Ҳокимони минтақаҳои сарҳадии вилояти Суғд мегӯянд, табодули манзилу заминҳо бо Ҷумҳурии Қирғизистон тақрибан ба анҷом расидааст. Ҳарчанд дар гузашта шикояти сокинони наздимарзии Тоҷикистон аз ҷараёни тақсимот ва зарурати кӯчбандӣ ба Радиои Озодӣ расида буд, масъулон гуфтанд, ки аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон иншооти бештар гузаштааст ва мушкилот дар ин самт вуҷуд нахоҳад дошт. Ин аввалин бор аст, ки баъди тақсимоти ҳудуд бар асоси созишномаи марзии соли 2025 мақомоти давлатии Тоҷикистон баъзе маълумотро расонаӣ мекунанд.
Раванди табодул дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ба анҷом расидааст. Дар ин бора масъулони шаҳру навоҳии вилояти Суғд хабар доданд, ки дар гузашта бо ҳамсоякишвари Тоҷикистон бар сари замину обу чарогоҳу роҳ баҳс мекарданд. Намояндагони ҳукумати Исфара ва дигар масъулони мақомоти маҳаллӣ ҳафтаи ҷорӣ дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфтанд, ки аз ҳудуди вилояти Бодканд тибқи тақсимот манзилу иншооти хизматрасонии бештар ба ихтиёри шаҳр гузаштааст.
Некрӯз Отабеков, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи шаҳри Исфара дар нишасти матбуотӣ гуфт:
“Аз ҷониби Тоҷикистон ҳамагӣ 330 иншоот ба ҷониби Қирғизистон гузашт. Аз инҳо 301 ҳавлӣ ва 29 иншооти ҷамъиятӣ. Аз ҷониби Қирғизистон 340 иншоот ба мо гузашт. Аз ин 310-тоаш манзили истиқоматӣ ва 30-тоаш иншооти иҷтимоӣ аст. Агар дар байни инҳо аз ҷониби мо мактабу бунгоҳҳои тиббӣ гузашта бошад ҳам, дар ивази он дар деҳаи Достук як мактаби замонавӣ ба ҳудуди мо гузаронида шуд. То имрӯз фаъолияти худро оғоз кардаанд”.
Шарифҷон Ҷумъазода, иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара гуфт, тахминан “80-90 фоизи сокинон, ки ҳудудашон ба Қирғизистон гузаштаанд, бо хонаҳо таъмин шудаанд.
Боқимонда корбарӣ рафта истодааст. Ман бовар дорам, ки мушкиле намешавад.
Се хона ба шаҳрвандони худамон дар ҷамоати деҳоти Лаккон сохта шуда истодааст, ки ба наздикӣ ба истифода дода мешавад”. Ҳарчанд гуфта намешавад, ки сокинони кадом минтақаҳои наздисарҳадии Исфара аз хонаву ҳавлиҳои хеш маҳрум шудаанд, тибқи хабарҳо даҳҳо хонавода аз деҳаи Сомониёну Хоҷаи Аълои Ҷамоати Чоркуҳ аз манзилҳояшон кӯч бастаанд. Аз замони имзои созиши байнимарзӣ онҳо борҳо ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда, аз тақсимот шикоят доштанд.
Созишномаи марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон моҳи марти соли 2025 ва баъди ду низои пурқурбонии марзӣ дар солҳои 2021 ва 2022 миёни президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба имзо расид. Вале аз он замон то кунун мақомот дар Тоҷикистон ҷузъиёти созиш ва шарту шурути тақсими қаламравҳоро ошкор накардаанд.
Шарифҷон Ҷумъазода, иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара, ки ҳафтаи ҷорӣ дар баробари хабарнигорон дар нишасти хабарии солонаи ниҳодаш гузориш медод, эътироф кард, ки бархе сокинон аз ин тақсимот розӣ нестанд. Ӯ гуфт:
“Акнун ин баҳс дар худи Қирғизистон ҳам ҳаст, ки "хонаҳои мо аз ин беҳтар буд". Лекин аз ҷониби шаҳрвандони мо шикояти зиёд ворид нашудааст. Ҳамагӣ як ё ду муроҷиат шуд. Ман ба саволҳояшон посух додам. Лекин тамоми он шаҳрвандоне, ки аз ҷониби мо бо хонаи истиқоматӣ таъмин гардиданд, ҳатман розигиашон гирифта шуд. Нисбати ин масъала ягон мушкиле нест”.
13 ҳавлӣ ва тақрибан 100 гектар замини кишоварзии сокинони деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ба ҳудуди ноҳияи Лайлаки Қирғизистон гузаштааст. Раиси ин ноҳия низ мегӯяд, дар иваз аз ҷониби Қирғизистон манзилҳои бештар ба ҳудуди Тоҷикистон гузаштаанд. Ваъда шудааст, ки то фасли баҳор заминҳои нави кишт ба деҳқонон пешниҳод хоҳанд кард.
Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт: “36 адад хонаҳои истиқоматӣ аз ҷониби Қирғизистон ба мо гузашт. Ҳозир ҳаминро комиссия дида баромада истода, нархашро маълум карда истодаанд. Хонаҳои шаҳрвандони худамонро, ки ба ҷониби Қирғизистон гузаштааст, "Суғднархгузор" маълум кардааст. Ба ҳамон нарх мувофиқ хонаҳое, ки аз Қирғизистон ба мо гузаштааст ҳисоб карда истодаем ва онро ба сокинони худамон ҷуброн карда медиҳем”.
Вале боз ҳам масъулони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз додани ҷузъиёт дар ин мавзӯъ худдорӣ карданд. Акбар Юсуфӣ, муовини раиси ноҳия танҳо гуфт: “Дар минтақаҳои табодулшуда байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳама корҳои инвертатсионӣ ба охир расида, дар ин самт ягон мушкилӣ надорем. Он шахсоне, ки дар инҷо қайд карданд, бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гаштанд”.
Чанде пеш Радиои Озодӣ дар бораи таъмири роҳҳои баҳсии наздик ба Қирғизистон гузориш таҳия карда аз маълум шудани мавқеъи ин минтақа хабар дода буд.
Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар нишасти хабариаш рӯзи 3-уми феврал гуфт, ки масъалаи баҳсӣ бо Қирғизистон боқӣ намондааст ва дар пайи рушди тиҷорати дуҷониба ҳастанд. Ҳамчунин азм доранд барои бештар кардани гузаргоҳҳои марзӣ бо ҳамтоёни хеш гуфтугӯ намоянд.
Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи сешанбе дар нишасти хабарии ҳукумати минтақа гуфт: “Бе ягон ҳолатҳои коррупсионӣ комиссия ташкил карда шуда, он манзилу заминҳое, ки баъди делимитатсияву деморкатсия ба тарози Тоҷикистон, яъне шаҳри Исфара гузаштаанд. Он манзилу заминҳое, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон гузаштаанд, яъне аз шаҳри Исфара ба вилояти Ботканд гузаштаанд. Имрӯз масъала куллан ҳаллу фасли худро ёфтааст”.
Аввали моҳи феврал вакилони мардумии Тоҷикистон баъд аз тақрибан 8 сол созишномаеро тасвиб карданд, ки имкон медиҳад шаҳрвандони ду кишвар Тоҷикистону Қирғизистон дар қаламрави ҳамдигар то 60 рӯз бидуни сабтином зиндагӣ кунанд.
Дар нишасти Маҷлиси намояндагон рӯзи 9-уми январ тарҳи “Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Қирғизистон ва шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон”-ро тасвиб кардаанд, ки 1 феврали соли 2018 ба имзо расида буд. Созишномае, ки зоҳиран муноқишаву даъво байни ду кишвар барои қаламраву марз сабаб шудааст, 8 сол дар бойгонии санадҳои мунтазири тасвиб бе баррасӣ монда буд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳазор километр аст ва то моҳи марти соли 2025 бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд. Марзи баҳсбарангез то ҳадде робитаҳои ду тарафро тира кард, ки онҳоро ба ҷанги мустақим ва ҳамла ба қаламрави ҳамдигар кашид.
Муноқишаҳо дар марз дар солҳои 2021-2022 сабаби вайронии зиёд ва марги даҳҳо нафар аз Тоҷикистону Қирғизистон шуд. Аммо охири соли 2024 вазъ тағйир кард ва дар ниҳоят созишномаи таъйину аломатгузории марз рӯзи 13-уми марти соли 2025 ба имзо расид ва ба робитаҳои байни ду тараф оромию эҳтиром овард.
Гуфтугӯ