Низоми нави назорат ба муҳоҷирон. Маҷрои қонунӣ ё фишори бештар?

Акс аз бойгонӣ

Дар Русия система ё низомеро ба кор андохтанд, ки маҳрум кардани муҳоҷиронро аз патент ё иҷозаномаи кор дар ин кишвар осон мекунад. Расонаҳои давлатии Русия рӯзи 10-уми август хабар доданд, ки агар муҳоҷири корӣ аз ин ба баъд пешпардохти ҳатмиро барои патент сари вақт насупорад, иҷозаномаи ӯ ба таври худкор беэътибор хоҳад шуд.

Системаи худкор ё автоматии назорати патентҳо яке дигар аз талошҳои ҳукумати Русия барои назорати ҳузури муҳоҷирон аст. Қарор дар бораи ин система аввали моҳи август қабул шуд ва бар асоси он ҳар муҳоҷире, ки дар Русия бо иҷозаномаи кор ё патент фаъолият мекунад, бояд ҳар моҳ аз 1200 то 1700 рубл пешпардохт кунад, то патенташ бекор нашавад.

Коргар чӣ масъулият дорад, корфармо чӣ?

Қаблан кормандони давлатӣ тафтиш мекарданд, ки оё муҳоҷир пули ҳатмии пешакиро пардохтааст ё не. Агар диданд, ки пул нагузаштааст ё муҳоҷир расиди пардохтро надорад, патенти ӯро беэътибор мекарданд. Ҳоло дигар касе дар миён нест ва фақат системаҳои компютерии ба ҳам васли Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати молияи Русия мебинанд, ки оё муҳоҷир пули ҳатмии пешакиро додааст ё не. Агар пул набуд, ҳамон рӯз дар системаи мақомоти Русия патенти ҳар муҳоҷир беэътибор мешавад.

Дар ин сурат корфармо ҳам маҷбур аст, ки муҳоҷирро аз кор ҷавоб диҳад, зеро мақомот метавонанд, худи ӯро аз 800 ҳазор то 1 миллион рубл ҷарима банданд. Аҳволи худи муҳоҷир ҳам бадтар мешавад, зеро бе патенти корӣ ҳузури ӯ дар Русия ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад ва дар сурати афтодан ба дасти пулис ӯро ё ҷарима мебанданд ё ихроҷ кардаву барои панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мекунанд.

Инро ҳам хонед:

Патент дар Русия гарон шуд. Дар кадом шаҳр чӣ қадар?

Вазорати корҳои дохилии Русия аз муҳоҷирон ва корфармоёни онҳо хостааст, ки зимни пешпардохти ҳаққи патент ному насаби коргар, соли таваллуд ва рақами мушаххаси молиётсупор ё андоздиҳандаро дурусту дақиқ нависанд. Нодуруст навиштани як ҳарф ё рақам метавонад муҳоҷири кориро дар як лаҳза аз патент маҳрум кунад.

Аз тарафи дигар, муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик одате доранд, ки пули ҳатмиро як рӯз пештар аз санаи даркорӣ мепардозанд, ки мумкин аст, он рӯзе дертар расад. Дар ин ҳолат системаи худкор касеро намебахшад ва патентро беэътибор мекунад. Барои ҳамин, ба муҳоҷирон тавсия додаанд, ки пешпардохт барои патентро на камтар аз 5 ё 7 рӯз супоранд ва ба рӯзи охир нагузоранд.

Видео дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Путин ихроҷи муҳоҷиронро осонтар кард

Маҷрои қонунӣ ё фишори бештар?

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки ҳадаф аз ин кор ба маҷрои қонунӣ даровардани муҳоҷирати корӣ ва роҳ надодан ба фаъолияти ғайриқонунии хориҷиён, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик дар он кишвар аст. Яъне, аз ин роҳ муҳоҷир пинҳон ва бо тарсу ларз аз маъмурони пулис кор намекунад, ҳуқуқи ӯ ҳам зери по ва ё худаш аз тарафи корфармое истисмор намешавад.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ ба роҳ андохтани системаи навро идомаи талошҳои мақомоти Русия барои ба танг овардани муҳоҷирон ва ҳамингуна берун кардани онҳо аз кишвар медонанд. Сабаби дигар, ба гуфтаи онҳо, ба самти дигар бурдани афкори умуми Русия аз ҷанги Украина аст, ки мухолифон ва норозиёни он дар кишвар рӯз ба рӯз бештар мешаванд.

Владимир Путин

Дигар ин ки дар ду соли ахир дар Русия тамоюли муҳоҷирситезӣ бисёр зиёд шудааст ва мақомоти кишвар муҳоҷирони кориро сабаби афзоиши ҷинояткорӣ меноманду қонунҳои зиёде қабул ҳам кардаанд. Масалан, ҳафтае пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бастаи қонунҳоеро қабул кард, ки иҷоза медиҳад, муҳоҷири корӣ, ё ҳар хориҷии дигарро бо як баҳонаи ночиз аз қаламрави кишвар берун кунанд.

Акнун дар Кодекси нави маъмурии Русия 45 моддае ҳаст, ки дасти мақомоти интизомиро барои ихроҷи муҳоҷир бозтар мекунад. Аз ҷумла, барои паст задани шаъну эътибори инсон дар Интернет, ба ҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ ва бадном кардани нерӯҳои мусаллаҳи Русия. Қаблан дар ин кодекс танҳо 22 моддае буд, ки имкон медод, муҳоҷирро аз қаламрави Русия берун кунанд.