Ҳалокати кӯҳнаварди шинохтаи амрикоӣ дар Тоҷикистон

Метт Доусони 47-сола ҳам ҷаҳонгард ва ҳам ризокори маъруф буд

Як кӯҳнаварди амрикоӣ ҳангоми фатҳи қуллаи “Исмоили Сомонӣ” дар Тоҷикистон аз кӯҳ афтода, ба ҳалокат расидааст.

Фоҷиа бо Метт Доусони 47-сола, ки ҳам ҷаҳонгард ва ҳам ризокори маъруф буд, рӯзи 15-уми август рух дод.

Пайвандонаш хабари марги ӯро рӯзи якуми сентябр дар Инстаграм нашр карданд.

Ориф Нозимиён, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи сеюми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “Доусон дар баландии 5800 метр бо сабабҳои номаълум ба чуқурии тақрибан 70-80 метр афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаву дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Нозимиён афзуд, ин шаҳрванди Амрико ҳамроҳи нуздаҳ сайёҳи дигар тавассути ширкати “Қуллаҳои Тоҷик” ба онҷо рафта буд. Пайкарашро рӯзи 17-уми август ба Душанбе овардаанд.

Талоши Радиои Озодӣ барои фаҳмидани назари гурӯҳи сайёҳии “Қуллаҳои Тоҷик” натиҷа надод.

Инро ҳам бинед:

Фоҷиа дар домани қуллаи Исмоили Сомонӣ. "Хаёл кардем, дунё ба охир расид” ВИДЕО

Маросими дафни Метт Доусон рӯзи 5-уми сентябр дар Лос-Анҷелеси Амрико баргузор хоҳад шуд. Хонаводааш дар паёме ӯро “як дӯст, бародар ва писаре” донистаанд, ки шиор дошт, “агар ҳаёти ту як зарра арзиш дорад, пас, ин дастоварди бузург аст”.

Нашрияи People навиштааст, Доусон варзишгари бисёрҷанба ва нотарс буд ва бо ҳадафи ҷалби пул барои саҳм гузоштан дар муолиҷаи склерози паҳлӯии амиотрофӣ ба фатҳи қуллаҳои “Исмоили Сомонӣ” рафта буд.

Қуллаи "Исмоили Сомонӣ" дар гузашта бо номи "Коммунизм" маъруф буд

Ин иқтисоддон ва ризокори маъруф баъди аз даст додани модар ва дӯстдухтараш, 15 соли охир бештар бо варзишҳои навъи экстремалӣ машғул буд.

Вай инчунин ба саёҳати биёбону уқёнус рафтааст. Соли 2024 барои босуръат ва пиёда гузаштани биёбони Мохаве дар Калифорния ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Вай ин биёбонро дар 7 рӯзу 8 соату 45 дақиқа тай кард.

Соли 2018 барои кумаку дастгирии варзишгарон Бунёди Қуллаи Доусонро таъсис дод. Ба навиштаи нашрияи People, ӯ мехост тобистони имсол ба се қулла – Исмоили Сомонӣ, Озодӣ ва Манаслу – барояд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кӯҳнаварди амрикоӣ дар Тоҷикистон ҳалок шудааст

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ду кӯҳнаварди нопадидшудаи русро дар қуллаи "Озодӣ" ёфтаандИмдодгарони тоҷик як кӯҳнаварди хориҷиро наҷот додаандМарги ду кӯҳнавард дар “Қуллаи Ленин”Ҷасади халабонеро, ки "дар баландии 5 ҳазор метр монда буд", дар Душанбе дафн кардандСуқути чархбол (вертолет) дар Ванҷ. "Як нафар ҷон бохта, чаҳор кас захмӣ шуд"