Дар ҳоле ки чанд ниҳоди молии байнулмилалӣ пуштибонии худро аз сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон баён доштанд, иҷрои ин тарҳи бозмонда аз шӯравии собиқ як қадами дигар ба воқеият наздиктар шудааст.
Мақомот дар Душанбе аввали моҳи октябр созишномаро дар бораи 300 миллион доллар ёрии Бонки Ҷаҳонӣ барои ин тарҳ тасдиқ карданд. Сипас гузориш расид, ки эҳтимол Бонки Осиёии Рушд низ 500 миллион доллар диҳад.
Филиппо Менга, устоди ҷуғрофиё дар Донишгоҳи Бергамои Итолиё, ба Радиои Озодӣ гуфт, сармоягузориҳои нав ҳанӯз анҷоми лоиҳаро кафолат намедиҳанд. Аммо ба қавли ӯ, вақте эътибори бонкҳои бузурги байнулмилал ба лоиҳаи "Роғун” гиреҳ хӯрдааст, “ҳоло боздоштани ин тарҳ аз назари молӣ ва сиёсӣ бисёр душвор аст.”
Қарор аст, садди “Роғун” то баландии 335 метрбирасад, ки аз бурҷи Эйфел дар Порис (Париж) ҳам баландтар аст. Нерӯгоҳи воқеъ дар дарёи Вахш, дар тақрибан 100-километрии шарқи Душанбе, иқтидори истеҳсоли барқи Тоҷикистонро ду баробар афзоиш дода, метавонад ба камбуди доимии барқ дар тирамоҳу зимистон хотима диҳад ва имкони фурӯши он ба хориҷаро низ имкон фароҳам орад.
Ҳамзамон, ин сарбанди азим боис ба кӯчонидани беш аз 50 ҳазор нафар аз Роғуну Нурободу Рашт хоҳад шуд, зеро обанбори он пур шуда, чанд деҳаро дар болооби минтақаи сохтмон зери об мегузорад.
Муқим Ҳасанови 75-сола яке аз онҳоест, ки хонаву дари худро гузошта, бояд зиндагиро дар ҷойи дигар идома диҳад. Вай моҳи июни имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ба оилааш дуртар аз сарбанд қитъаи замин ҷудо шуд, аммо таваррум (инфлятсия) қисми зиёди маблағи ҷуброни ваъдашударо беарзиш кардааст.
“Замоне ки хонаҳои моро ба ҳисоб гирифтанду маблағ ҷудо карданд, ин қадар гаронӣ набуд. Як тахта пештар 50 сомонӣ меистод, ҳоло 150 сомонӣ аст. Хуб мешуд, маблағҳоро зиёд кунанд ва мувофиқи ҳамин шароит ба мардум пул диҳанд," – гуфта буд ӯ.
Як деҳаро дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар наздикии шаҳри Душанбе, "Роғуниён" ном мебаранд. Сокинонаш соли 2014 аз деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод ба ин ҷо кӯчонда шуданд, зеро манзилҳояшон дар маконе будааст, ки бо бунёди нерӯгоҳи "Роғун" зери об мемондааст.
Баъзе аз онҳо шикоят доранд, ки мақомот барояшон заминҳои кишоварзӣ ваъда доданд, аммо иҷро накарданд. Дар айни замон шахсоне ҳастанд, ки мегӯянд, ҳарчанд дастрасӣ ба об мушкил аст, дар масъалаҳои дигар вазъу шароиташон бад нест. Таваккал Шамсуллоев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, моҳи июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "шароит хуб аст, ягон камбудӣ нест. Роҳамонро дуруст карданд, сими барқ оварданд."
Мухолифони тарҳи сарбанди баландтарин дар Тоҷикистон мегӯянд, агар баландии он ҳамагӣ 35 метр поинтар сохта мешуд, қариб 32 ҳазор кас метавонист аз кӯчи маҷбурӣ эмин бимонад.
Евгений Симонов, ҳамоҳангсози эътилофи “Дарёҳои бидуни марз”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба назар мерасад, Душанбе ба даст овардани унвони баландтарин сарбанди ҷаҳонро ҳамчун "лоиҳаи муҳими ифтихори миллӣ ва чизе монанд ба аҳром ё пирамидаи муқаддас барои кишвар" ҳадаф қарор додааст.
Мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, ки баландии рекордии сад нисбат ба сарбандҳои пасттар аз лиҳози иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ ё экологӣ натиҷаҳои беҳтар медиҳад. Гузоришҳои Бонки Ҷаҳонӣ низ ин арзёбиро дастгирӣ кардаанд.
Тарҳи “Роғун” нахуст аз ҷониби шӯравии собиқ пешниҳод шуда, сохтмонаш ҳанӯз соли 1976 оғоз гардида буданд. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва сипас ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, сохтмон бозистод.
Талоши Тоҷикистони мустақил барои эҳёи дубораи лоиҳа дар ибтидо бо мухолифати Узбекистон, ки дар поёноби сарбанд ҷойгир аст, рӯ ба рӯ шуд. Ислом Каримов, раисҷумҳури вақти Узбекистон, бо ишора ба хатарҳои амниятӣ ва нигаронӣ аз он ки Тоҷикистон метавонад назорати обро ҳамчун воситаи фишори сиёсӣ истифода кунад, сарбанди нерӯгоҳи “Роғун”-ро “ғайриоқилона” хонда буд.
Каримов дар соли 2016 даргузашт ва зиддияти Узбекистонро ба бунёди нерӯгоҳ бо худ бурд. Абдулазиз Комилов, вазири собиқи умури хориҷии ин кишвар, соли 2017 бо таъкид ба кафолати маҷрои об, аз Тоҷикистон даъват кард, ки сохтмонро идома диҳад.
Баъд аз он сохтмон авҷ гирифт, аммо маълум шуд, ки ин макон аз ҷиҳати муҳандисӣ ва фаннӣ ё техникӣ ниҳоят печида аст. Тибқи чанд гузориш, қабати васеи намаки сангӣ дар болооби сарбанд зери фишори оби обанбор метавонист оҳиста-оҳиста ҳал шавад. Ҳамчунин ҷойгиршавии сарбанд дар минтақаи зилзилахез эҳтимоли шикасти сарбандро зиёд мекард.
Илова бар ин муайян шуд, ки корҳои сохтмонии анҷомшуда дар давраи шӯравӣ ба талаботи муосири амниятӣ ҷавобгӯ нестанд ва ба навсозии ҷиддӣ ниёз доранд. Ширкати итолиёии Webuild, ки дар иҷрои тарҳ иштирок дорад, аз шарҳи ҷанбаъҳои фаннии сохтмон худдорӣ кард. Бо вуҷуди ин дар як гузориш аз соли 2014 аз зарурати анҷоми “корҳои ҷиддии ислоҳӣ” дар бахшҳои сохташудаи замони шӯравӣ ёдовар шудааст.
Сарбанди “Роғун" аз хоку санг бунёд меёбад ва дар маркази он қабати обногузари гил ҷой гирифта, аз ҳар ду тараф бо сангҳои азим мустаҳкам карда мешавад. Ин навъи нисбатан чандири сарбанд, аз ҷумла, барои он интихоб шудааст, ки дар муқоиса бо сарбандҳои бетонӣ ба заминларзаҳо тобовар ва эҳтимоли кафиданаш камтар аст. Дар ҳоли ҳозир аз шаш агрегат ё чархаи нерӯгоҳ ду агрегат ба кор андохта шудаанд.
Бино бар нақша, чархаи сеюмро соли 2027 ба кор хоҳанд андохт. Филиппо Менга, муаллифи китобе дар бораи сиёсати об дар Осиёи Марказӣ, мегӯяд, бо вуҷуди он ки барои расидан ба баландии ниҳоии сарбанд ҳанӯз тақрибан 145 метр мондааст ва анҷоми тарҳ ба идомаи муносибатҳои хуби ҳамсоядорӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа вобаста аст, “имкони ниҳоӣ шудани “Роғун” имрӯз назар ба ҳар вақти дигар бештар аст, аммо кафолати анҷоми сад дарсадии тарҳ суолбарангез хоҳад буд.”
Тибқи арзёбиҳо, барои анҷоми пурраи лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз ба наздики 6 миллиард доллар ниёз дорад. Интизор меравад, қисми асосии ин пул аз буҷаи давлат таъмин шавад. Мувофиқи нақша, сохтмони нерӯгоҳ то соли 2035 пурра ба анҷом мерасад. Дастнорас будани ҷузъиёти созишномаҳои қарзиву грантӣ ва норӯшаниҳо дар сармоягузориву истифодаи маблағҳо шубҳаҳоро дар кори ин тарҳи бузург боқӣ гузоштааст.