Ҳудуди 250 000 нафар дар тазоҳуроти азиме дар шаҳри Мюнхени Олмон ҷамъ омаданд, то эътирози худро ба зидди мақомоти Эрон баён кунанд, ки ба саркӯби бераҳмона ва қатли ҳазорон тазоҳургар муттаҳам мешаванд.
Эрониёни муқими кишварҳои тамоми Аврупо дар суҳбат ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳадафашон намоиши ваҳдату ҳамбастагӣ дар посух ба саркӯбҳои хунини эътирозҳо дар дохили Эрон аст. Саркӯбҳое, ки маъмурони амниятӣ дар ҷараёни он ҳазорон нафарро куштанд. Отина, ки аз шаҳри Милани Итолиё ба тазоҳурот омадааст, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бисёр ғамангез аст, ки мо ва ҷавонони мо ҳар рӯз қурбонӣ медиҳанд. Рехтани хун бисёр дардовар аст. Вале бовар дорам, ки ба натиҷае хоҳем расид."
Расул аз Ҳолланд назари худро чунин баён кард: "Мо инҷо ҳастем, то садои мардуми Эрон бошем. Садои ин инқилоб бошем, садои мазлумияти мардуми Эрон, ки ин режими Ҷумҳурии Исломӣ мехост, хафааш кунад, сокит бикунад.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эътирози садҳо ҳазор нафар ба зидди режими Эрон дар Мюнхен
Ин эътироз бахше аз як маъракаи ҷаҳонист, ки бо даъвати Ризо Паҳлавӣ, писари шоҳи собиқи Эрон, баргузор мешавад. Падари ӯ дар Инқилоби исломии соли 1979 аз қудрат барканор шуд. Ризо Паҳлавӣ яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни мухолифони парокандаи эронӣ дар хориҷ ба шумор меравад. Ҳангоми вуруд ба маҳалли тазоҳурот ба пешвози гарми тазоҳургарон рӯбарӯ шуд.
Паёми ӯ ин аст, ки дар Эрон бояд тағйирот сурат гирад. Пештар аз ин Ризо Паҳлавӣ дар як нишасти хабарӣ аз Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико хост, ки дар Эрон даст ба иқдоми низомӣ бизанад.
Ӯ гуфт: "Мардуми Эрон шуниданд, ки шумо гуфтед, «кумак дар роҳ аст» ва ба шумо бовар доранд. Ба онҳо кумак кунед. Таърих номи шуморо на танҳо дар канори қаҳрамонони миллати Эрон, балки дар радифи бузургтарин қаҳрамонони ҷаҳон сабт хоҳад кард."
Ба гуфтаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар маҳалли тазоҳурот фазои хашму эътироз ҳукмфармо буд. Мардум аз сарнавишти азизони худ дар дохили Эрон нигаронанд, аммо айни замон умед доранд, ки ин бор хунҳои рехта, боиси тағйири режим дар кишварашон хоҳад шуд.