Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки як сарбози ҷавони тоҷик аз нерӯҳои марзбонӣ худкушӣ кардааст.
Ду манбаи алоҳида дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Муҳаммадсаид Саидови 20-сола аз ноҳияи Ёвон рӯзи 21-уми январ дар яке аз воҳидҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба пешонии худ тир задааст.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт: “Сарбоз ба сабабҳои номаълум бо автомати “Калашников” ба пешонии худ тир зада, худро куштааст. Ӯ як солу чаҳор моҳ боз хидмат карда будааст. Дар робита ба ин ҳодиса додситони низомии Кӯлоб парванда боз кардааст ва тафтиши сабабҳои марги худкушии сарбоз идома дорад.“
Муҳаммадсаид Саидов, сокини деҳаи Қурбонбеки ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфии ноҳияи Ёвон будааст. Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади марзбони ҷавонро пас аз муоина ба волидонаш супурдаанд. Дар ду моҳи гузашта ин бори дуввум аст, ки сарбозони тоҷик ва аз нерӯҳои марзбонӣ ба гуфтаи мақомот худкушӣ мекунанд.
Аз ин пештар мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Шоҳдил Ҷӯразодаи 20-сола, ки моҳи декабр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нопадид шуд, худкушӣ кардааст ва ҷасади ӯро аз он тарафи рӯдхонаи Панҷ дар Афғонистон пайдо кардаанд.
Бадрафторӣ бо сарбозони навомада дар артиши Тоҷикистон ва зургӯйӣ ба онҳоро яке аз сабабҳои худкушии сарбозон меномад, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки солҳои ахир вазъ тағйир ёфтааст ва ҳар касе, ки ойинномаи ҳарбиро риоят намекунанд, ҷазо мегирад.