"Як тасодуф буд." Ҳодиса дар маҳалли сохтмони "Роғун"

Акси чап аз навори корбарон ва акси рост аз навори пешинаи расонаҳои давлатӣ

Дар як наворе, ки Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми октябр дастрас кард, обу шағал аз як нақби нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба поён рехта, чанд нафар зери хоку сангреза мондаанд.

Баъзе аз шоҳидон ба далели амниятӣ ва бо шарти фош нашудани номашон гуфтанд, ки воқеа рӯзи 22-юми октябр рух дода, зиёда аз 5 корманди нерӯгоҳ осеб диданд.

Як корманди нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", ки барои пеш наомадани мушкил дар кораш нахост номашро зикр кунем, гуфт, "ин як тасодуф буд ва ба сифати сохтмон ҳеч рабт надорад". Вай захмӣ шудани кормандонро тасдиқ ё рад накард.

Мақомоти Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки соли 2025 дар нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ҳашт тасодуф рух додааст, вале маълум нест, чанд тан захмӣ шуда ё ҷон бохтаанд.

Навор дар Инстаграм:

Соли 2025 як корманди ширкати эронии нерӯгоҳи "Роғун" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карда буд, ки дар бунёди нерӯгоҳ гоҳе аз маҳсулоти бесифат ҳам истифода мешавад.

Корманди нерӯгоҳи "Роғун", ки рӯзи 27-уми октябр бо Радиои Озодӣ гап зад, гуфт, "созмонҳои байнулмилалии молӣ ба ин тарҳ сармоягузорӣ кардаанд ва бо таъсиси гурӯҳҳои вижа ҳар рӯз сифати сохтмонро месанҷанд ва ҷойе барои нигаронӣ нест".

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми кандани кӯҳпора дар назди нақб хоку сангреза ҷамъ шуда буд ва он бо ҷамъ шудани об тасодуфӣ ба поён рехтааст. Ин корманди нерӯгоҳ афзуд, ҳоло сатҳи оби обанбор ба 139 метр расида, дарозии он ба 70 километр расидааст, ки "бештар аз нақшаи пешбинишуда аст".

Бонки Ҷаҳонӣ барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" 300 миллион доллар додааст ва интизор меравад Бонки Осиёи Рушд низ 500 миллион доллар ҷудо кунад.

Инро ҳам бинед:

Роғун аз бурҷи Эйфел ҳам баландтар мешавад. Аммо даҳҳо деҳ зери об мемонад

Садди "Роғун" бо 335 метр баландӣ сарбанди баландтарин дар дунё хоҳад шуд.

Мардуми Тоҷикистон, ки ҳар сол дар фасли тирамоҳу зимистон аз норасоии шадиди нерӯи барқ ранҷ мекашанд, умед доранд, ки бо анҷоми ин сохтмон мушкилашон ҳал хоҳад шуд. Ҳукумат ваъда додааст, ки бунёди нерӯгоҳи "Роғун" соли 2035 ба поён мерасад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар ҳодисаи Роғун коргарон ҷароҳат бардоштаанд

Сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар дарёи Вахш ҳанӯз замони Шӯравӣ оғоз ёфта буд, вале бо далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бунёди тарҳ ба таъхир уфтод. “Роғун” аз бузургтарин тарҳи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар он дар маҷмуъ насби 6 чарха ё агрегат дар назар аст, ки ҳар кадоме аз он 600 МВт пешбинӣ шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон нерӯгоҳи “Роғун”-ро ҳаёту мамоти кишвар мехонад ва то имрӯз ду чархаи онро фаъол кардааст. Қарор аст, чархаи сеюми нерӯгоҳ моҳи сентябри соли 2027 ба кор дарояд.