Назарҳо:"Эрон дар рафъи ҳамлаҳои Амрико оҷиз аст, аммо на дар интиқом"

Оқибати як ҳамлаи Исроил ба Теҳрон дар рӯзи 13-уми июни соли 2025.

Коршиносон мегӯянд, ки Эрон дар сурати ҳамлаи эҳтимолии ҳавоии Амрико тавони дафъи онро нахоҳад дошт, вале дорои имконотест, ки метавонад ба манофеи низомӣ ва тиҷории ИМА дар минтақа зарбаҳои ҷавобӣ занад.

Дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида ҷангафзорҳои қавии худ, аз ҷумла як киштии ҳавопаймобар ва ҳавопаймоҳои иловагиро ба Ховари Миёна фиристодааст, Эрон худро барои ҳамлаи эҳтимолӣ омода мекунад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, таҳдид кардааст, ки дар посух ба саркӯби хунини эътирозгарони зиддиҳукуматӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ зарба хоҳад зад. Коршиносон бовар доранд, ки агар Трамп барои оғози амалиёти низомӣ фармон диҳад, Теҳрон дар амри ҷилавгирӣ ва ё рафъи ҳамлаи ҳавоӣ оҷиз хоҳад буд.

Айни замон ба гуфтаи таҳлилгарон, нотавонӣ ба маънои он нест, ки Эрон наметавонад, ба зидди манофеи низомӣ ва тиҷории Амрико дар минтақа зарбаҳои интиқомҷӯёна бизанад.

Коршиносон ба он ишора мекунанд, ки Эрон мусаллаҳ бо мушакҳои баллистики пешрафта, мушакҳои пастпарвоз ва паҳподҳои ҷангиву ва қотил аст.

Дар ҷараёни ҷанги 12-рӯзаи моҳи июни гузашта, Исроил ба зербунёдҳои низомии Эрон, аз ҷумла марказҳои тавлиди мушак зарба зада буд. Ҳамлаи Исроил ба радарҳо ва сомонаҳои дифои ҳавоии С-300-и сохти Русия, тавони Эронро барои рафъи ҳамлаҳои ҳавоӣ заифтар кард. Дигар ин ки нерӯҳои ҳавоии Эрон низ фарсуда ва кӯҳна шудаанд.

Бо вуҷуди ин, Эрон тавонист, садҳо мушаки баллистикро ба Исроил партоб кунад. Даҳҳо мушак, ки асосан иншооти низомиро ҳадаф гирифта буданд, сипари дифоии муқтадири Исроил рахна кардаву гузаштанд.

Майкл Ҳоровитз, коршиноси мустақили умури дифоӣ дар Исроил, мегӯяд: «Аз назари тавоноиҳои маҳз дифоӣ, Эрон амалан бараҳна аст». Аммо ӯ афзуд, Эрон «ҳанӯз дорои анборҳои бузурги мушакҳои кӯтоҳбурд ва миёнбурд аст, ки метавонанд ба осонӣ пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёнаро нишон гиранд. Ҳамчунин мушакҳо ва паҳподҳоеро дорад, ки эҳтимолан барои ҳадаф қарор додани киштиҳои амрикоӣ истифода хоҳад кард».

Дар моҳи июн Исроил ба чанд таъсисот дар атрофи Теҳрон, аз ҷумла маҷмааи низомии Парчин, пойгоҳи низомии Хуҷир, маҳалли мушакандозии Шоҳруд ва як корхона дар минтақаи саноатии Шамсобод зарба зад.

Заиф, вале қодир ба интиқом

Саша Брукман, таҳлилгари умури низомӣ ва амниятӣ дар Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Сиёсати Стратегӣ (IISS) дар Лондон, мегӯяд, ҳадафи ин ҳамлаҳо монеъ шудан ба тавлиди мушакҳои баллистики миёнбурди Эрон буд, ки Исроилро таҳдид мекунанд ва «бисёр қавӣ» ҳастанд.

Брукман афзуд, бисёре аз мушакҳои баллистики миёнбурд бо сӯхти моеъ кор мекунанд ва барои омодасозиву партоб ба зербунёдҳои хос ниёз доранд. Ӯ гуфт: «Исроилиҳо аз ҳамин нукта истифода карда, бисёре аз дастгоҳҳои партоби мушакҳоро дар ҷараёни ҷанг пайдо ва нобуд карданд». Маълум нест, ки ҳоло чӣ теъдод аз ин дастгоҳҳои Эрон дар ҳолати корӣ боқӣ мондаанд.

Коршинос ҳамчунин афзуд, Эрон дорои мушакҳои баллистики кӯтоҳбурд аст, ки бештар бо сӯхти ғайримоеъ ва ё сахт кор мекунанд. Радёбии ин мушакҳо, ки тавоноии зиёдтари «гурез» аз ҳамла доранд ва шиносоӣ онҳо пеш аз партобу маҳви онҳо душвор аст. Ба тахмини ӯ, Теҳрон ҳазорон адад аз ин навъи мушакҳоро дар ихтиёр дорад. Саша Брукман мегӯяд, ин мушакҳо «як таҳдиди воқеӣ, махсусан барои кишварҳои хурди Халиҷи Форс» ба мисли Қатар ва Баҳрайн мебошанд, ки мизбони пойгоҳҳо ва нерӯҳои Амрико ҳастанд.

Илова бар ин, яке аз абзорҳои пуриқтидори Эрон тавони халалдор кардани транзити нафт дар Халиҷи Форс мебошад. Минтақае, ки ҳудуди 40 дарсади нафти ҷаҳонро тавлид мекунад. Наздик ба як панҷуми нафти ҷаҳон аз гулӯгоҳ ва Тангии Ҳурмуз мегузарад. Теҳрон қаблан эҳтимоли бастани роҳи муҳимро баррасӣ карда буд, ки метавонад, ба иқтисодии ҷаҳон осеби зиёд расонад.

Трамп дар ҳоле таҳдид ба ҳамлаи низомӣ кард, ки мақомоти Эрон ҳазорон нафарро дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои густурдаи охири декабр куштанд. Ҳарчанд ӯ баъдан аз гуфтаҳояш каме ақибнишинӣ кард, вале эҳтимоли ҳамларо комилан сарфи назар накардааст.

Бино ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, Трамп маҷмӯе аз гузинаҳои низомиро баррасӣ мекунад, аз ҳамлаҳои рамзӣ ба ҳадафҳои муайян сар карда, то «ҳамлаҳои барандозанда» алайҳи Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олӣ ва дигар раҳбарони Эрон ва ё амалиёти тӯлонии бомбборон.

Ҳамлаҳои омехта ба хатарҳои зиёд

Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки ҳар гуна иқдоми низомии Амрико ба зидди Эрон пур аз хатар аст ва ҳатто як ҳамлаи маҳдуд метавонад, боиси интиқомҷӯии Эрон ва оғози як ҷанги тамомаёр дар тамоми минтақа шавад.

Ҳамчунин маълум нест, ки ҳадафи ниҳоии Амрико чист. Тағйири низом, ташвиқи низомиёну нухбагони сиёсӣ ба фирор, заиф кардани нерӯҳои амниятӣ барои ҷилавгирӣ аз саркӯби эътирозҳо ва ё ба сари мизи музокирот кашидани Теҳрони заифшуда.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, танҳо амалиёти ҳавоии Амрико бидуни ҳуҷуми заминӣ боиси суқути режими Эрон нахоҳад шуд. Ҳамлаи заминӣ ба Эрон, ки бузургтарин ва сераҳолитарин кишвари Ховари Миёна аст, аз ҷониби аксари коршиносони дифоӣ як иқдоми ғайримумкин арзёбӣ мешавад.

Майкл Ҳоровитз мегӯяд: «Амалиёти мудавоми ҳавоии Амрико метавонад, бо маҳви марказҳои фармондеҳӣ ва зербунёдҳои собит, артиши Эронро ба шиддат заиф кунад. Вале дар гумон аст, аст, ки ин кор ба худии худ боиси фурӯпошии нерӯҳои амниятӣ гардад, зеро онҳо метавонанд пароканда ё пинҳон шаванд ва ба саркӯби дохилӣ идома диҳанд».

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, ки «қудрати ҳавоӣ метавонад фалаҷ кунад, аммо барои суқути комили режим ва шикасти ҳамзамони сиёсӣ дар дохил, аз саргирии эътирозҳо ва шикоф дар роҳбарияти Эрон лозим аст».