Гузоришҳо аз тарҳи "иборат аз 15 банд"-и Амрико барои поёни ҷанг бо Эрон

Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" рӯзи 24-уми март хабар дод, ки Амрико як тарҳи иборат аз 15 бандро барои поён додан ба ҷанг ба Эрон ироа кардааст. Бар асоси ин гузориш, ду манбаъ ба "Ню-Йорк Таймз" гуфтаанд, ки Амрико хоҳони таътил шудани таъсисоти Натанз, Форду ва маркази фанновариҳои уранюми Исфаҳон аст.

"Ню-Йорк Таймз" таъкид мекунад, ки нусхае аз ин тарҳро надидааст, аммо мақомоте, ки бинобар ҳассос будани мавзуъ бо шарти фош нашудани номашон суҳбат карданд, баъзе аз сарнахҳои ин тарҳро баён карданд.

Аз ҷумла, ин тарҳ ба барномаҳои мушаки баллистикӣ ва ҳастаии Эрон мепардозад. Яке аз мақомот низ ба ин рӯзнома гуфтааст, ин тарҳ ҳамчунин масирҳои баҳриро мавриди баҳс қарор медиҳад.

"Ню-Йорк Таймз" меафзояд, мушаххас нест, ин тарҳ, ки аз тариқи Покистон ироа шудааст, то чӣ ҳад мақомоти эронӣ дар ҷараён гузошта шудаанд ва оё Эрон эҳтимол онро хоҳад пазируфт ё не. Ҳамчунин маълум нест, ки оё Исроил, ки ҳамроҳи Амрико ба Эронро ҳамла кардааст, бо ин пешниҳод мувофиқ аст ё не.

Ду манбаъ ҳамчунин ба "Ню-Йорк Таймз" гуфтаанд, ки Эрон мумкин аст дар ироаи посухи сареъ ба тамосҳои Амрико ба мушкил рӯбарӯ шавад, зеро мақомоти баландпояи эронӣ дар барқарории иртиботи дохилӣ бо мушкил дучор шудаанд ва нигаронанд, ки дар сурати мулоқоти ҳузурӣ Исроил онҳоро бомбаборон кунад.

БЕШТАР БИХОНЕД: ДАР ЭРОН ЧӢ МЕГУЗАРАД?

Канали 12-и телевизиони Исроил ҳам гуфтааст, ки Амрико дар ин нома дархост кардааст, ки ҳимояти Эрон аз гурӯҳҳои ниманизомӣ бояд поён ёбад ва ҳамчунин дархост кардааст, ки "минтақаи озоди рафтуомади баҳрӣ дар тангаи Ҳурмуз" эҷод шавад.

Тибқи ин гузориш, ин тарҳ хостори поёни ҳаргуна ғанисозии ураниюм дар хоки Эрон шудааст. Маводе, ки ба гуфтаи Исроил ва Амрико метавонад ба силоҳи ҳастаӣ табдил шавад.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки бар асоси ин тарҳ, Эрон бояд барои гузаштани киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз монеа эҷод накунад. Дар муқобил, ба гузориши Канали 12-и телевизиони Исроил, ҳамаи таҳримҳо алайҳи Эрон бекор хоҳад шуд.

Бино ба ин гузориш, дар банди дигар низ омадааст, ки Эрон ҳамчунин кумакҳое барои тавсеаи энержии ҳастаии ғайринизомӣ дар Бушеҳр дарёфт хоҳад кард. Таъсисоти калидие, ки Теҳрон рӯзи сешанбе Исроилро ба ҳамла ба он муттаҳам кард.

Дар ин тарҳ ҳамчуни як моҳ оташбас байни тарафҳо, Эрон, Амрико ва Исроил пешбинӣ шудааст. Кохи Сафед ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳанӯз ба ин гузориш вокуниш нишон надодаанд.

Ҷониби Эрон ҳам то кунун дар робита ба ин гузориши расонаҳо ба таври расмӣ вокуниш накардаанд.

Бӯҳрони навбатӣ дар Ховари Миёна рӯзи 28-уми феврал бо ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дар ин ҳамлаҳо раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раиси Шӯрои амнияти миллӣ Алии Лориҷонӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомии он кишвар кушта шуданд.

Эрон дар вокуниш ба Исроил ва кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ва низ Ироқу Урдун, ки мизбони пойгоҳҳои низомии Амрико мебошанд, ҳамлаҳо анҷом дод ва ин даргирӣ то кунун идома дорад.