Модар мегӯяд, баъди ба артиш рафтани писараш дере нагузашта аз фарзанди дигараш хабардор шудааст, ки Исрофил дар бемористон аст.
Модар Шарифа Азимова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, баъди ин ба беморхона шитофтанд. Ӯ гуфт, вақте писарашро дар рӯи ҷогаҳи беморӣ дид, талош кард асли ҳодисаро аз ӯ бифаҳмад. “Кам-кам гап мезад. Гуфтам, «чӣ кор кардӣ?» Дам назад». Модар гуфт, ҳоли писараш хуб набуд.
Дар беморхона фармондеҳону афсарони артиш ва кормандони амниятро дид ва талош кард аз онҳо бифаҳмад, ки бо писараш чӣ шуд? «Мегӯянд, ки «ғалтидааст».
Бархе гуфтанд, гӯё аз ошёнаи чорум афтодааст, вале модар мегӯяд, ба ин бовар надорад.
“Агар ӯ аз ягон баландӣ меғалтид, ӯ ин хел мисли шиша намешикаст». Модар мегӯяд, бадани писараш осори латукӯби шадид дошт.
Ба қавли хонавода ӯ, дар қисми ҳарбии 0123-и неруҳои марзбонӣ хидмат мекардааст. Дар ин қисми ҳарбӣ гуфтанд, ба хотири халал нарасонидан ба рафти тафтишот, наметавонанд мавзуъро шарҳ диҳанд.
Исрофил якуним сол пеш хонадор шуд. Аз ӯ як духтари 6-моҳа ятим мондааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаро Исрофил баъди ду хафтаи хидмат ҷон дод?
Ҳамсараш гуфт, Исрофил ба ӯ аз бистари бемористон дар бораи латукӯби шадид ҳикоят кардааст. Рӯзигул Бобоназарова, ҳамсари марҳум Исрофил Азимзода гуфт:
“Дар ҳамон ҳолати вазнине, ки қарор дошт бо тавоноӣ, мардонавор гуфт, ки ҳамин чор нафарашон - ҳаминҳо фармон додаанду заданд, латукӯб карданд. Ғайр аз он чор нафари дигар, боз 17 нафари дигарро ҳам нишон дод. Баъд ба мо дигар иҷоза надоданд, ки дар пешаш биистем. Ба мо гуфтанд, аз беморхона ба хона биравед, кӯдак ҳам бисёр гиря кард. Хона омадем, намози шом буд, ки занг зада гуфтанд, ки ӯ гузаштааст. То ҳол бовариам намеояд”.
Падари Исрофил солҳо пеш фавтида ва худи ӯ мардикорӣ мекардааст. Ҳоло хонаводааш аз мақомот мехоҳанд нахуст омилони марги сарбоз муҷозот шаванд. Баъдан ба вазъи зиндагиашон, ки пас аз марги Исрофил сахтар шудааст, расидагӣ кунанд ва духтари ӯро зери сарпарастӣ гиранд.
Феълан маълум нест, ин хоҳиши онҳо то куҷо иҷро мешавад ва парвандаи марги сарбоз бо чӣ меанҷомад.
Марги сарбозон дар артиш ҳодисаи нав нест. Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфт, соли 2025 ҷиноятҳои ҳарбӣ 123 ададро ташкил медиҳанд, ки аз инҳо 66 адад ҷиноятҳои муносибатҳои ғайриоиномавӣ мебошанд.
Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта оид ба нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хидмати ҳарбӣ 35 муроҷиат сабт шуда, нисбати 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ ҷазои интизомӣ дода шудааст.