Ҷанги нафсу виҷдон. Филми зидди кӯдакрабоӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Файзуллои Файз

Филми нави “Таксӣ”, ки аввали ҳафта дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ҳодисаи рабуда шудани як кӯдаки ҳафтсола дар шаҳри Душанберо ба тасвир кашидааст. Файзуллои Файз – коргардони филм – рӯзи 6-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса воқеӣ буда, соле қабл дар пойтахт рух дод ва вокунишҳои зиёдро ба бор овард.

Пурсарусадотарини онҳо – нопадидшавии Сабинаву Малика Араловаҳо аст, ки соли 2013 аз назди маркази тиҷоратии “Садбарг” беному нишон шуданд ва то ба ҳол на пулис ва на наздикон ҷузъиёти ин фоҷиаро намедонанд.

Ӯ гуфт, нақши асосии филм, яъне ронандаро Абдукарим Машрабов, ҳунарманди ҷавони тоҷик, бозидааст. “Як ронандае, ки мисли садҳо нафари дигар аз мардум ҳамсару фарзанди бемор дорад ва шабурӯз кор мекунад, то пул ба даст биёрад. Аммо пешорӯяш нафсу виҷдон истодааст ва бояд якеро интихоб кунад”, - афзуд Файзуллои Файз.

Коргардон мегӯяд, рӯзе муштариёни ронандаи “Таксӣ” кӯдакеро бо дасту пойи баста дар бағоҷи мошин гузошта, аз ӯ хостаанд, то “бор”-ро ба ҷойи зарурӣ расонад, дар иваз пули калон бигирад. Файзуллои Файз гуфт, “барои ронанда, ки писараш дар бистари беморӣ буд, ин беҳтарин имкон буд, вале виҷдонаш нагузошт, кӯдакро ба дасти ҷинояткорон супорад. Вай кӯдакро ба дасти пулис расонд, аммо худаш қурбон шуд.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷанги нафсу виҷдон. Филми зидди кӯдакрабоӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳадди ақал панҷ ҳодисаи нопадидшавии кӯдакон ва пайдошавии ҷасади онҳо дар се соли ахир расонаӣ шуда, нигаронии ҷомеаро ба бор овардааст. Пурсарусадотарини онҳо – нопадидшавии Сабинаву Малика Араловаҳо аст, ки соли 2013 аз назди маркази тиҷоратии “Садбарг” беному нишон шуданд ва то ба ҳол на пулис ва на наздикон ҷузъиёти ин фоҷиаро намедонанд.

Малика ва Сабина Араловаҳо

“Ростӣ, идеяи филм бароям ҷолиб буд. Ба ҷуз аз таксӣ саҳнаҳои дигари зиёд надорем. 27 дақиқа филм дар дохили як таксӣ мегузарад. Аммо аз сохтани ин филм хушам омад. Аз тарафи дигар, фикр кардам, ки мавзӯи кӯдакрабоӣ вақтҳои охир доғ шудааст. Сабабҳояшро дар филм ифода кардем, аммо қазоват ба худи бинанда аст”, - гуфт Файзуллои Файз.

Коргардони ҷавон мегӯяд, мавзӯъҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаро дӯст медорад ва ҳадаф аз таҳияи ин филм ҳам ҷилавгирӣ аз мавридҳои кӯдакрабоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Зоҳиран тамошобинони нахустини ин филм дар Душанбе низ аз сужаву тарзи тақдими он то ҳадде розӣ буданд. Онҳое ҳам, ки дар намиши нахустини ин филм ҳузур доштанд, аз рӯи навор овардани чунин як ҳодисаи воқеӣ истиқбол мекарданд.

Дилафрӯз Қурбонӣ, як сокини Душанбе, ки дар нахустнамоиши филм иштирок кардааст, гуфт, то ҳанӯз дар синамои тоҷик дар бораи ин мавзӯъ филме ба навор гирифта нашудааст. Ӯ гуфт, бо онки филм кӯтоҳ ва аксари саҳнаҳо дар дохили як таксӣ наворбардорӣ шудаанд, барои бинанда таъсирбахш асту бозгӯи ҳодисаҳои ҳақиқӣ. “Дар кулл филм ба ман хеле писанд омад. Бо ин гуна мавзӯъ ва кор метавон дар саҳнаву ҷашнвораҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок кард”, - гуфт Дилафрӯз Қурбонӣ.

Муваффақияти ин филмро синамошиносон бештар дар он медонанд, ки коргардон филмро аз рӯи як ҳодисаи воқеӣ, на қиссаи бофта таҳия кардааст. Зеро, ба назари мунаққидон, ҳар филме ки аз мушкили доғи ҷомеа қисса мекунад, бештар ба дили бинанда роҳ меёбад.

Сафари Ҳақдод

Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, ки аз аввалин бинандаи ин филм аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “вижагии ин филм касбият ва диди тозаи коргардони ҷавонро бозгӯ мекунад ва ин имкон медиҳад, коргардон дар эҷоди филмҳои калонҳаҷм ҳам муваффақ шавад.”

Файзуллои Файз муддати панҷ сол мешавад, ки дар риштаи филмофарӣ кор мекунад. Ӯ то имрӯз чаҳор филми дигар – “8-уми март”, “Дар ҳеҷ макон”, “Бе нафас” ва "Таърихи мустанади Тоҷикистон"-ро рӯи навор овардааст. Тавре худаш мегӯяд, ҳоло бо рушди фанновариҳо имкон бештар мешавад, то филмҳои кӯтоҳро бар асоси мушкилоти доғи ҷомеа рӯи навор овард.