"Солҳо боз наомада будам." Наврӯзи якҷояи тоҷикону қирғизҳо

Маросим рӯзи 22-юми март дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд гузашт

Баъд аз як соли созиши марзӣ ва боз шудани роҳу сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон, сокинони ду тараф дар як ноҳияи наздимарзӣ Наврӯзро таҷлил карданд. Маросим рӯзи 22-юми март дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд гузашт. Меҳмонон аз ноҳияи Лайлак ва шаҳри Сулюктаи Қирғизистон омада буданд.

Зумрад Муталибзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, гуфт: "Мардум дар Наврӯзгоҳ бо таоми миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ меҳмононро пазируфтанд. Наврӯзи мо ҳаррӯз аст ва ҳаррӯзи мо Наврӯз аст."

Лаҳзе аз ҷашн

Дар ин ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон растаҳои наврӯзӣ ороста шуда, баъзе аз хонандагону сокинон ба хотири меҳмонҳо либоси миллии Қирғизистонро ба бар карда буданд.

Ҷенишбек Асилбек, раиси ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, гуфт, "дар ин рӯзҳои идонаву бошукӯҳ, бовар дорем, ки муносибати дӯстонаву бародаронаи мо боз ҳам қавитар мегардад. Бешубҳа Наврӯз рамзи ягонагӣ, сулҳ ва ҳамгироии байни мардуми мо хоҳад гашт. Созишномаҳои байнидавлатӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкориву иқтисодӣ хидмат хоҳанд кард".

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи марзии Ҷаббор Расулов

Дар ин маърака ҳунармандони Қирғизистон чанд тарона хонда, гуфтанд, чунин имкониятро солҳо боз мунтазир буданд. Элиза Набиева, овозхон аз Қирғизистон пештар барои омӯзиш ва тамошои ҷойҳои таърихӣ ба Хуҷанд омада буд.

"Ман хеле боз ба инҷо наомада будам. Ҳарчанд хеле наздик зиндагӣ мекунам. Моро даъват карданд ва имконияти хуб аст, ки урфу одат ва анъанаҳои шуморо дида истодаам. Бароям хеле ҷолиб аст, зеро мо бо ҳам дар наздикӣ зиндагӣ мекунем," -- афзуд ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон созишномаи марзиро имзо карданд

Дар баробари меҳмонон аз Қирғизистон, намояндагон аз ноҳияи Бекободи Узбекистон низ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов омада буданд. Гурӯҳе аз ҳунармандони вилояти Фарғона гуфтанд, бо ташаббуси хеш тӯли даҳ рӯз барои мардуми минтақа бепул ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Бо назардошти он ки дар ин ноҳияи Ҷаббор Расулов намояндагони қавму миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, сурудҳои идона бо забонҳои узбекиву туркманӣ ва афғонӣ низ садо доданд.

Бо сабаби номуайян будани хати сарҳад ва ҷанҷолу муноқишаҳо дар марз, шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон солҳои охир имкони рафтуомад ба кишварҳои ҳамдигарро надоштанд. Ин кор баъд аз моҳи марти соли 2025 ва имзои созиши марзӣ миёни ду кишвар имконпазир гашт.