Қарори Тоҷикистон барои берун шудан аз Статут ё Асосномаи Руми Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ (ICC) вокунишҳои гуногунро дар ҷаҳон ба бор овардааст. Тоҷикистон, ки аз соли 2002 узви ин додгоҳ аст, ҳамагӣ чанд моҳ пеш ва баъди он ки барои боздошт накардани Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар қаламраваш танқид шунид, чунин тасмим гирифт.
Маҷмаи кишварҳои узви Асосномаи Рум тасмими Тоҷикистонро нигаронкунанда донист, аммо Русия аз он пуштибонӣ кард. Вазорати корҳои хориҷии Русия 24-уми ноябр дар баёнияе аз қарори Тоҷикистон ситоиш намуд.
Маҷмаи кишварҳои узви Асосномаи Рум баръакс аз Тоҷикистон хостааст, ба Оинномаи Рум пойбанд бимонад.
Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ соли 2023 президенти Русия Владимир Путинро ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолшудаи Украина муттаҳам карда, соли 2025 аз Тоҷикистон хоста буд, ӯро ҳангоми сафараш ба Душанбе дастгир кунад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ин дархостро иҷро карда наметавонад, чун Путин аз масуният бархурдор аст. Путин моҳи октябри соли 2025 ва моҳи ноябри соли 2026 дар Душанбе буд.
Қарори Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёди матбуоти байналмилалиро ҳам ба худ кашид ва давоми се-чор рӯзи гузашта дар ин замина даҳҳо матлаб нашр шуд. Вебсайти “Democrata” дар Испания ҳарфҳои таассуфангези раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кайа Калласро нашр кард.
Ӯ гуфтааст, "Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон қотеона даъват дорад, ки қарори худро бознигарӣ кунад ва созмонро тарк накунад”. Тоҷикистон, ба қавли Кая Каллас, дар давоми солҳои узвияташ пойбандии қавии худро ба тартибот ва адолати байналмилал хуб ба намоиш гузошт ва "ин ҳамон арзишҳои умумие ҳастанд, ки асоси равобити Иттиҳоди Аврупо ва Душанберо ташкил медиҳанд."
Инро ҳам бинед:
Вокуниши Аврупо ба меҳмонии Путин дар ДушанбеНашрияи фаронсавии "Le Monde" мегӯяд, "Тоҷикистон дар рӯзи боздиди Владимир Путин аз Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта дархости берун шудан аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноиро фиристод”. Путин рӯзҳои 19 ва 20-уми ноябри соли ҷорӣ бо сафари корӣ, вале ногаҳонӣ, дар Душанбе қарор дошт. Нашрия ёдовар шудааст, ки раисҷумҳури Русия ҳамроҳи омбудсмени кӯдак дар ин кишвар Мария Лвова-Белова аз соли 2023 ба ин сӯ барои “ихроҷи ғайриқонунии кӯдакони украинӣ ба Русия” таҳти пайгарди байналмилалиянд.
Сомонаи "Ал-Ҷазира" навиштааст, Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ шахсонеро мавриди пайгард қарор додааст, ки ба "наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва ҷиноятҳои ҷангӣ" муттаҳам ҳастанд. Ин расона аз дастури Додгоҳи Байналмилалӣ барои боздошти сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва вазири пешини дифои он кишвар Йоав Галлант дар соли 2024 ёд овардааст. Онҳоро ба ҷиноят алайҳи башарият дар Ғазза айбдор мекунанд, вале мақомоти Исроил "моҷароҷӯёна ва дурӯғ" номидаанд.
Сомонаи "Мавҷи Олмон" ёдовар шудааст, ки Тоҷикистон давлати чоруме мебошад, ки нияти берун шудан аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноиро эълон карда, дар як саф бо Чад, Наоеро ва Венесуэла қарор дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқ ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба додгоҳи ҷаҳонӣ кашидандПойгоҳи украинии "Суд" мегӯяд, бо ин ки Тоҷикистон расман дархости беруншавиро аз додгоҳ фиристод, як нуктаи муҳими ҳуқуқӣ боқӣ мемонад: "Аризаи беруншавӣ ҳанӯз ихроҷи билофосилаи кишварро аз ин додгоҳ дар назар намегирад. Бар асоси моддаи 127-и Оинномаи Рум, ихроҷи кишвар як сол баъд фаро мерасад. Ба ин тартиб, то 20-уми ноябри соли 2027 Тоҷикистон дар узвияти ICC боқӣ мемонад."
Дар як таҳлиле сомонаи узбекистонии "Замон" навиштааст, “қарори Тоҷикистонро намешавад ҷудо аз муносибатҳояш бо Русия баррасӣ кард. Русия шарики асосии Душанбе дар соҳаи иқтисод ва амният аст. Ба илова, муҳоҷирони зиёде аз Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. Ҳамкориҳои ҳарбию сиёсии ду давлат ҳам бар пояи робитаҳои қавӣ бунёд ёфтааст. Аз ин назар, ҳифзи робитаҳои наздик бо Маскав дорои аҳамияти стратегӣ барои Душанбе аст."
Дар айни замон, ин нашрияи узбекӣ суол гузоштааст, ки “то куҷо намунаи Тоҷикистон барои давлатҳои дигар мояи ибрат хоҳад шуд? Ва ё баръакс, дар масъалаи иҷрои қарорҳои Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ фишор ба давлатҳои узв меафзояд?”