Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Юсуф Мирзоевро дар марги сарбоз Шоҳдил Ҷӯразода гунаҳкор дониста, ба 10 сол зиндон маҳкум кардааст. Пештар додситон барои ин афсар 11 сол зиндон талаб карда буд. Вокуниши афсар ва наздиконаш ба ҳукм маълум нест. Наздикони сарбози фавтида мегӯянд, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд.
Шоҳдил Ҷӯразодаи 20-сола моҳи декабри соли 2025 аз макони хидматаш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нопадид шуд ва баъд аз якуним моҳ ҷасадашро аз дарёи Панҷ ёфтанд.
Меҳрафрӯз Ҷӯразода, хоҳари Шоҳдил, 16-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳ ҳафтаи гузашта содир шудааст.
"Моро даъват карданд, ки дар мурофиа ширкат кунед. Аммо рафта натавонистем, чун аз Панҷакент то Хатлон роҳи дароз аст. Мо аз ин ҳукм розӣ нестем, шикоят мекунем. Барои онки додари маро азоб дод," – афзуд хоҳари сарбози фавтида.
Мавқеи Юсуф Мирзоев, хонавода ё вакили мудофеаш ба қазия маълум нест. Мирзоев сардори дидбонгоҳи сарҳадии “Шоҳон” дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон буд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, додгоҳ ин афсарро ба "суистифода аз мансаб" ё "баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ", ки "аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст" (моддаи 391, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор кард. Ин банди қонун аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Шоҳдил Ҷӯразода дар моҳи апрели соли 2025 аз шаҳри Панҷакент ба артиш ҷалб шуда, ҳашт моҳ дар қисми марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хидмат кард. Пештар наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Шоҳдил қабл аз нопадидшавӣ дар суҳбати телефонӣ аз сангинии хидмат шикоят дошт.
"Баъзе аз сарбозон ҳам шоҳидӣ доданд, ки додари ман ба сардори дидбонгоҳ барои рухсатӣ 1000 сомонӣ дода будааст. Вақте сардор ҷавоб надодааст, Шоҳдил чанд бор пурсидааст, ки пулро баргардонад. Баъди он ӯро "чап" гирифта, бисёр кор фармудааст. Оқибаташро бинед, ки чӣ шуд," – гуфт Меҳрафрӯз Ҷӯразода, хоҳари Шоҳдил.
Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани чанд сарбоз сабт шуда буд. Аз ҷумла, 13-уми апрел Исрофил Азимзода, як сарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баъди ду ҳафтаи хидмат дар шароити мармуз даргузашт.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфт, ки танҳо дар соли 2023 марги 40 сарбоз сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 кас аз беморӣ фавтиданд".