Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон таъмири як роҳи дар гузашта ҷанҷолиро дар марз оғоз кард


Ин роҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст
Ин роҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст

Тоҷикистон бозсозии роҳи Хистеварз-Соҳилоб (Арқа)-ро дар сарҳади ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон сар кардааст. Ин роҳ зиёда аз панҷ сол вайрон ва бо сабаби ҷанҷолҳои марзии ду тараф таъмираш имконнопазир буд. Ҳоло, пас аз маълум шудани хати марз, Тоҷикистон корро сар кардааст.

Музаффар Носирзода, сардори Идораи роҳҳои мошингарди Суғд, гуфт, “кор рӯзи 5-уми декабр оғоз ёфт. Дарозии роҳ 9,7 километр аст, паҳноияш 15 метр. Аз ду тараф ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ гузошта мешавад, роҳ чароғон мегардад. Хамгашти хавфноке, ки дар километри нуҳум қарор дорад, росттар карда мешавад”.

Роҳро як ширкати чинӣ бо тақрибан 70 коргар аз Тоҷикистону Чину Африқо ва Афғонистон месозад. Пулашро Бонки Ҷаҳонӣ додааст. Интизор меравад, роҳро дар баҳори соли 2026 ба истифода диҳанд.

Ҳашмат Шамол, роҳсоз аз Афғонистон, мегӯяд, “ҳар рӯзе 11-12 соат кор мекунем. Ҳатто ду гурӯҳ дорем, ки агар ниёз шавад, шабона низ кор мекунем”.

Ин қитъаи вайрону ноҳамвори роҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарор дорад. Дар гузашта сокинони Тоҷикистону Қирғизистон аз он баробар истифода мебурданд. Ҳоло роҳи сокинони ду тарафи марз аз ҳам ҷудост.

Ронандагони тоҷик мегӯянд, азнавсозии роҳи Хистеварз-Арқа бояд зудтар поён ёбад, то ҳаракат осон ва зиндагӣ роҳаттар гардад.

Мақсудҷон Мирмуллоев, ронандаи мусофирбари хурд, гуфт, “қариб ду сол мешавад, ки дар хатсайри рақами 66 кор мекунам. Роҳҳо бениҳоят хароб. Мебинед, чуқуриҳо ҳаст. Дар як рӯз 5-6 бор аз ин роз мегузарем, мошин таъмирталаб мешавад.”

Ин қитъа ҷузъе аз шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом аст. Дар замони Шӯравӣ ва то баҳсҳои марзӣ аз ин роҳ нақлиёти се кишвар – Узбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистон мегузашт.

Коршинос Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, “минбаъд, агар низоми гузаштан аз марз осон гардад, шояд мошинҳои сабукрав ва мусофиркаш аз ҳаминҷо ҳаракат кунанд. Ин амнияти ҳам мусофирон ва ҳам амнияти воситаҳои нақлиётро бештар таъмин хоҳад кард”.

Неъматулло Мирсаидов
Неъматулло Мирсаидов

Дар қисмати дигари роҳи Конибодом, ки баҳсӣ ҳисоб намеёфт, ҳанӯз соли 2023 сохтмони роҳи байнулмилилалӣ оғоз шудааст. Онро низ ширкати “China Railway” месозад ва қарор аст корашро то моҳи марти соли оянда ба поён расонад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Тоҷикистон таъмири як роҳи ҷанҷолӣ дар марз оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00
XS
SM
MD
LG