангӣ ҷой додаанд.

XS
SM
MD
LG