Нишасти кишварҳои узв ва меҳмонони "Формати Маскав" дар умури Афғонистон, ки Тоҷикистон ҳам дар он иштирок дошт, рӯзи 5-уми октябр бе имзои изҳороти муштарак поён ёфт.
Дар айни замон ҳозирин иброз доштаанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кумак ба Афғонистонро идома дода, ин амалро сиёсӣ накунад. Ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон барои поймоли ҳуқуқи инсон ва ба вижа занону духтарон мавриди танқиди ҷомеаи байнулмилалист.
Сергей Лавров
Русия тасмим доштааст, кумакро ба мубориза бо терроризм дар Афғонистон идома диҳад. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи 5-уми октябр гуфт, "таъкид мекунам, ки таҳкими имконоти Афғонистон дар мубориза бо терроризм аз ҳисоби ёрии фанниву коршиносӣ… ба манфиати тамоми кишварҳо мебошад."
Русия ягона кишварест, ки Толибонро ҳамчун ҳокимони расмии Афғонистон эътироф кардааст ва дар сафорати Афғонистон дар Маскав парчами ҳукумати ин гурӯҳи тундгаро парафшон аст.
"Чораҳои ҳукумати Афғонистон, ки ҳадаф аз он мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир аст, натиҷа овардааст. Тибқи омори Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддир ва ҷинояти СММ истеҳсоли маводи мухаддир дар ин кишвар аз соли 2022 ба ин тараф навад дарсад коҳиш ёфтааст," – гуфт Лавров.
Вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон дар Афғонистон Амирхон Муттақӣ дар нишасти Маскав ҳамсоякишвари Покистонро бо сиёсати душманона нисбат ба Афғонистон муттаҳам кард.
Амирхон Мутаққӣ
Ӯ гуфт: "Мутаассифона, давлати Покистон сиёсатеро пеш гирифтааст, ки на ба манфиати Покистон аст, на ба манфиати Афғонистон."
Покистон ҳукумати "Толибон"-ро дар Афғонистон ба ҳимоят аз Таҳрики Толибони Покистон ва фароҳам кардани паноҳгоҳҳои амн барои ин гурӯҳ дар дохили хоки Афғонистон муттаҳам мекунад. Аммо Толибони Афғонистон мегӯянд, ошӯби даҳшатафканон дар Покистон масъалаи дохилии ин кишвар аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Вашингтон ширкатҳои амрикоиро аз ҳамкорӣ бо Толибон ҳушдор додРӯзи якуми октябр, ба қавли ҳукумати Толибон дар Афғонистон, бар асари ҳамлаи ҳавоии Покистон се манзили зист тахриб шуда, камаш 9 нафар ба ҳалокат расид. Аммо ба қавли Покистон ҳадаф аз ҳамла паноҳгоҳҳои даҳшатафканон буда, дар натиҷаи ҳамла 22 террорист кушта шудааст.
"Сарфи назар аз бомбаборонҳои ҷиддӣ онҳо натавонистанд собит кунанд, ки касе дар Афғонистон ба Покистон таҳдид эҷод меқунад," – гуфт Амирхон Муттақӣ.
Замир Кобулов
Замир Кобул, фиристодаи хоси президенти Русия дар умури Афғонистон, гуфт, нишасти ҳаштуми машваратҳои чорчӯби Маскав дар умури Афғонистон бе қабули изҳороти муштарак ба анҷом расид.
"Ҷониби Афғонистон ба ин назар аст, ки дар муқоиса бо соли 2025 вазъият ва равобити дуҷониба тағйир ёфтаанд. Аз ин рӯ, ин бахш қобили қабул нест. Мо аз он мутаассиф мебошем. Аммо формати Маскав ҳамчун майдон боқӣ мемонад. Ин майдон барои ҳалли ихтифлоҳои кадом яке аз тарафҳо не, балки майдоне барои танзим ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои минтақавии умумӣ боқӣ мемонад," – афзуд Кобулов.
Чорчӯб ё формати Маскав дар соли 2017 поягузорӣ шуда, Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Чин ба он шомил ҳастанд. Дар давраи ахири ин машваратҳо ҳайатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат доштанд. Ҳайатҳои Беларус ва Миср ба ҳайси меҳмон даъват шуда буданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ихтилофи Толибону Покистон дар нишасти Маскав