Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи "кӯдакрабоён" ниҳоӣ шудааст (ВИДЕО)


Акси Матлуба Аҳмедова
Акси Матлуба Аҳмедова

Таҳқиқи парвандаи ду нафари муттаҳам ба кӯдакрабоӣ дар Душанбе ниҳоӣ шуда, ба зудӣ ба дасти додгоҳ хоҳад расид. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 15 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи парвандаи Матлуба Аҳмедова ва Раҳмоналӣ Ғиёсовро муфаттишони Додситонии кулл ба поён расондаанд.

Тафтишот маълум кардааст, ин гурӯҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе манзилеро ба иҷора гирифта ва Ф.Б.-и ноболиғро баъди рабуда шудан бояд ба он манзил мебурданд.

Умарҷони Эмомалӣ гуфт, алайҳи ин ду нафар бар пояи моддаи 130-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “одамрабоӣ” парванда боз шуда, дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Ин мусоҳиби Радиои Озодӣ сарусадо дар бораи гӯиё қатъ шудани парванда алайҳи Матлуба Аҳмедова ва хабари раҳоии ӯ аз боздоштгоҳро рад кард ва гуфт, “ин ҳарфҳо асос надоранд”.

Ин дар ҳолест, ки дар Душанбе сарусадои дар мақомоти корҳои дохилӣ кор кардани яке аз наздикони Матлуба Аҳмедова паҳн шудааст ва бар асоси ин овозаҳо эҳтимол ӯ аз ҷавобагарӣ озод шудааст. Иттилое, ки мақомот тасдиқ накарданд.

Рӯзи 25 июли имсол матбуот аз ошкор шудани як гурӯҳи муташаккил хабар дод, ки ба эҳтимоли зиёд дар чанд соли охир ба кӯдакрабоӣ дар Душанбе машғул будааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда ва гуфта буд, се нафар аз аъзои ин гурӯҳ замоне боздошт шуданд, ки қасди дуздидани Ф.Б. - як духтари 7-соларо доштанд.

Сӯҳбати Фарангис Бадалова:

Боздошти се нафар бо иттиҳоми кӯдакрабоӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”-и пойтахт, дақиқан дар ҳамон мавзее рух додааст, ки хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳо ва баъдтар Осияи 5-сола гум шуданд. Хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳо моҳи марти соли 2013 нопадид шуда, то ҳол дар куҷо будани онҳо маълум нест. Аммо наздикони Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола ҷасади ӯро аз шаҳри Ҳисор ёфтаанд. Ин ду ҳодисаи мудҳиш бисёриҳоро дар Тоҷикистон аз назари набуди амнияти кӯдакон дар кишвар нигарон кард.

Малика ва Сабина Араловаҳо
Малика ва Сабина Араловаҳо

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, Ф.Б.-и ҳафтсола, ки бо талоши кормандони фаврии Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД баъди тақрибан 20 дақиқаи рабуда шуданаш озод карда шуд, сокини ҳамон бино ва аз ҳамсояҳои Араловаҳо будааст. Он замон гуфта мешуд, раҳбари ин гурӯҳи ҷиноӣ Матлуба Аҳмедова, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе ва муассиси маркази маҳси “Маҳдия” дар хиёбони Айнии пойтахт мебошад. Як узви дигари ин гурӯҳ - корманди тиб Ғиёсов Раҳмоналӣ Эмомалиевич, бародари шафқати маркази тиббии воқеъ дар маҳаллаи “Советский”-и Душанбе будааст.

Тафтишот маълум кардааст, ин гурӯҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе манзилеро ба иҷора гирифта ва Ф.Б.-и ноболиғро баъди рабуда шудан бояд ба он манзил мебурданд. Ҳангоми кофтукоб аз ин манзил асбобу олоти ҷарроҳӣ, сӯзандоруву ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд. Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандоруи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеи мадҳушкунанда омехта шудааст.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи таҳқиқи аввалияи ин қазия ин хулосаро ба матбуот доданд, ки, ки гумонбари асосӣ Матлуба Аҳмедова ба ҳодисаҳои ҳамсон дар солҳои пеш рабт надорад ва қазияи рабуда шудани духтарчаи ноболиғ аз ҷониби ин занба хусумати шахсии ӯ ва модари ноболиғ пайванд мегирад.

Ҷасади Осияро аз шаҳри Ҳисор ёфтанд
Ҷасади Осияро аз шаҳри Ҳисор ёфтанд

Фарангис Бадалова, модари навраси рабудашуда ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 17 июли имсол, баъди як моҳи гум шудани сейф аз маркази маҳси зери раҳбарии Матлуба Аҳмедова, ин зан ба вай занг зада ба забони русӣ таҳдид кардаст. Бадалова иддао дорад, ки Аҳмедова занг зада ба ӯ гуфтааст: “Ман туро ва духтаратро нобуд мекунам". Ман пурсидам, ки "ин таҳдид аст?", вай дар ҷавоб гуфт, ки "ин огоҳӣ аст.»

Аз рӯи иттилои Бадалова, дар дохили сандуқ як миқдор пул ва санадҳои Аҳмедова нигаҳдорӣ мешуд. Рӯзи 16 июн сандуқи пули марбут ба Аҳмедова аз ин маркази маҳс нопадид шуд ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур Бадаловаро ҳамчун гумонбари аслӣ ба бозпурсӣ даъват карда аз соати 9 субҳ то 9 шом ба ӯ саволҳо додааст. Ба қавли Бадалова, баъди он ки пулис ба бегуноҳии ӯ бовар карда ӯро дигар дар ин қазия "гумонбар" арзёбӣ накард, 17 июл Матлуба ба ӯ занг зада нахуст таҳдид ва рӯзи 20 июл дуздии духтарчаашро ташкил кард.

Иттилои тоза дар бораи теъдоди гумшудаҳо дар Тоҷикистон дар даст нест. Аммо бар асоси иттилои соли 2013 дар кишвар 232 ноболиғ гум шуда, дар пайи ҷустуҷӯ 227 нафарашон дарёфт карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG