Мақомот мегӯянд, таҳқиқ нишон додааст, ки марзбони 19-сола Одилҷон Исломзода зери мошини борбари “Дулан” монда, бар асари захмҳои бардоштааш дар шифохона ҷон додааст. Пештар пайвандонаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки бо ин фарзия розӣ нестанд, чун дар бадани ӯ осори шиканҷаро диданд.
Одилҷон Исломзода аз шаҳри Панҷакент моҳи октябри соли 2025 барои хидмат дар сафи Нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҷалб шуда, ҷасадаш моҳи майи имсол ба наздиконаш супурда шуд.
Як манбаъ дар Раёсати марзбонии вилояти Хатлон 9-уми июн гуфт, ҳодиса рӯзи 2-юми май дар минтақаи Кокули ноҳияи Фархор ва дар наздикии марз бо Афғонистон рух додааст.
Ҷое, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо бозсозии роҳ ҷараён дорад ва рӯзи ҳодиса Одилҷон Исломзода ва чанд сарбози дигар барои посбонии роҳсозон рафта будаанд.
“Дилшод Валиев, ронандаи “Дулан”, гуфтааст, вақте бор овард, пеш аз ӯ як мошини дигар истода буд. Мошинаро хомӯш карда, ба берун мебарояд. Дар ҳамин вақт сарбоз Исломзода дар зери сояи чархи мошин мешинад. Ронанда ӯро надида, ҳангоми ҳаракат зер кардааст. Бо ҳамин далел, парванда боз нашуд,” -- гуфт манбаъ.
Қазияро Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб таҳқиқ кардааст.
Наздикони Одилҷон Исломзода моҳи майи имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ба фарзияи зери мошин мондани ӯ бовар надоранд.
“Ҳолати бадани Одилҷон ба ин монанд набуд ва осори латукӯб дар он дида мешуд. Агар мошин пахш мекард, ҳатман ягон ҷояш мешикаст. Вале дар бадани ӯ ин чиз дида намешуд. Баръакс, гардани ӯ аз осори латукӯб сиёҳ буд,” -- гуфт яке аз наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ.
Танҳо дар моҳи апрели имсол марги чанд сарбоз дар Тоҷикистон расонаӣ шуд: Исрофил Азимзодаи 25-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, Ғолибҷон Иброҳимови 23-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаи 23-сола аз ноҳияи Файзобод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Чаро Исрофил баъди ду ҳафтаи хидмат ҷон дод?Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4-уми май аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ хостааст, тартибу низомро дар воҳидҳои низомӣ бисёр ҷиддӣ бигиранд.
Вазорати дифои Тоҷикистон пайваста аз афзудани сафи ихтиёриёни хидмат ва беҳтар шудани шароит дар воҳидҳои низомӣ гузориш медиҳад. Ҳомиёни ҳуқуқ бадрафториро дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ яке аз сабабҳои қасди ҷони худ кардани сарбозон ва ё ба марг расидани онҳо медонанд.