Ӯ дар мусоҳиба бо барномаи "Гузоришҳои Амрико" афзуд, ки музокирот бо Эрон дар охири ин ҳафта ҳамчунон қарор аст баргузор шавад.
Артиши Амрико рӯзи 3 феврал аз сарнагунии як паҳбоди эронӣ хабар дод, ки ба гуфтаи мақомҳои низомии ин кишвар, ба таври "таҳоҷумӣ" ба нов ё киштии ҳавопаймобари Abraham Lincoln наздик шуда буд.
Ба гуфтаи Фармондеҳии марказии артиши Амрико, ин нови ҳавопаймобар рӯзи сешанбе дар ҳоли убур аз Баҳри Араб ҳудуди 800-километрии дуртар аз соҳилҳои ҷанубии Эрон буд, ки як паҳбоди навъи Шоҳид-139 бо нияти номаълум ба тарафи он ҳаракат кард.
Капитан Тим Ҳавкинс, сухангӯи Фармондеҳии марказии артиши Амрико ба хабаргузории "Рейтерз" ва ҳамчунин Fox News гуфтааст, ки ин паҳбод бо вуҷуди иқдомоти коҳиши таниш аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ дар обҳои байналмилалӣ, ба парвози худ ба тарафи нов идома дод.
Бар асоси эъломи артиши Амрико, дар ниҳоят як ҷангандаи F-35, ки дар рӯи ин ҳавопаймобар қарор дошт, ин паҳбодро "дар чорчӯби дифоъ аз худ ва барои ҳифозат аз нов ва нерӯҳои ҳозир", сарнагун кард.
Мақомҳои амрикоӣ таъкид кардаанд, ки дар ин ҳодиса ҳеч як аз нерӯҳои ин кишвар осеб надидааст ва хисороте ҳам ба таҷҳизот ворид нашудааст.
Намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид аз посух ба пурсиши хабаргузории "Рейтерз" дар ин маврид худдорӣ кардааст.
"Рейтерз" ба нақл аз хабаргузории "Тасним" наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ навишт, иртибот бо як паҳбод дар обҳои байналмилалӣ қатъ шудааст, аммо сабаби он маълум нест.
Фармондеҳии марказии артиши Амрико ҳамчунин аз як ҳодисаи алоҳида дар ҳамон рӯз хабар додааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, чанд соат пас аз сарнагунии ин паҳбод, нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз монеи ҳаракати як киштии тиҷорӣ бо парчами Амрико шуданд.
Бар асоси гузориши Fox News, ду қоиқи Сипоҳ ба ҳамроҳи як паҳбоди эронӣ аз навъи "Муҳоҷир" бо суръати баланд ба ин туфангкаш наздик шуда, таҳдид карданд, ки биистад.
Фармондеҳии марказии артиши Амрико мегӯяд, новшикани McFaul, ки дар минтақа ҳузур дошт, билофосила ворид амал шуд ва бо пуштибонии ҳавоӣ, ин киштиро ҳамроҳӣ кард. Ба гуфтаи артиши Амрико, пас аз ин иқдом вазъият ба ҳолати оддӣ даромад ва киштии нафткаш ба масири худ идома дод.
Мақомоти Эрон то кунун дар бораи ин ҳодиса ибрози назар накардаанд.
Ин рӯйдодҳо дар ҳоле рух медиҳад, ки ҳамзамон талошҳои дипломатӣ барои тартиб додани гуфтугӯҳои ҳастаӣ миёни Эрон ва Амрико ҷараён дорад.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳушдор додааст, ки дар сурати нарасидан ба созиш, бо ҳузури новҳои ҷангии Амрико дар наздикии Эрон "эҳтимоли рух додани иттифоқи бад" вуҷуд дорад.
Раисҷумҳури Амрико чанд рӯз қабл эълон карда буд, ки киштии калони ҳавопаймобар дар ҳоли ҳаракат ба тарафи Эрон аст ва афзуд, ки ин нов дар сурати зарурат, омодаи анҷоми маъмурияти аст.
Гуфтугӯ